Қонуни тиб

Аммо доруҳои аз берун гузоштании гар ҳамаи он чизҳоеанд, ки дорои зудояндагиянд ва гоҳе доруи зудоянда ва ҳам қависозандаи пӯст ва ислоҳкунандаи мизоҷ кифоят кунад. Мисоли ин оби панираки бӯстонӣ, туруша, чугундар ва анор ва ё сабӯси орди сафед ва орди наски сафедкарда ба шумор бираванд. Инчунин, ақоқиё бо сирко, донаи харбуза, дилаи харбуза, чунонки ҳаст, нашостаи коҷира, афшураи карафс, ҷӯшонидаи ҳулба ва оби пӯсти мавз283 аз ҳамин қабиланд.
Гоҳе ба доруе ниёз бувад, ки ба таври қавӣ ҳалкунанда бошад ва мисолаш инҳост: дилаи ҳанзал; сақизи набатӣ бо оби пудинаи бӯстонӣ; ротиёнаҷ бо сирко; зоги бирён ва хусусан зард бо сирко ва равғани гул; ва инчунин қалқанд ва бародарони он. Харзаҳра бисёр қавист ва гоҳе сиркое кифоят кунад, ки андар он [харзаҳра] тар карда, сипас бо равғани кунҷид онро ҷӯшонида бошанд. Гоҳе бо доруҳои тез, масалан, равғани гул биомезанд, то ки онҳоро ба ифрот таъсир кардан нагузорад ва ё аз барои ҳамин ғараз масалан пӯсти анор [биомезанд].
Яке аз чизҳои санҷидашуда тухми таратезак аст: равғани онро бигиранд, ё андар офтоб ва ё ба наздики оташдон гарро баъди молиш додан бо он равған кунанд ва якчанд бор чунин кунанд. Ин бисёр хуб бошад.
Як доруи хуб: аз мурдосанг ва зоги навиштанӣ ба миқдори баробар гирифта, бо сиркои хамрӣ бисованд ва андар кӯзаи сафолин ниҳода, андар замини намнок як моҳ бигӯронанд. Баъд онро ҳамчун тило ба кор баранд ва ин ба изофаи камсӯзишӣ ба ғоят [судбахш] бувад. Кундуша, симоби кушта, рими оҳан, зарованд, гӯгирд, қанбил, ишхор,284 миси сӯхта, муғос, навшодир, наск, мурр, тухми испанд, уша, зангор, ушнони гозурон, саргини саг, саргинҳои андар дигар бобҳо ёдшуда ва хиёри даштӣ [аз ҳамин қабиланд]. Инчунин, пӯсти сӯхтаи чӯби токро бар маҳалли гар пас аз пок кардани он бо маска бипошанд, баъд бибанданд ва инро то ҳангоми бекор шудани гар пайваста нав кунанд. Гоҳе қардамоно бо сирко ва сақизи набатӣ низ бо он суд бахшанд.
[Мисоли] доруҳои мураккаби хуб ин аст, ки симоби кушта, барги харзаҳра, иқлимиёи сим ва мурдосангро гирифта, бо сирко ва равғани гул тило кунанд ва бо он шаб бихобанд. Сипас пагоҳӣ танро андар гармоба бо сирко, ушнони сабз ва нахуст бо оби гарм ва сипас бо оби сард бишӯянд ва баъд аз он равған бимоланд.
Як доруи сабук: аз мурдосанг ва зоги зард ба андозаи баробар гирифта, як ҳафта андар офтоб бо сирко бисованд ва ба ҳангоми ҳоҷат бо он тило кунанд.
Инчунин: симоби кушта, майъаи равон ва равғани гулро бо ҳам ҷамъ сохта, ба кор баранд.
Низ: аз симоби мурда, майъаи равон, тухми бунафша ва қуст бахшҳои баробар бигиранд.
Инчунин: як бахш кундуша ва се бахш гили сурхро гирифта, бо сирко тило кунанд.
Ҳар гоҳ доруҳои қавии ҳалкунанда ва ё хушки пӯстдуруштсозандаро ба кор бурдӣ, баъди онҳо аз равғанҳои часпакиоваранда, масалан, равғани мушки замин,
бед, нилуфар, бунафша ва монанди инҳоро хусусан ба ҳангоми [гари] хушк ва камрутубат ба кор бибар. Бояд ба ҳангоми (293) гари тар доруи ҳар чи бештар хушксозанда ва ба ҳангоми гари хушк доруи ҳар чи камтар хушксозандаро ба кор бурд. Доруеро, ки андар таркиби он симоби мурда бидарояд, ҳар қадар битавонӣ аз ноҳияи меъда ва андомҳои гиромӣ дур бидор.
Аммо илоҷи хориши хушк ин аст, ки баъд аз истифроғ овардан агар эҳтиёҷ пайдо шавад, [ба бемор], масалан, дӯғи туруши говӣ бидиҳанд, бо оби нимгарм гармоба кунанд ва доруҳои чарбии равғании аз қабили равғанҳои сард бударо ба кор баранд ва хусусан агар андар онҳо афшураи карафс афзоянд, [беҳтар бувад]. Илоҷи гари хушк ва хориши хушк ба ҳам наздиканд. Аз ҷумлаи доруҳои нарм ба ҳангоми ин [бемориҳо] хашхоши бо сирко совида, инчунин, барги савсан ва низ сабр бо оби коснӣ ба шумор бираванд. Нашоста низ яке аз он чизҳоест, ки андар таркиби доруҳои он бидарояд. Оби карафс бо сирко низ ҳамчунин аст ва оби гул хуб бувад.
Яке аз доруҳои қавӣ мумравғанест, ки андар таркиби он афюн бошад ва чун бо он танро пок кунанд, хориш таскин ёбад. Яке аз доруҳои қавии [дигар] ин аст, ки бо доруҳои аввалӣ навшодир афзуда, мураккаб созанд ва бо сирко хусусан бар хоя тило кунанд. Ин дору низ аз барои хориши дарунии ҳар ду шарми [пасу пеш]285 судманд буда, онро бар порае гузошта, бар зер баргиранд.
Пиронро аз барои муолаҷаи хорише, ки эшонро ориз бигардад. [148] тило намудани дурди шароб бо миқдоре аз замчи тар суд бахшад.
Мисоли [обҳое], ки аз барои хориш ва гар бо онҳо шустушӯй кунанд, оби дарё ба шакли гармкарда ва ё чунонки ҳаст ва ё ҷӯшонидаи хиёри даштӣ ба шумор биравад. Ғизои худовандони гар ва хориш ғизоҳои тарифизоянда ва хуни сутуда зояндаи моил ба сардӣ ва тарӣ ва гӯштҳои муътадил ба шумор бираванд. Худовандони хориши дуруштиоварандаи пӯстро чора нест, ки андар таркиби ғизоҳояшон аз равғанҳои нарм, масалан, равғани бодом, равғани кунҷид ва монанди онро ба кор бибаранд.
Бидон, ки ҳиҷомат кардани ҳар ду соқ аз гари беҳадд шиддатнок суд бахшад.
Фасли ёздаҳум андар баёни хушкранда (гармоб)
Гоҳе андар тани ниҳоят бисёр арақкунандаи кам шусташаванда ва ё ба ҳангоми шустан кам молидашаванда ва хусусан андар кишвари гарм табишҳои хоршакле бирӯянд ва шояд онҳо аз моддаҳое падид оянд, ки ба иллати гаронии хеш аз расидан ба арақи ба сабаби тунукии моддаи худ зуд бароянда фурӯ монда, андар сатҳи пӯст банд гардида бошанд ва гӯё онҳо шини арақеанд, ки аз таровидан рӯй гардонида бошад. Бошад, ки онҳо на табишҳои ба назар намоёне, балки дуруштӣ падид оваранд.
Фасли дувоздаҳум андар илоҷ
Агар моддаи он андар тан бисёр бошад, онро аз тариқи
раг боз кардан ва исҳол овардан қатъ созанд ва бинобар
ҳамин каси одати хушкранда шудан дошта бояд ҳар сари
чанд вақт аз истифроғ кардани хилтҳои тез кумак биги рад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор