Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба бархе аз андомҳо, масалан, ба лаб, бинӣ ва гӯш баъзе корҳои бо оҳан анҷомёбанда хос аст, ки оид ба он андар дигар боб гуфта омад. Гуфтаанд, ки агар лабу бинӣ кӯтоҳ бошанд, бояд аз миёнҷо бишикофанд, пӯстро аз ду сӯ бикананд ва гӯшти андар миён сахтшударо бибуранд. Он гоҳ онҳо дароз шаванд ва кӯтоҳияшон биравад.
Фасли чаҳорум андар баёни зиёнҳои фарбеҳии ба ифрот

Фарбеҳии ба ифрот бандест бар тан, ки онро аз ҳаракат кардан, бархостан ва машғул шудан боз дорад ва рагҳоро фишурда, чандоне танг созад, ки роҳи гардиши рӯҳ баста шуда ва бисёр бошад, ки [рӯҳ аз он] хомӯш бигардад. Ҳамчунин ба чунин касон насими ҳаво нарасад ва бад-ин сабаб мизоҷи рӯҳашон табаҳ бигардад ва хатари онро доранд, ки андар эшон низ хун ба сӯи тангноҳо бизанад ва бошад, ки раг ногаҳон ва ба таври ҳалокатоваранда бикафад. Андар ин гуна ҳолат ва ҳолати пеш аз ин ёдшуда чунин касонро тангии нафас ва хафақон ориз бигарданд ва ин ҳолати эшонро бояд бо раг задан пешгирӣ кард. Умуман, чунин одамон ба марги ногаҳонӣ рӯбарӯянд ва умуман касони ба ғоят фарбеҳ ва хусусан онҳоеро, ки андар аввали умр фарбеҳ шудаанд, марг зуд фаро расад, зеро рагҳои эшон борики пахшшудаанд. Чунин касон ҳамеша бо сакта, фалаҷ, хафақон, ба иллати рутубатнокӣ ва баднафасӣ бо дарунравӣ, беҳушшавӣ ва табҳои бад рӯбарӯ шаванд ва ба сабаби тангии гузаргоҳҳои рӯҳ, сахт сард будани мизоҷ, камии хун ва бисёрии балғам бар гуруснагӣ ва бар ташнагӣ тоб овардан натавонанд.
Одаме ёфт намешавад, ки ба ғоят фарбеҳ бошаду мизоҷаш сард набошад ва бад-ин сабаб аст, ки ин гуна одамон бор наоваранд ва безурёту камманӣ бошанд. Занони фарбеҳ низ бор нагиранд ва агар бор бигиранд, биандозанд ва шаҳваташон низ нотавон бувад.
Ҳамаи ин гуна одамонро ҳар гоҳ бо доруҳо муолаҷа кунанд, қариб аст, ки он доруҳо андар рагҳои эшон нагузаранд ва то андомҳои дардманд рафта расида натавонанд. Эшон ҳар гоҳ бемор шаванд, зуд ҳис накунанд, зеро ҳиссашон нотавон бувад. Раг задани эшон душвор ва исҳол оварданашон бимнок аст, зеро бошад, ки хилтҳояшон ба ҷунбиш оянд ва ба иллати фишурдагии рагҳо дубора ба сӯи онҳо гузаштан натавонанд ва гоҳе ин [беморро] ба ҳалокат бирасонад. Агар коре бикунанд, аз он беҳол шаванд, аз баҳри он ки ба иллати тангии ҷойгоҳ гармии модарзодии эшон заиф бувад. Чунонки пеш аз ин ёд кардем, аз ҳама беҳтар фарбеҳии муътадил аст, хосса ба ҳангоми барноӣ. Фарбеҳӣ агарчи ранҷовар ва заифсозандаи ҳаракат аст, вале ба сабаби он ки далели рутубат бо хеш дорад, аз дарозии умр башорат диҳад.
Фасли панҷум андар баёни лоғарсозӣ

Тадбири лоғарсозӣ акси тадбири фарбеҳсозӣ ва аз он
иборат аст, ки ғизоро бикоҳанд, аз паси ғизо гармоба ва
варзиши сахт ба кор баранд ва изофа ба ин ба таъхир ва
аз ҷинси чизҳое ғизо бигиранд, ки ғизобахш набошанд
ва ё аз ҷинси чизҳое ғизо созанд, ки ғизои хушк, ё тез ва ё

шӯр бахшанд. Мисоли инҳо наск, обкомаҳо ва чизҳои андар сирко хобонда мебошад. Бояд нони эшон нони хушкор ва нони ҷавин бошад ва бояд андар таомҳои эшон гармдоруҳо бисёр биафкананд. Яке аз тадбирҳои аз барои коҳиш додани ғизои эшон ёваридиҳанда ин аст, ки ғизоҳои ёдшударо ҳамроҳи чизҳои тавсифёфта бисёр серравған кунанд, то ҳамон тавре ки эшонро хос аст, зуд сер шаванд, зеро иштиҳои эшон нотавон аст. Бояд як бор таом бихӯранд.
Агар модда ҷамъ шуда бошад, бояд бо ҳал сохтани он [ба кори лоғарсозӣ] кумак расонд ва низ бад-ин гуна ба он ёварӣ кунанд, ки тани чунин касон аз тариқи ба кор бурдани варзишҳои сахт ва ҷомаҳову ҷойхобҳои дурушт ва гузаштан аз истеъмоли оби сард ба оби гарм ва аз ҳавои сард ба ҳавои гарм сахт ковок карда шавад. (305) [Инчунин], пайваста андар сармо танро кушода бидоранд, то масомҳо афсурда ва баста бигарданд ва тан низ ба иллати фарошо афсурда шуда, ғизо напазирад ва ҳалшавии муътадиле боз дошта шавад, ки муқаддимаи кашидашавии ғизои аз пасаш буда мебошад. Агар ин ҳол ба тобистон бувад, андар баробари гармӣ танро кушода доранд, то кори ҳалшавӣ афзоиш ёфта, миқдори ҳал шудан беш аз миқдори кашида шудан ба сӯи андом бошад.
Истифроғҳо ва қай [низ ёваранд], вале ба шарте ки ғайри муътадил ба амал оварда шаванд, зеро агар пеш аз таом ва баъди он ба иътидол қай оваранд, фарбеҳ кунад, лекин бисёри он лоғарӣ оварад. Мизоҷро ба хилофи мизоҷи фоили фарбеҳӣ бигардонанд. Агар он сард бошад, гармифизоӣ кунанд ва агар гарми муътадил бошад, ба сӯи сардӣ ва ё гармии ба ифрот моил кунанд. Барои аксари касоне, ки ба ифрот фарбеҳанд ва чунин фарбеҳӣ аз сардӣ падид омадааст, андар бештари ҳолатҳо судмандтарини чизҳо ба кор бурдани доруҳои латифсозанда мебошад ва ин аз барои гарммизоҷон низ судманд бувад.
Бояд бар эшон аз тариқи варзишҳои сахт ва истифроғҳо гаронӣ овард, зеро инҳо андар хилтҳо се гуна таъсир кунанд, ки ҳар як аз он ёвари лоғар шудан аст: [якум] ин ки хилтро тунук кунанд, онро аз баста шудан дур бидоранд ва ба ҳалшавӣ дучораш созанд; дигар ин ки хилтҳоро тозонда, ба ҷиҳати ғайри ҷиҳати рагҳо равона кунанд; ва [севвум] ин ки ба хун кайфияти тезӣ бахшанд ва ин барои қувваи кашанда нохуш бувад.
Доруҳои латифсозанда андар бештари ҳолатҳо ин он доруҳоеанд, ки ба ҳангоми [154] дардҳои бандгоҳҳо ба кор бурда шаванд ва аз барои пешоб тозондан сахт қавӣ ва ғайри муътадил бошанд, зеро [доруҳои] муътадил чун бо [ғизо] биомезанд, онро ба сӯи рагҳо бибаранд, на моддаҳоро аз сӯи рагҳо гардонида, ба сӯи рагҳои маканда ва ё ба ноҳияи пешоб равона кардан битавонанд, вале агар онҳоро [ба бемор] ҳангоме ошомонида бошанд, ки гувориши дуввум воқеъ шуда бошад, [чунин ҳол рӯй нахоҳад дод], балки онҳо ба ҷигар ворид шуда, андар он ҷой ба кор оғоз кунанд. Баръакс, [бояд] доруи қавиеро [ба кор бурд], ки то охир хилтҳоро ҷудо карда, ба сӯи ғайри рагҳо бикашад, ки бад-ин сабаб рагҳо гурусна шаванд ва [инчунин] дигар корҳо кунад. Ин гуна доруҳо низ андар занон ба таври қавӣ хуни ҳайзро битозонанд ва барои лоғар шудан ёварӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ