Қонуни тиб

Яке аз чизҳое, ки пеши онро бигирад ва онро нест кунад, ин аст, ки нахуст гармоба сохта, танро покиза кунанд ва сипас оби сардро ба кор бурда, андар он шустушӯ кунанд. Чунин касонро андар гармоба баъд аз арақ овардан бо дилаи харбуза ва орди наск ва сипас бо шоҳтара молиш додан созгор аст. Дилаи харбуза бо наск ва орди боқилӣ низ ҳамчунин аст. Сандал [хушкрандаро] боз дорад ва ба изофаи он хориш ба амал оварад, вале агар бо кофур бошад, чунин кор накунад. Ҳино низ, агар рангаш кароҳияте надошта бошад, [хушкрандаро] суд дорад. Хӯрдани чизҳое шабеҳи оби анор, туруша, наск, олу ва хурмои ҳиндӣ ва ба кор бурдани чизҳои монеи арақ, мисли ҷӯшонидаи мӯрд ва гул ва ё оби кашниз низ ҳамчунин буванд. Гуфтаанд, ки аз барои хушкранда оби андар офтоб гарм карда судбахш аст. Гоҳе ҳамаи обҳое, ки андар онҳо доруҳои қабзкунанда ҷӯшонидаанд, тарки ҳаракат кардан, дурӣ ҷустан аз ҷойҳои гарми арақовар ва ба ҷойҳои сербод рафтан, якҷоя бо якчанд бодбезакҳо бод додан ва бо оби сард шустушӯй кардан аз барои [хушкранда] суд доранд. Низ, доруҳои молидание аз қабили равғани мӯрд ва равғани гул ҳамчунин буванд. Маска хусусан бо касиро ва ё самғ андар ин бобат хосияти шигифтовар ва бузург дорад. Инчунин, доруҳои молидание [хубанд], ки дорои қувваи [доруҳои зерин] мебошанд: мурдосанг; рим; хусусан тӯтиё; хокистари барги мӯрд; хокаи барги мӯрд; барги сабзи даҳмаст; судоб; ва кӯфтаи кундур.
Гоҳе аз барои хушкранда сирешуми моҳӣ, ки андар об гудохта бошанд, суд дорад ва гоҳе дигар ба ҳангоми [хушкрандаи] қавӣ ба мавизак, кундур ва гӯгирд эҳтиёҷ биафтад.
Аммо бахши решшавандаи онро, масалан, бо зардчӯба, мозу, гили арманӣ (294) ва сафеда бо сирко муолаҷа кунанд. Марҳами сафеда андар ин бобат хуб аст. Бошад.
ки ин гуна решҳо ба дараҷаи бисёр баланди табаҳшавӣ бирасанд. Андар ин ҳол илоҷи онҳо чун илоҷи оташсӯхта бувад, вале агар онҳо сахт устувор гардида бошанд, [муолаҷаи он] чун муолаҷаи саъфа бошад.
Фасли сездаҳум андар баёни «духтарони шаб»
Ҳар кӣ ба дуруштии пӯст ва баста шудани масом гирифтор шавад, вале гуворишаш хуб бошад, бошад, ки ба ҳангоми сармо ва андар шаб ӯро хориш, дуруштӣ ва табишҳои хурде падид оянд, ки онҳоро «духтарони шаб»
хонанд. Сабаб баста шудани он чизе бошад, ки боистӣ ба таҳлил биравад. Иллати ин [бастагӣ] танг будани масомҳо андар офариниш аст, ки онро афсурдасозии сардӣ кумак бирасонад ва афзоиш бидиҳад. Ин ҳол хусусан ҳангоми бисёрии гувориш ва аз паси он ҳосил шудани бухорҳои зиёд, яъне андар шаб, [сурат бигирад] ва бад-ин сабаб онро «духтарони шаб» хонанд, зеро бештари ориз шудани он ба шаб бувад. Яке аз ҳолатҳои ин иллат чунин аст, ки ба ҳангоми он хориш шиддат ёбад ва он нахуст форам буда, сипас ба дарди сахте табдил ёбад, ки андар маҳалҳои хориш ба амал ояд.
Фасли чаҳордаҳум андар илоҷ
Бояд аз барои фарох сохтани масомҳо намудҳои гуногуни гармоба ва равғанмолиҳои андар ин бобат маъ
руф чораҳо бибинанд ва рагҳоро аз моддаҳои бисёр озод кунанд. Ин корро, чунонки андар боби хориш ёд карда шуд, аз тариқи раг задан ва истифроғ овардан ва ҳангоми бад-он эҳтиёҷ будан ва кифоят накардани доруҳои аз берун гузоштанӣ ба амал оваранд. Аммо оид ба доруҳои аз берун гузоштанӣ бояд гуфт, ки сабр ва мурр хусусан бо ангубин яке аз беҳтарин доруҳои ин [иллат] аст. Сабр ҳамроҳи орди наск ва бо андаке сирко ва ангубин низ ҳамчунин бувад. Оби карафс яке аз доруҳои обакии муносиби он мебошад. Дигар аз ҷумлаи доруҳои аз барои ин [беморӣ] судманд дурди сирко ба танҳоӣ, бура, ҳино ва заъфарон ба шумор бираванд.
Фасли понздаҳум андар баёни озахҳо ва аз ҷумла озахҳои мехмонанд, сарбаргаштаи шохмонанд ва дигар чизҳои ба равиши онҳобуда
Бидон, ки сабаби якуми фоилии онҳо ронандагии табиат ва сабаби моддии онҳо хилти ситабри савдовиест, ки гоҳе агар андар хун балғами сахт хушк бисёр бошад, аз тариқи ба савдо табдил ёфтани он ба амал ояд ва гоҳе ин ба сабаби худи хун вобаста буда, хун ба иллати баста шудан, бисёр гардидан ва набудани сабабҳои гандонанда ва хусусан андар рагҳои хурд сарду хушк бигардад, зеро андар амсоли ин рагҳо хун ба сабаби камии худ ва наздик будан ба сабабҳои берунае, ки аз гандонидан дида, бештар ба зуд хушконидан майл доранд ва хусусан агар [ба изофаи ин] андар гавҳари хеш ниҳоят гарм набошад, гандидан натавонад. Гоҳе мумкин аст як озахи бузург рӯида сабабгори он шавад, ки мизоҷи ғизои ба сӯи андоми ҳамҷавори он оянда ба мизоҷи моддаи он табдил ёбад ва бинобар он ин [андом] хушку сард бигардад ва озахҳои бисёр бирӯянд. Ҳар гоҳ агар [озахи бузургро] бикананд ва ё ба ягон роҳе нест кунанд, озахҳои дигар низ бирезанд.
Озахҳои бузургеро, ки сарҳояшон чун сарҳои мех бузург ва бунашон бориканд, «мехҳо» ва онҳоеро, ки дарози сарбаргаштаанд, «шохҳо» номанд. Аз миёни озахҳо як ҷинс озахҳоест, ки онҳоро «турсус» хонанд ва ҳарчанд аз озахҳо ҷудо ҳисобидани онҳо воҷиб аст, вале онҳоро аз ҷумлаи озахҳо шуморидаанд. Агар [турсусро] бишикофанд, аз зераш рим берун ояд.
Фасли шонздаҳум андар илоҷ
Агар иллат афзоиш ёфта, аз ҳадд гузашта бошад, аз
зуд кам кардани хун аз тариқи раг задан ва истифроғ кардани савдо чора нест. Ҳамчунин, тадбири [ғизоии] кимуси хубзоянда ва дигар чизҳоеро [ба кор бибаранд], ки
пеш аз ин борҳо ёд шуданд. Илоҷи маҳаллии он бо доруҳое бошад, ки дорои талхӣ ва қабзкунандагиянд. Аз ҷумла мисоли сабуки онҳо аз барои [иллати] сабук ин аст,
ки бар озахҳо пайваста [доруҳои] зерин чарб кунанд: равғани писта; оби полидаи гандуми ҷӯшонида, ки се рӯз нигоҳ дошта бошанд; оби ганданои набатӣ бо тутум; равғани бон; инчунин, барги кабар; гавзи сарв; зайтуни норасид; газмозу низ хуб аст; барги тари мӯрд барои [озахи] ҳам сабук ва ҳам қавӣ; ва пӯсти болоии бехи пада ва
хокистари он бо сиркои хамрӣ. Яке аз доруҳои ба ғоят хуб чунин аст: испанд ва ҳиноро гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби сард тило созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор