Қонуни тиб

Пиронро бо равған, хусусан бо равғани зайтуни хуш ҳуқнарезӣ кардан судманд аст, чаро ки бар асари он изофа ба истифроғ андомҳои дарунӣ нарм хоҳанд шуд. Бояд аз ҳуқнаҳои гарм эшонро дур дошт, зеро ин рӯдаҳояшонро хушк созад. Агар табиаташон рӯзгоре чанд аз рафтан боз монад, ҳуқнаи равғании тар судмандтарини чизҳо барои эшон бувад. [Низ] барои пирон доруҳои [дигари] нармкунандаи табиат ва хоссе ҳастанд, ки мо онҳоро андар Қарободин ёд хоҳем кард. Бояд истифроғ андар думӯягону пирон ба қадри имкон бидуни раг задан ба кор бурда шавад, аз баҳри он ки исҳоли муътадил барои эшон созгортар аст.
Фасли севвум андар шароби пирон
Беҳтарин шароб барои пирон шароби куҳани сурхфом
аст, зеро ҳам пешоб оварад ва ҳам гармӣ физояд. Бояд аз
шароби нав ва сафед дурӣ ҷӯянд. Вале агар баъд аз ғизо
хӯрдан гармоба карда, ташна монда бошанд, бояд ба эшон
шароби сафеди тунуки камғизо бидиҳанд, чаро ки вай барои эшон ба ҷои об бувад. Пирон бояд аз шаробҳои ширини суддаовар дурӣ ҷӯянд. (179)
Фасли чаҳорум
андар кушодани суддаҳои пирон
Ҳар гоҳ пиронро суддаҳо падид оянд, ки камтарини онҳо суддаи аз ошомидани шароб ба амал оянда аст, боистӣ онҳоро бо [маъҷуни] пудинагӣ ва мурчӣ боз кунанд ва андар шароб мурч бипошанд. Агар ба истеъмоли сир ва пиёз хӯ дошта бошанд, онҳоро истеъмол бикунанд. Тарёк эшонро сахт суд дорад, хусусан ба ҳангоми падидоии суддаҳо. Низ асоносиё ва амрусиё муфиданд, вале бояд баъди он бо гармоба кардану равған молидан ва бо ғизоҳое, аз қабили оби гӯшти бо ҷави румӣ ва ҷав худро тарӣ биафзоянд.
Истеъмоли шароби ангубин [пиронро] муфид аст ва агар аз бози ҳис кардани судда андар андоме ва ё аз бози ҳис кардани истеъдоди он барои пазируфтани [судда] ба ин [шароб] чизи хоси он [андом], масалан, барои андомҳои пешоб тухм ва бехи карафс афканда, ошомида шавад, андар ин ҳол ин шароб аз падид омадани судда ва дарди пайвандгоҳҳо пешгирӣ хоҳад намуд. Агар судда аз санг бошад, он гоҳ [оби ангубин] бо чизи аз ин ҳам қавитар, масалан, [115] бо фатросолиюн ҷӯшонида хоҳад шуд. Агар суддаҳо андар шуш бошанд, он гоҳ мисли зуфо, пари сиёвушон, салиха ва монанди онро [ба кор баранд].
Фасли панҷум
андар молиши пирон
Бояд [молиш] аз ҷиҳати камият ва кайфият муътадил бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба андомҳои камқувват ва ба обгаҳ нарасад. Агар молиш якчанд бор бошад, бояд ҳар боре бо пораи дуруште ва ё бо дастҳои бараҳна молиш бидиҳанд, зеро ин кор эшонро суд дорад ва зиёни бемориҳои андомҳои эшонро пешгирӣ хоҳад кард.[ Гармоба эшонро бо молиш судманд аст].
Фасли шашум андар варзиши пирон
Варзиши пирон ба ҳасби гуногун будани ҳолатҳои тани эшон, ба ҳасби он иллатҳое, ки одат кардаанд ва ба ҳасби одатҳои варзишии эшон гуногун бувад. Агар баданҳои эшон ба ғояти эътидол бошанд, барои эшон варзиши муътадил созгор аст.
Сипас, агар ягон андоми эшон бар беҳтарини ҳолатҳо набувад, варзиши онро тобеъ ба варзишҳои дигар андомҳо бигардонанд. Масалан, агар сар ба гижа, саръ ва ё фуруд омадани моддаҳо ба сӯи гардан гирифтор бошад ва бисёр бувад, ки андар ин миён бухорҳо ба сӯи сар ва мағз бизананд, эшонро он варзишҳое, ки боиси хам кардан ва овезон доштани сар бигарданд, созгор нахоҳад буд, валекин ин гуна [одамонро] бояд бо варзиши пиёда гаштан, давидан, савора гаштан ва ҳама гуна варзише, ки нимаи фурӯсӯвини танро дарбар мегирад, машғул дошт. Агар газанд андар самти пой бошад, бояд варзишҳои бахши барсӯвинро аз қабили ба ҳам печидан, санг андохтан ва санг бардоштан ба кор бибаранд. Агар офат андар ноҳияи миён, масалан, [андар] испурч, меъда, ҷигар ва рӯдаҳо бошад, агар монеае боз надорад, варзишҳои ҳар ду тараф барои онҳо созгоранд. Агар газанд андар ноҳияи сина бувад, эшонро ба ҷуз аз варзиши поёнӣ ва агар газанд андар ноҳияи гурдаҳо ва обгаҳ бувад, онҳоро ба ҷуз варзиши болоӣ чизе созгор нахоҳад буд.
Эшонро барои тадриҷан варзиш додану бо қувват кардани ин андомҳо ҳеҷ роҳе нест.
Ин гуфта ба пирон дахл дорад, на ба дигар сину солҳо ва на низ ба солхӯрдагоне дахл дорад, ки ин [чизҳо] ба эшон беш аз пирон созгортар аст ва эшон бояд андомҳои камқуввати худро тадриҷан бо зиёд кардани навъи риёзате боқувват гардонанд, ки барои он андомҳо созгор ва хос аст.
Аммо андомҳои беморшуда бошанд, гоҳе онҳоро варзиш бидиҳанд ва гоҳе варзиш додан нагузоранд, яъне ҳамон вақте [нагузоранд], ки агар гарм ва ё хушк бошанд ва ё моддае андар онҳо бими гандидан дошта, ҳанӯз напухта бошад.
Таълими чаҳорум
АНДАР ТАДБИРИ ТАНИ КАСЕ, КИ МИЗОҶАШ НОХУБ АСТ
ва ин иборат аз панҷ фасл бошад
Фасли нахустин
андар дуруст кардани мизоҷе,
ки гармияш беш аз андоза бувад
Мо гӯем: бадмизоҷии гармро ё ҳар ду [кайфияти] феълпазир ба эътидол аст, ё тарӣ ва ё хушкӣ ғолиб бошад. Агар
ду феълпазир муътадил бошанд, бидонем, ки бисёрии гар
мӣ то ба андозае буда, вале ба ҳадди ифрот нест, вагарна
бояд боиси хушкӣ мегашт. Агар [бадмизоҷии] гарм бо хушкӣ бошад, пас, равост, ки ин мизоҷ муддати дарозе ба ҳоли хеш бимонад. Агар бо тарӣ бошад, андар ин ҳол ҷамъ
омадани ин ду (180) дер нахоҳад кашид ва гоҳе тарӣ бар
гармӣ ғолиб омада, онро хомӯш созад ва гоҳе гармӣ ғолиб омада, онро хушк хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё