Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мисоли ин доруҳо инҳост: ҷентиёно; тухми судоб; зарованди гирд; карафси кӯҳӣ; қантуриюн; ва гесугуна.
Сандарус дорои қувваи ниҳоят лоғарсозанда буда, зидди қувваи каҳрабост; локро низ андар ин бобат хосияти қавист; тухми карафс ҳамчунин бувад; зог лоғарсозандаи қавист, вале хатарнок; ва марзангӯш низ ҳамчунин аст.
Як доруи мураккаби қавӣ: як дирам зарованди гирд, ду сеяки як дирам қантуриюни борик ва аз ҷентиёнои румӣ, гесугуна, карафси кӯҳӣ ва намаки афъиҳо сеяк дирамӣ бигиранд ва ҳамаи ин як ошомиданӣ бувад.
Як доруи қавӣ: бехи хиёри даштӣ, бехи хитмӣ ва бехи говширро гирифта, аз маҷӯъи онҳо ба миқдори як дирам ба шакли хока истеъмол кунанд. Инчунин: аз тухми нонхоҳ, тухми судоб ва зира бахшҳои баробар, аз марзангӯши хушк ва бура чаҳоряки як бахшӣ ва аз лок як бахш бигиранд. Як ошомидании он ҳар рӯзе ба қадри як мисқол бувад.
Яке аз доруҳои латифсозанда сирко ва обкома хусусан ба ношито мебошад, вале касони асабашон нотавон ва занони андар заҳдон иллатдошта бояд аз сирко дурӣ ҷӯянд. Ба ношито ошомидани шароб низ гоҳе аз он ҷиҳат лоғарӣ оварад, ки [моддаҳоро] ҳал кунад ва рагҳоро аз бухор пур созад, вале миқдори ошомида бояд чандоне бисёр бошад, ки рагҳо дигар таоми аз паси [шароб] расидаро пазируфтан натавонанд.
Доруҳои нармсозандаи табиат низ ҳамчунин буда, ғизоро аз сӯи рагҳо бигардонанд ва агар онҳоро бисёр истеъмол кунанд, қувваи кашанда ланҷ бигардад ва рагҳо ба холӣ мондан аз хилтҳое одат кунанд, ки бо андак ҳаракате аз тариқи рӯдаҳо ба сӯи онҳо рӯй оваранд. Ҳар гоҳ доруҳои нармкунандаи табиат ва доруҳои латифсозандаю тозонанда ба якдигар ёварӣ кунанд, ба сӯи рагҳо чизи бисёре раҳсипор нахоҳад шуд.
Аз ҷумлаи доруҳои лоғаркунанда тарёк ва истеъмоли он, намаки афъиҳо, доруи куркум, [маъҷуни] каммунӣ, фалофилӣ, [гувориши] саҷазаниё, анақардиё, доруи лок, асоносиё, амрусиё ва итрифали хурд ба шумор бираванд.
Аммо тилоҳои чунин беморон бояд ё аз ҷинси чизҳои сардиоварандаю карахткунандаи қувваи кашанда буда, дорои қувваи заҳрӣ бошанд, чунонки шавкарон ва банг ҳамин гунаанд ва ё аз ҷинси он чизҳое бошанд, ки ба шиддат ҳалкунанда буванд, чунонки равғанҳо ва доруҳои олудании ба таври қавӣ ҳалкунанда ҳамин гуна буванд. Бояд (306) гармоба карданашон бар ношито ва гармоба ҳавоии арақовар бошад, на обии тарифизой. Агар гармоба обии ҳалкунанда бошад, набояд ба муддати дароз андар он бимонанд, зеро то кашидани ба ифроти бидуни таҳлил ба амал наояд. Сипас набояд баъди [гармоба] зуд ғизо бихӯранд, балки сабр кунанд, аз паси он бихобанд ва ё ҳаракату варзиш кунанд ва баъд аз он ором гирифта, ягон чизи сабуке бихӯранд. Ҳамчунин, бояд молиш додани эшон молиши муътадил, ҳалкунанда ва пайдарпай бошад.
Фасли шашум андар баёни лоғар гардонидани андомҳои ҷузъӣ аз қабили пистон, хоя, даст, пой ва монанди инҳо

Ба ҳангоми тадбири инҳо низ ба он ҳолатҳо ва шартҳое муроҷаат кунанд, ки андар боби лоғарсозии мутлақ

гуфта омаданд ва он тадбирҳои ёридиҳандаеро истифода баранд, ки ба ин [андомҳо] хосанд. Масалан, андар ин кор ором сохтани [андомҳо], сард намудани онҳо, бастани роҳҳои ғизо, ки ба сӯи онҳо бираванд, мудом бандинапеч кардани он роҳҳо аз бун ва кашидани ғизо ба сӯи муқобил ёварӣ кунанд.
Яке аз тилоҳое, ки хояҳо ва пистонҳоро аз бузург шудан боз дорад: гили қимулиё ва сафедаи арзизиро гирифта, бо афшураи банг ва равғани мӯрд биомезанд ва ҳамчун олуданӣ ба кор бибаранд. Ё пайваста ба ин [андомҳо] моддаеро бо сирко ва ё афшураи банг тило кунанд, ки аз ба ҳам совидани [ду] санги фасон ҳосил шуда бошад. Ҳар рӯз бисёр тило кардани замч низ ҳамин гуна бувад. Ё гили холис ва мозуи сабзро гирифта, ҳар дуро бисованд, ба муддати як рӯз бо ангубин тило кунанд ва сипас бо оби сард бишӯянд. Ин корро андар як моҳ се бор такрор кунанд. Тадбири хосси пистон бар вай бастани зираи совида ва бо сирко сиришта мебошад. Инро бар пистон зимод кунанд ва аз болои он то се рӯз пораи бо сирко таркарда бор кунанд. Сипас онро бикушоянд ва аз паси он пиёзи савсани сафед ниҳода, бибанданд ва то се рӯзи дигар накушоянд. Ин корро андар моҳ се бор такрор кунанд.
Акнун андар баёни иллатҳои нохун сухан ронем.
Фасли ҳафтум андар баёни нохунхора

Нохунхора омоси гарми хуроҷиест, ки андар бари нохун ориз бигардад. Вай душвор ва бисёр дарднок аст ва гоҳе реш гардида, ба хӯрда шудан бибарад. Бошад, ки аз решшудаи он рими тунуки бадбӯй ояд ва ин барои ангушт хатарнок бувад. Бисёр бошад, ки таб падид оварад.
Фасли ҳаштум андар илоҷ

Агар ба раг задану исҳол эҳтиёҷ бошад, чунин кунанд.
Аз латиф сохтани ғизо ва сардмизоҷ гардондани он чора нест. Муолаҷаи он бояд ба равиши муолаҷаи дигар омосҳо бошад, яъне ҳолатҳои оғоз, афзоиш, анҷом ва пастравӣ ҳамон тавре ки донистӣ, бояд ба назар гирифта шаванд.
Аммо доруҳои аз берун гузоштании хосси он чунин аст, ки андар марҳалаи ибтидо бояд онро андар сиркои гарм бизананд. Ҷолинус чунин тавсиф кардааст, ки ин аз барои нохунхора сахт судманд аст ва бешубҳа [сирко] андар оғоз хусусан бо сабӯс ва ё писти ҷав аз ҳама судбахштар бувад. Марҳами кофурии аз кофур сохташуда [низ аз ин ҷумла аст]. Агар афюнро бо луоби аспғули бо ёрии сирко ҳосилкарда маъҷун созанд, сахт суд дорад. Гоҳе зимод кардани мозуи кӯфтаи совида онро бигардонад. Чирки гӯш бо ҳузаз ҳамчунин аст ва бошад, ки онро аз рим кардан боз дорад. Ҳузаз низ судбахши хуб аст. Тутум, сӯҳонрезаи оҷ, ақоқиё ҳамчунин буда, кадоме аз инҳо набошад, онро бо сикангубин ҳамчун зимод ба кор баранд.
Мозуи бо ангубин сиришта низ ҳамин гуна бувад ва он яке аз чизҳоест, ки [нохунхораро] устувор гардидан нагузорад.
[Ангуштро] мудом андар оби сард бизананд ва дардро бо афюн таскин бидиҳанд, ки он таъсири шигифтоваре дорад. Луоби аспғул андар ин ҳангом судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ