Қонуни тиб

Низ ҳар зарфе, ки андар қиёс ба чизи баъдаш буда пеш истодааст, чунин бошад; дуввум ин ки [ғизои] бисёр андар меъда хуб гуворида нагардад; севвум ин ки [ғизои] бисёр боиси рафтани ғизои бисёр ба сӯи рагҳо бигардад ва рагҳо низ аз гуворидани он оҷиз оянд.
Фасли ҳафтдаҳум андар тадбири баданҳое, ки мизоҷҳояшон [114] хуб нестанд
Ин гуна баданҳо ё [баъд] халал ёфтаанд ва ё ҳангоми
офариниш [ба осеб] гирифтор шудаанд. Баданҳои баъд ха
лалдоршуда баданҳоеанд, ки мизоҷҳои сириштии онҳо хуб будаанд, вале бо гузашти замон ба сабаби тадбири хатои дуру дароз мизоҷҳои бад ба худ касб кардаанд ва ин [мизоҷҳо] андар онҳо устувор гардидаанд. [Баданҳои андар офариниш] гирифторомада баданҳоеанд, ки мизоҷҳои онҳо аз асл нохуб будаанд.
Халалҳои баданҳои ба халал дучоромадаро бо кайфият ва камияти он бишиносанд, то ки бо чизи муқобили он муолаҷа карда шаванд. Инро гоҳе аз роҳи донистани намуди зоҳирии тан муайян кунанд. Баданҳои андар офариниш гирифторомада он баданҳоеанд, ки табаҳ гардидани ҳоли онҳо ё аз сабаби мизоҷи аввалии онҳо ба амал омадааст ва ё аз ҳайати онҳо.
Таълими севвум
андар тадбири пирон,
ки аз шаш фасл иборат аст
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар тадбири пирон
Тадбири пирон – ин ба кор бурдани [василаҳои] тарифизоӣ якҷоя бо [василаҳои] гармифизоист, бад-ин гуна ки бардавом бихобанд ва бештар аз барноён андар бистар бимонанд; ғизоҳо, гармоба ва шаробҳо [бисёр ба кор баранд]; аз роҳи рӯдаҳо ва обгаҳ пайваста пешоб битозонанд ва балғами меъдаро берун ронанд; бояд ҳамеша табиат нарм доранд, эшонро молиши андар камияту кайфият муътадил ва бо равған, сипас пиёда гаштан ва ё агар пиёда гаштан натавонанд, савора гаштан муфиданд. Онҳое, ки нотавон бошанд, бояд такроран ва дубора молиш дода шаванд. Бояд вазифадор шуд, ки эшон бисёртар ва хусусан ба эътидол хушбӯӣ бизананд. Баъд аз хоб бояд равған бимоланд, чунки ин қувваи ҳайвониро ҳушёр кунад ва сипас савора ва пиёда рафтан ба кор бибаранд.
Фасли дуввум андар ғизо додани пирон
(178) Ғизои пирро бояд ба бахшҳои кам-кам ҷудо намуд ва онро ба ҳасби қувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод. Бояд соати се нони хуб сохташуда бо ангубин бихӯрад ва соати ҳафт пас аз гармоба чизе бихӯрад, ки шикамро нарм созад [ва] мо инҳоро баъд ёд хоҳем кард. Баъд аз он ба наздики шаб таоми хушғизо [бихӯранд]. Агар қавӣ бошад, ғизояш каме афзоиш дода шавад. Бояд аз хӯрдани ғизои ситабре, ки савдо ва ё балғам бизояд ва аз ҳар чизи гарми тези хушкифизо аз қабили комаҳо ва дегафзорҳо парҳез кунад, магар ба тариқи доругӣ истифода барад.
Агар коре бикунанд, ки шоистаи эшон набошад, яъне агар аз гурӯҳи якум мисли [ғизои] шӯр, бодинҷон, гӯшти андар офтоб хушккарда, гӯштҳои сайд, ё масалан моҳии сахтгӯшт, «харбузаи раққӣ» (тарбуз) ва хиёр бихӯранд ва ё хатои [навъи] дуввум карда, комаҳо, моҳиоба ва бун истеъмол кунанд, бо чизи зидди [онҳо] муолаҷа карда шаванд, балки агар пай бурда шавад, ки андар эшон фазлаҳост, бояд бо [доруҳои] латифиоваранда муолаҷа шаванд. Ҳар гоҳ ки [аз фазла] пок шаванд, чизҳои тарифизо бихӯранд ва гоҳе ҳамроҳи ғизо, ба тавре ки баъд баён хоҳем кард, баъзе аз
[доруҳои] латифиоваранда истеъмол намоянд.
Аммо аз шир касе аз пирон фоида бурдан битавонад, ки онро хушгувор дарёбад ва баъд аз хӯрдани он андар ноҳияи ҷигар ва ё шикам дамиш, хориш ва дард ҳис накунад, зеро шир ҳам ғизост ва ҳам таридиҳанда. Созгортарини он шири буз ва хар аст. Яке аз хосиятҳои шири хар он аст, ки бисёр ба панир табдил наёбад ва хусусан агар бо вай намак ва ангубин ҳамроҳ карда бошанд, зуд фурӯ равад. Бояд риоя намуд, ки андар чарогоҳ гиёҳи тундмаза, ё тез, ё туруш, ё бисёр шӯр набошад.
Аммо тараҳо ва меваҳое, ки пирон бояд бихӯранд, аз қабили чугундар, карафс ва андаке гандано бувад. Бояд онҳоро бо обкома ва равғани зайтун омехта ва хусусан пеш аз таом бихӯранд, то ки барои нарм гардонидани табиат ёрӣ расонад. Агар гоҳ-гоҳе сир ба кор баранд ва агар ин одати эшон бошад, эшонро судманд бувад. Занҷабили парварда ва низ аксари парвардаҳои гарм доруҳои созгоре барои эшонанд. Вале бояд ба андозае [истеъмол кунанд], ки гармӣ диҳад ва бигуворад, на ба андозае, ки танро хушк созад. Бояд ғизоҳои эшон тарифизоянда бошанд, зеро [тан] аз тариқи гуворишу гармшавӣ аз инҳо мутаассир гардад, вале то ба хушкшавӣ мутаассир нагардад.
Он меваҳое, ки барои нарм сохтани табиат ба кор баранд ва бо баданҳои эшон созгор аст, ҳангоми тобистон анҷир ва олу ва ҳангоми зимистон анҷири хушки андар оби ангубин ҷӯшонида бувад. Ҳамаи ин бояд пеш аз таом истеъмол шавад, то ки табиаташон нарм бигардад. Аммо печаки бо обу намак пухта ва бо обкомаву равғани зайтун хуш гардонида ва бехи баспоя агар андар шӯрбои мурғ ё андар шӯрбои чугундарӣ, ё андар шӯрбои каранб биафкананд, [нофеъ бошад]. Агар табиати эшон рӯз дар миён пайваста нарм бошад, пас, аз [истеъмоли доруи] шикаморанда ва лағжонанда бениёз бошанд. Агар табиати эшон як рӯз нарм ва ду рӯз баста бошад, андар ин гуна ҳол эшонро [истеъмоли] оби каранб, печак, мағзи хасакдона бо кашки ҷав, ё ба қадри як ҷавза, ё ду ҷавза ва ё аз ҳама беш се ҷавза аз сақизи хинҷак кифоят аст. Чаро ки сақизи хинҷак бидуни газанде бо хусусияти худ табиати эшонро нарм намуда, андомҳои даруниро бизудояд. Доруи аз мағзи хасакдона ва даҳ ҳисса анҷири хушк таркибёфта эшонро фоида дорад ва як ошомиданӣ аз он ба қадри як ҷавза бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё