Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳоли [беморро] бо гармоба кардан бишинос. Агар гармоба ларза падид оварад, пас, кор аз ҳад гузашта бошад, хусусан агар [ба изофаи он] таб ҳам ба амал ояд. Андар ин ҳолат дигар набояд гармоба ба кор баранд, балки истифроғ оварда, мизоҷро дуруст намоянд. Агар аз гармоба кардан чунин чизе падид наояд, пас, он вайро муфид будааст, ба шарте ки обаш муътадил бошад. Агар андар рагҳои шахси мондашуда хилтҳои хом ҷой дошта бошанд, нахуст мондагиро бо он чи бояд, тадбир бикун, сипас ба тадбире машғул шав, ки хилтҳои хомро бипазонад ва латиф намуда, берун орад. Агар ба андозаи бисёр буванд, [беморро] маслиҳат деҳ, ки оромӣ гузинад ва тарки варзиш кунад, чаро ки оромӣ беҳтарин василаи гувориш аст. [Низ маслиҳат бидеҳ], ки тарки раг задан кунад, зеро он андар бештари ҳол хуни покро берун орад ва [хилти] хом боқӣ бимонад ва (175) низ набояд пеш аз пазиш исҳол оварда шавад, чаро ки он бефоида буда, азоб диҳад. Пешоб овардан бад нест. Вале [ба бемор] набояд чизе дода шавад, ки сахт гармкунанда бошад ва [хилти] хомро андар тан пароканда созад. [Агар чунин чизе дода шавад], бояд ба оҳистагӣ ва ба андозаи муътадил истеъмол карда шавад. Бояд андар ғизои вай мурч, кабар, занҷабил, сиркои кабар, сиркои сир, сиркои уштурғоз, ҷирмҳои худи инҳо ва ба андозаи муайян гуворишоти маъруф биафкананд.
Баъд аз пухтагӣ, падид омадани тагшин андар пешоб ва пухтагии қисми бештари он бояд шароб ба кор бурда шавад, то ки пухтагӣ ба анҷом бирасад. Баъд бояд пешоб ронда шавад. Шароб бояд латифи тунук бошад. Қайро набояд ба кор бурд.
Фасли понздаҳум андар ҳолатҳои дигар, ки аз паси варзиш падид оянд

Мо бояд нахуст андар баёни ин ҳолатҳо сухан ронем ва сипас ба баёни тадбири мондагие пардозем, ки аз пеши худ ба амал ояд.
Яке аз онҳо ковокшавист, ки танро ба амал ояд ва аксар вақт аз сабаби молиши андак ва гармоба падид ояд. Онро бо молиши андаки хушк, моил ба сахтӣ ва бо ба кор бурдани равғани гиранда муолаҷа кунанд.
Дигар, аз он ҷумла зичшавиест, ки аз сармо ё чизи гиранда, ё ба сабаби бисёрии фазлаҳо, ё ситабрӣ ва ё часпакии онҳо ба амал ояд, ки он боиси боздошт шудани [хилтҳо] андар масоми пӯст бигардад. Ё ин ки зичшавӣ на ба сабабҳои ёдшуда, балки ба сабаби варзише ба амал ояд, ки [хилтҳоро] аз умқ бикашад. Ё сабаби он мумкин аст андар ҷои серғубор истодан ва ё молиши қавии сахт кардан бошад.
Аммо он зичшавие, ки аз сармо ва чизи гиранда падид ояд, нишонааш он бошад, ки ранг биканад, гармшавию арақоварӣ суст гардад ва ҳангоми варзиш ранг ба сурхӣ боз ояд. Ин гуна шахсон бояд гармобаҳои гарм ба кор баранд ва бар тобаҳои ба эътидол гарми он ва бар фарши он бихобанд, то арақ оваранд ва бо равғанҳои латифи гарми таҳлилфизо равғанмолӣ кунанд.
Аммо касоне, ки аз сабаби варзиш ба [зичии пӯст] гирифтор шудаанд, нишонаи он адами он нишона бувад ва пӯст чиркин бошад. Илоҷи он, агар фазлаҳое ҷой дошта бошанд, афшондани [фазлаҳо] ва ба кор бурдани [тадбирҳое] аст аз

қабили гармоба ва равғанмолӣ, ки таҳлил оваранд.
Касоне, ки аз сабаби ғуборе ва ё қувваи молише гирифтори он шудаанд, эшон аз равған молидан бештар ба гармоба кардан эҳтиёҷ доранд, вале бояд пеш аз гармоба ва баъди он нарм молиш дода шаванд.
Гоҳе баъд аз варзиши ба ифрот ва кам молиш хӯрдан нотавонӣ ва ковокии [пӯст] ба амал ояд. [Низ] ин гоҳе аз ҷимоъи беандоза ва аз думодум гармоба кардан падид ояд.
Бояд [андар ин сурат] онро бо варзиши бозоранда ва бо молиши хушки моил ба сахтӣ ва ҳамроҳ бо равғани гиранда муолаҷа карда шавад. Бояд ғизоҳои тарифизои миқдоран кам, ба гармию сардӣ муътадил ва ё каме моил ба гармӣ бихӯранд. Агар нотавоние, ё бехобие, ё андӯҳе ва ё хушкие аз хашм падид оянд, низ бояд ҳамин чорабиниро бикунанд. Вале агар эшонро бадгувории ғизо (суъуистимро) рӯй диҳад, барояшон на варзиши бозоранда созгор аст ва на низ албатта ягон варзиши дигаре.
Гоҳе аз сабаби ба ифрот гармоба кардан, бештар ғизо ва шароб хӯрдан ва бисёр осуда будан кас андар андомҳои худ, хусусан андар забон, тарии зиёдатие ҳис кунад ва он ба дараҷае бирасад, ки ба корҳои андомҳо зиён хоҳад овард.
Агар ин [ҳолат] аз ягон сабаби гузаштае бошад, [илоҷи] он ба тибби ҷузъӣ ҳавола карда шавад ва агар ба сабаби яке аз корҳое бошад, ки мо онҳоро баршумурдем, яъне агар наздик ба мисли шароб [ошомидан] аз андоза берун, ё осуда зистан ва ё аз гармоба сахт тарӣ пазируфтан бошад, он гоҳ воҷиб аст, ки худро ба варзиши сахт ва молиши дурушти хушки беравған ва ё каме бо равғани гармиафзоянда машғул доранд.
Аммо хушкии ба ифроте, ки худованди он андар тани хеш ҳис кунад, ин аз ҷинси мондагии норасоист ва илоҷаш низ илоҷи он бувад.
Фасли шонздаҳум андар илоҷи мондагие, ки худ ба худ падид ояд

Аммо [мондагии] решӣ бошад, бояд ҳоли онро донист, ки оё хилти муҷиби он андаруни рагҳост ва ё андар беруни онҳо. Ба андаруни рагҳо будани он бӯи бади пешоб, ҳолатҳои ғизоҳои пеш хӯрда, ба таври одатӣ андар рагҳо бисёр ва ё кам таваллуд шудани фазлаҳо ва зуд аз фазлаҳо пок шудани рагҳо, ё аз барои рондани фазлаҳо ба муолаҷа ниёзманд будани онҳо ва чигунагии чизи ошомидаи [бемор] аз ҷиҳати (176) равшанӣ ва [113] тирагии он далолат кунанд. Агар ин далелҳо гувоҳӣ диҳанд, пас, вай андар рагҳо бошад ва агар гувоҳӣ надиҳанд, пас [хилти муҷиби ин мондагӣ] андар беруни [рагҳост].
Агар мондагӣ аз фазлаҳои беруна бошад ва даруни рагҳо пок бошад, варзиши бозоранда ва он тадбире вайро кифоят бошад, ки мо андар боби мондагии решии аз варзиш падидоянда ёд кардем. Агар аз қисми дигар падид омада бошад, онро на бо варзиш бартараф кунанд, балки туро воҷиб аст, ки [чунин беморро] ором гузорӣ, бихобонӣ, гурусна нигоҳ дорӣ ва ҳар бегоҳӣ онро равған бимолӣ ва агар мувофиқи шарти ёдкардаамон тоқати гармоба дошта бошад, бо оби муътадил оббозияш доронӣ. Ӯро бояд андак ғизое дода шавад, ки кимусаш хуб буда, аз ҷинси ошомҳо бошад ва он на часпак бошад ва на серғизо. Ин гуна [ғи зо] аз қабили ҷав, гандуми румӣ ва аз [гӯштҳои] латиф гӯшти парандаҳо бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ