Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё аз мозу, пӯсти анори туруш, туполи мис ва анҷири хушк бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин, ё рубби ангур ва ё гулоб маъҷун созанд ва бар [нохунхора] бибанданд. Агар туро бими ба амал омадани реш бошад, бад-он ягон равған ва на ягон тариеро нарасон. Бехи ширинбаён, кундури совида ё танҳо ва ё бо дигар чизҳо ва инчунин мӯрддонаи бо рубби ангур ҷӯшонида гоҳе [нохунхораро] бигардонанд.
Як доруи беҳкунандаи нохунхора: сабр, гулнор, кундур ва мозуро гирифта, бо ангубин ҷамъ созанд ва ба кор баранд.
Набояд пайваста ба истеъмоли доруҳои сардсозанда пардохт, зеро ҳар гоҳ ибтидои марҳалаи якум бигузарад, пӯст зич шавад, модда афсурда бигардад ва дард шиддат ёбад. Андар ин ҳангом ба он чи аз гармӣ ҳис карда мешавад ва агар чи мисли оташ тафсон бошад ҳам, эътибор мадеҳ, (307) балки ба ҳал кардану хушк сохтан бипардоз. Гоҳе мумкин аст андар равғани тафсон хастани [ангушт] ва бад-он сабр кардан судбахш ояд. Андар [марҳалаи] миёнгин кундури совида, ё зангори оҳан ва сиёҳдонаро ҳам ба шакли совида, низ луобҳои нармкунанда ва пиҳҳо ва ҳамчунин қурсҳои Андарун ва Мусосро биниҳанд. Чирки гӯш аз барои он пеш аз рим кардан хуб аст.
Ҳар гоҳ [нохунхора] ба пухтан оғоз кунад, бар вай тухми субинак ва аспғулро бо шир бинеҳ. Ба наздики марҳалаи анҷомёбӣ ва [рим] ҷамъ шудан бояд намакро сӯхта, бо равғани зайтун бисириштанд ва бар вай биниҳанд.
Ин дарди ӯро таскин бидиҳад. Ҳар гоҳ рим кардан ба анҷом бирасад, бояд ба таври латифи хурд нештар бизад, то чизи андар он буда берун ояд ва бояд ба ҳангоми берун овардани чизи андар вай буда бо доруҳои қабзкунандае чун наск, гулнор ва гул, ё писти меваи дарахти кунор, писти себ ва писти дӯлона зимод ниҳод. Баъд аз он орди боқилии мисриро бо ангубин [ба кор баранд].
Агар [нохунхора] реш шавад, сабр яке аз беҳтарин доруҳои ӯст. Кундур бо зирних, марҳами зангор омехта бо марҳами сафеда ва анзарут низ ҳамчунинанд. Болои [инҳоро] бо пораи шаробоғушта бипӯшонанд. Андар ин ҳангом бояд аз ҳама сӯ гӯштро аз нохун ҷудо кард ва он чиро аз нохун, ки ба гӯшт бихалад, бибурид.
Як марҳами хуб, ки Фулус ёд кардааст: аз зоги сӯхта ва кундур як бахшӣ ва аз зангор ним бахш гирифта, бо ангубин бисованд ва ба кор баранд.
Низ, як марҳами дигар ба ҳамин сифат: пӯсти анори туруш, мозу, [155] туполи мис ва зангорро гирифта, бо ангубин биомезанд, [бар нохунхора] андуда, бибанданд ва бад-он ҷой на об ва на равған ҳеҷ нарасонанд.
Як марҳами хуб: аз зоги сӯхта ва кундур як бахшӣ ва аз зангор ним бахш гирифта, бо ангубин ҷамъ созанд ва бар маҳалли [беморӣ] биниҳанд.
Гоҳе ба ҳангоми бими хӯрда шудан ба истеъмоли фалдафиюне эҳтиёҷ биафтад, ки аз зирних, зог, зангор ва оҳак сохта бошанд, зеро он [нохунхораро] бихушконад ва аз он беҳтар чизе нест. Ҳар гоҳ аз нохунхораи решшуда рим ояд. онро доғ бинеҳ ва ё бибур, то зиёни он андар тамоми ангушт паҳн нагардад. Ба гумонам, мо як бор пеш аз ин ҳам андар бобати нохунхора сухан ронда будем.

Фасли нуҳум андар баёни «гӯшҳои муш»
ва тарақидан,қишр партофтан ва гаргин шудани нохунҳо

Ин гуна аразҳо гоҳе ба сабаби хушкӣ ва мизоҷи савдовӣ падид оянд. Он чиро аз тарақидани нохунҳо, ки ба бахшҳои тез ҷудо шуда, ба гӯшт даровезанд ва онро халида, озор диҳанд, «гӯшҳои муш» хонанд. Ба ҳангоми муолаҷаи он бояд танро аз тариқи истифроғ намудани хилтҳои савдовӣ,–агар онҳо ғолиб бошанд,–ногузир поксозӣ намуд.
Доруҳои аз берун гузоштании он инҳост: онро бо сиреш, намаки ошӣ ва дурди хамр тило кунанд; ё мушпиёзи бирёнро хусусан бо равғани кунҷид ва ё тухми катон зимод кунанд; сипандонро ба шакли зимод бо ангубин бар вай бибанданд; сипандон ва намак ба шакли кӯфта аз барои ин ғараз суд дорад ва шикастапораҳоро барканад; ё сиреш ва сирко тило кунанд; ва ё сиреш, намак ва дурди хамрро тило кунанд. Ҳамаи инҳо аз барои гар ва қишрпартоӣ судбахшанд. Мастакои гудохта бо намаки нимкӯфта низ ҳамчунин бувад. [Пиҳи гудохтаи гӯсфанд аз гари нохунҳо суд дорад].291 Фасли даҳум андар баёни ташаннуҷ, каҷ шудан ва ҷузом шудан, ки нохунҳоро ориз бигарданд

Ин иллат низ нохунҳоро аксар вақт аз сабаби савдо ориз бигардад ва онҳоро бозгуна созад, ташаннуҷ оварад, каҷ кунад ва ба ҷузом гирифтор намояд. Аксар вақт сабаби он яке аз омилҳои канандаи нохун бувад, ки ӯро рӯй дода бошад. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки он ба намуди хушрӯй барояд ва аз барои ин беэҳтиётӣ намуда, ба он бисёр бирасанд ва дардмандаш кунанд, андар ин ҳол ҳар чи барояд, бар ҳайъати бад барояд ва бад-ин ҳол афзудан бигирад, зеро ҳар чи аз ғизо ба сӯи он ояд, на андар он нуфуз кардан битавонад ва на бар ду ваҷҳи табиӣ ба таҳлил биравад. Бинобар он [ғизо] андар буни нохун чандоне рӯи ҳам шавад, ки ба сабаби он маҳалли кашидагӣ чун буни [нохун] бигардад.
Бисёр бошад, ки нохунҳои хамида ва сарбаргаштаро бо пиҳ ҳафт рӯз дармон кунанд, сипас бо обгина бисованд ва дармонро дубора аз сар бигиранд, то нохун рост гардад. Бисёр бошад, ки ба сабаби афтидан нохун канда шавад ва аз ин дарди сахт ва таб ба амал оянд.
Фасли ёздаҳум андар илоҷ

Агар сабаби он савдо бошад ва агар он андар тамоми тан ҷой дошта, ҳамаи нохунҳо чунин шуда бошанд, андар ин ҳол аз истифроғ намудани савдо чора нест. Ба ислоҳ овардани ғизо яке аз созгортарини тадбирҳо аз барои ин ғараз аст. Ҳар кӣ равғани кунҷид биошомад (308) ва ҳамеша чунин кунад, нохунҳояш рост шаванд.
Вале агар савдо хосси як нохун бошад, бояд онро бо муолаҷҳои маҳаллӣ дармон кард. Бархе аз илоҷҳои маҳаллӣ андар ин бобат онест, ки нохунро нарм кунад ва онро аз барои қишр баровардану рост шудан омода созад. Мисоли он ба кор бурдани оҳак ва зирних буда, ин тадбир нохунро ба ҷое бирасонад, ки чи миқдор онро бо корд тарошидан бихоҳӣ, битавонӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ