Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар пеш аз ин як қадаҳ набизи тунуки соф ошомида, гармоба кунад ва сипас аз гармоба баромада, ғизои шомгоҳӣ бихӯрад, беҳтар хоҳад буд.
[Як доруи] дигар: нахӯдро гирифта, як шабу як рӯз андар шири гов тар кунанд ва агар ширро нав карда, беш аз ин миқдор бипарваранд, низ равост. Сипас аз гуринҷи шустаи сафед, аз тухми кӯфтаи хашхош ва аз гандуму ҷаве, ки ҳар дуро далида карда бошанд, сиҳ дирамӣ, аз нони сафеди хушконида ва шакари сафед [низ] сиҳ дирамӣ ва аз бодоми сафедкарда панҷоҳ дирам гирифта, ҳамаро якҷоя кунанд ва ҳар рӯзе аз он ба қадри сиҳ дирам гирифта, бо шири навдӯшида, ё бо равғани [наботӣ] ва ё равғани гов биҷӯшонанд ва биошоманд. Баъди ин ба гармоба кардан пардохта, андар обзан ба андозае нишинанд, ки (303) [хӯрдагӣ] ҳал шавад.
Ё як ратл шири навдӯшида ва як ратл обро гирифта, то хушк шудани об нарм-нарм биҷӯшонанд, сипас бар вай як уқия пониз, як уқия равғани гов ва равғани кунҷид афканда, биҷӯшонанд ва дам кашанд.
Ё аз орди нахӯд, боқилӣ, ҷав ва гуринҷ бахшҳои баробар, аз наски сафедкарда, хашхоши сафед ва моши сафедкарда ним бахшӣ, аз гандуми далида ва кунҷиди сафедкарда ним бахшӣ ва аз шакар ду бахш гирифта, бо шири гӯспанд ошом созанд ва пагоҳиҳо дам кашанд.
Ё бангро гирифта, андар об хуб биҷӯшонанд ва обашро бисёр ба диққат полида, сипас андар соя хушк кунанд.
Баъд онро андар миёни хамир ниҳода, андар танӯри ғиштин бибанданд. Ҳар гоҳ хамир мисли хурмои нимрас сурх шавад, берунаш оранд ва бисованд. Баъд ду мисқол аз онро андар як ратл сабӯсаи аз кунҷид ва хашхош сохта биафкананд ва пагоҳу бегоҳ се каф аз он бихӯранд.
Як доруи шигифтовар: бангро гирифта, баъд аз як шабу як рӯз андар об тар кардан бишӯянд, хушк кунанд, бо равғани гов ба қадри равғаннок шудан бисириштанд ва ба андозаи совида шудан бирёнаш кунанд. Сипас бар вай чаҳор баробар бодоми муқашшар, як чанди он гавз ва ҳамин қадар шакар биафкананд ва ба ҳангоми хуфтан панҷ дирам аз онро бихӯранд.
Ин гуна [одамонро] кокана, ангури сагак, коҳу, тут ва гӯшти кабк фарбеҳ кунанд. Касони ба ғоят [153] лоғар ба илоҷҳои тарифизояндае ниёзманданд, ки мо онҳоро андар боби диққ ва боби хушкии меъда ёд кардем. Бадон ҷой бояд муроҷаат кард. Инчунин, ин гуна касон бояд ҳар чаҳор ва ё се рӯз як бор ба тариқаи маълум зифтмолӣ кунанд.
Аз ҷумла доруҳое, ки барои сардмизоҷон хос аст. Як доруи кафакӣ (қамиҳа) аз барои эшон: аз ҳар кадоми харбақи сафед, ҳар ду намуди тударӣ290 ва тухми хашхоши сафед ду дирамӣ, аз бура ва чилғӯза се [дирамӣ], аз канабдона чаҳор [дирам], аз суринҷон, тухми банг, оқирқарҳо, хуланҷон ва баҳмани сафед як дирамӣ, аз касило панҷ дирам ва аз гандуми сафед як маккук бигиранд.
Гандумро андар шир то дам кардан тар кунанд ва сипас андар офтоб бихушконанд, бирён кунанд ва совида, пист созанд. Баъд, ҳамаро якҷоя кунанд ва бар онҳо даҳ кафлез равғани гов биафзоянд. Аз ин [маҷмӯъ] ҳар пагоҳӣ даҳ [дирам] ва бегоҳӣ [низ] даҳ дирам биошоманд

ва аз болояш шир бихӯранд.
Як доруи дигари маъруф: аз сипандони сафед, орди нахӯд, орди боқилӣ ва нонхоҳ як бахшӣ, аз касило ду бахш ва аз зираи кирмонӣ ва мурч ним бахшӣ гирифта, бисованд, бисириштанд ва андар танӯр баста, хушк кунанд ва бо ҳамин миқдор аз нони сафеди хушконида биомезанд. Ҳар рӯз аз он бо шир ошом созанд ва ё андар оби шӯрбои мурғчӯҷаи фарбеҳ афканда, пеш аз таом хӯрдан дам кашанд.
Як шароб аз барои эшон: аз касило панҷ дирам гирифта, бар ду ратл аз шароби хуше, ки ҳеҷ турушӣ надошта бошад, биафкананд ва аз он бомдод, шомгоҳӣ ва хуфтан се қадаҳ, яъне ҳар боре як қадаҳӣ биошоманд.
Агар аз паси он пист бихӯранд, судбахш бошад. Луъбати барбарӣ бо пист аз барои чунин [касон] сахт судманд аст, зеро он тобу тарӣ бахшад, лекин сахт гарм бувад.
Аз ҷумла [тадбирҳои] худовандони хушкмизоҷӣ:
эшонро бо илоҷҳои хеш, ки аз тарифизояндаҳои маълум иборатанд ва инчунин бо тадбири касони гирифтори диққ муолаҷа кунанд. Сипас барои касе, ки хушкияшро гармӣ ба амал овардааст, тадбири касони гарммизоҷ ба кор баранд ва барои касе, ки хушкияш бо сардӣ ҳамроҳ аст, тадбири худовандони диққи пиронаро биандешанд.
Аммо оид ба ҳуқнаҳо бояд гуфт, ки ҳар ҳуқнае, ки фарбеҳкунандаи гурда аст, [суд дорад]. Мисоли ин шири меш ва монанди он аст, ки хусусан андар онҳо як миқдор борзад ҳал карда бошанд. Бархе аз ҳуқнаҳо мураккаб буда, мо онҳоро андар боби боҳ ёд кардем ва аз онҳо якеашонро андар ин ҷой ёд кунем: сари як меши фарбеҳро гирифта, покиза кунанд, сипас хуб бикӯбанд ва бо он ним ратл дунба ва ду ратл шир биафзоянд. Аз ҳар кадоми гандум, гуринҷ ва нахӯди кӯфта чаҳоряк ратлӣ гирифта, нахуст ҳамаи онҳоро ҷамъ сохта, андар об пухта, нарм кунанд, биполанд ва сипас ҳам онҳо ва ҳам обашонро бар моддаҳои дигар рехта, ҳамаро барои дубора пухтан андар танӯр биниҳанд, то ин ки сар низ нек нарм шавад. Баъд ҳамаи онро биполанд ва аз оби шӯрбои он се уқия, аз пиҳ ду уқия, аз кӯфтаи бодом ва гавз як уқиягӣ гирифта, ба тариқи ҳуқна бирезанд ва бо ҳамин ҳол [беморро] бихобонанд. (304) Фасли севвум андар фарбеҳ сохтани ҳар як андом, масалан, даст, ё пой, ё лаб, ё бинӣ, ё пӯсти сари нара ва нара

Ин корро ба воситаи чизҳои хосси он андом тавон кард ва ин на аз тариқи хӯрданиву ошомиданӣ, ки ҳар ду аз барои тан умумиянд, балки аз тариқи кашидани ғизо ба сӯи он андом, банд сохтани ғизо андар он ҷой ва ба табиати [андом] табдил додани ғизо муяссар бигардад. Чунин корро, чунонки донистӣ, бад-ин гуна ба амал оваранд, ки бо пораи дурушт ва бо доруҳои сурхсозанда ба дараҷаи сурх шудан молиш диҳанд, сипас молиши аз ин ҳам қавитарро ба кор бурда, [бар андом] оби нимгарм бирезанд ва баъд аз он бо зифт тило кунанд. Бархеҳо девчаи баррӣ, яъне кирмҳои сурхеро, ки мисли зифт таъсир доранд, барниҳанд. Чӣ гуна ба кор бурдани зифтро андар бобҳои гузашта донистӣ.
Андар ин кор метавонӣ аз [чунин тадбир] ёрӣ бигирӣ, ки моддаро аз тариқи бастани роҳи он аз сӯи дигар ва ё аз маҳалли тақсимшавӣ ба сӯи дигар ба сӯи ин [андом] бигардонӣ ва ҳамаи инро пеш аз ин донистӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ