Қонуни тиб

[Бояд] аз шаробҳо сикангубини ангубинӣ ё оби ангубин ва ё шароби сафеди тунук дода шавад. Шароби ба ин сифатҳо буда, аз вай боздошта намешавад, чаро ки он пазонанда ва пешобоваранда аст. Бояд нахуст аз [шароби] каме туруш оғоз намуда, сипас тадриҷан ба шароби сафеди рақиқ гузашта шавад. Агар ин тадбир фоида набахшад, пас, андар он ҷо хилте вуҷуд дорад. Бинобар ин, агар ғолиб бошад, бояд онро ба истифроғ берун созӣ ва агар хун бештар бошад ва ҳамроҳи [хилт] хун бошад, пас бояд раг бизанӣ. Агар ғайри [инҳо] бошад, бояд шикам оварӣ ва ё ба ҳасби хунро чӣ гуна дарёфтанат ҳар ду [тадбир] ба ҳам ҷамъ созӣ. Агар қувватро нотавон дарёбӣ, зинҳор ҳеҷ коре аз инҳоро накун.
Ҷинси хилтро аз рӯи пешоб, ё арақ ва ё аз рӯи ҳолати хобу бедорӣ муайян хоҳӣ кард. Агар бо вуҷуди тадбири нек андешиданат [бемор] хоб наравад, пас, ин далели бад хоҳад буд. Агар гумон кунӣ, ки хуни хуб андар рагҳо кам аст ва хилтҳои хом ғолиб, беморро осуда гузор, ғизо бидеҳ ва чизе биошомон, ки тунуккунанда бошад, вале он чизе, ки бисёр гармиоварандааст, ба вай наошомон, балки он чизе биошомон, ки мисли сикангубини унсулӣ буранда бошад. Агар туро ба он ҳоҷат биафтад, ки бояд чизҳои тунуккунандаро бештар қавӣ созӣ, андар таом ва ё андар оби ҷав, ки бемор ошомад, каме мурч биафкан. Агар аз барои норасидагии хилтҳо эҳтиёҷ ба [маъҷуни] зирагӣ ва ё мурчӣ пайдо кунӣ, ту онро метавонӣ ҳар тавре ки маъқул ёбӣ, пеш аз таом, баъди он ва пеш аз хоб бидиҳӣ. Миқдораш бояд ба андозаи як кафчаи хурд бошад. Ба [чунин беморон] додани [маъҷуни] пудинагӣ хуб нест, чаро ки он андар гармифизоӣ аз ҳад гузаронад.
Агар ба таҳқиқ бидонӣ, ки хилтҳои хом андар рагҳо нестанд, балки андар андомҳои аслианд, андар ин ҳол эшонро, алалхусус пагоҳиҳо, бо равғанҳои ковоккунанда молиш бидеҳ, аз ошомиданиҳои гармифизо чизе биошомон, ки гармияшон то ба пӯст бирасад, эшонро ба муддати дароз ором нигоҳ дор, сипас бо оби гармияш муътадил гармоба кардан фармой ва [маъҷуни] пудинагӣ беибо бидеҳ, вале бояд онро пеш аз таом ва пеш аз варзиш бидиҳӣ. Агар баъд аз таом ба [доруҳои] гузаронанда эҳтиёҷ ба миён ояд, бояд чун [маъҷуни] пудинагӣ қавию гузарандаро надиҳӣ, балки мисли [маъҷуни] зирагӣ ва мурчиро бидеҳ, лекин кадоме аз ин ду набошад, бояд андак бошад ва ё [гувориши] биҳигӣ бидеҳ.
Он миқдор [гувориши] биҳигие, ки ба ӯ медиҳӣ, равост аз миқдори он дуи [дигар], ки дода шавад, зиёд бошад, вале бояд тааммул намуд, ки ҳангоми инҳоро доданат тан гармии аразии бисёр надошта бошад.
Эшонро молидани равғани бобуна, шибит, марзангӯш ва ғайра ё ба танҳоӣ, ё якҷоя бо мум, ё бо ритонаҷ ва ё бо як бахш ритонаҷ ва дувоздаҳ бахш равғани зайтун, ки [онҳоро] қавӣ гардонда бошанд, суд дорад.
Агар бидонӣ, ки хилтҳо ҳам андаруни рагҳоанд ва ҳам андар беруни онҳо, ба муолаҷаи бештари ин ду бипардоз, вале андар айни ҳол камтари онҳоро низ сарфи назар накун.
Агар ҳар ду баробар бошанд, нахуст азми оне кун, ки бо [гувориши] мурчӣ гувориш биоварӣ. Агар хоҳӣ, ба андозаи анисун ба он фатросолиюн биафзой, то ки пешобоварияш сахттар бошад. Агар бихоҳӣ, бо он каме [маъҷуни] пудинагӣ омехта кун, вале баъди он ки ба миқдори як ошомиданӣ [гувориши] зирагӣ ва ё мурчиро бикоҳӣ. Андар ин кор ба тадриҷ рафта, ба ҷое бирасон, ки андар охир ҳангоме, ки чизи дар рагҳо буда гуворида, коҳиш меёбад, [маъҷуни] пудинагии холис боқӣ монад. Акнун туро чораи бахшеро дидан боқӣ монд, ки берун аз рагҳост ва [маъҷуни] пудинагӣ, чунонки медонӣ, барои ин муфид ва барои якумӣ зиёнвар аст.
Онҳоеро, ки ба ҳар ду ҳолат гирифторанд, аз [истеъмоли] ҳар чизи ба дарун ва ё ба берун сахт кашанда дур бояд дорӣ. Бинобар он, то даме ки нахуст ба латиф гардондан, бурондан ва пазондан иқдоме карда нашавад, ба қай ва шикам овардани эшон шитоб накунанд ва низ набояд эшонро варзиш дод.
Чун мондагӣ ором ёфт, ранг хуб шуд ва пешоб пухт, он гоҳ эшонро бисёр молиш ва андаке варзиш бидеҳ. Бисанҷ, агар оризае аз беморӣ дубора баргардад, [эшонро] ором гузор ва агар барнагардад, эшонро тадриҷан ба иҷрои одати ҳамешагияшон машғул дошта, то ба миқдоре (177) аз гармоба кардан, равған молидан, молиш ва варзише бирасанд, ки барояшон ҳамешагӣ буд. Андар охир қуввати равғанҳоро афзоиш бидеҳ.
Агар ягон касе аз эшонро мондагӣ бо эҳсоси реш баргардад, тадбиратро дубора аз сар бигир ва агар бе эҳсоси реш боз ояд, пас, онро бо [молиши] бозоранда чора бикун.
Агар далелҳо омехта бошанд ва мондагии қавии махсусе ҳис карда нашавад, беморро ором бигузор.
Сабаби мондагии тамаддудӣ андар ин ҷой пурие бувад, ки бе бад шудани хилт аст. Илоҷи он андар баданҳои бадмизоҷ раг задан ва ғизои латиф додан аст ва андар бадане, ки андар баёни он гуфтугӯ дорем, як худи латиф сохтану буронидан кифоятанд ва сипас бо он чизе тақвият дода шавад, ки зарур аст.
Илоҷи мондагии омосӣ чунин аст: бояд ба задани раги муносиби андоме, ки мондагӣ бештар андар он аст ва ё андоме, ки мондагӣ нахуст андар он падид омадааст, иқдом карда шавад. Агар миёни андомҳо [андар ин кор] тафовуте набошад, раги ҳафтандомро бояд зад.
Гоҳе чунин зарурат биафтад, ки бояд андар рӯзи дуввум, балки севвум раг бизанӣ. Пас, рӯзи нахуст ҳамин ки [мондагӣ] зуҳур кард, бе таъхир раг бизан, то [беморӣ] андар [тан] устувор нагардад. Андар рӯзи дуввум ва севвум шомгоҳӣ [низ] раг бизан. Агар [бемор] таб зоҳир накунад, бояд ғизои вай рӯзи якум оби ҷав ва ё ошоми содаи гандуми румӣ бошад ва агар таб зоҳир кунад, бояд танҳо оби ҷав бихӯрад. Рӯзи дуввум инро бо равғани сард ва ё муътадиле аз қабили равғани бодом бидиҳанд. Рӯзи севвум, масалан, коҳуво, кадуво, паниракво, турушаво ва моҳии сангобиро ба шакли сафедво бояд дод. Андар ин рӯзҳо ҳар қадар ки мумкин аст, аз ошомидани об боз доранд. Лекин агар андар рӯзи севвум сабри эшон ба ғоят бирасад ва таом хӯрдан натавонанд, эшонро оби ангубин ё шароби сафеди тунук ва ё омехта бидиҳанд.
Зинҳор баъди ин гуна истифроғҳо [ба бемор] якбора ғизое надиҳӣ, ки ҳоҷаташонро қонеъ кунонад, зеро ғизои ногуворида ба се рӯй ба сӯи рагҳо кашида шавад: якум ин ки агар ғизо кам шавад, меъда зихнагӣ кунад ва қувваи нигаҳдорандаи он бо қувваи кашандаи ҷигар низоъ кунанд. Агар [ғизо] бисёр бошад, меъда зихнагӣ накунад, балки бисёр бошад, ки бо қувваи ронандаи хеш ҷигарро андар кашидан ёрӣ расонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё