Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо мисоли доруҳои қавӣ аз барои [озахҳои] қавӣ инҳост: тилое, ки аз оҳак, зирних, ишхор ва хусусан бо симоби (295) кушта сохта бошанд ва хусусан онро бо хокистари булут ва равғани зайтун ба кор баранд; намак бо оби пиёз, балбус ва саргини буз; инчунин, коғнаҳо бо зирних; низ, ангубини балозур, ки аз барои резондани онҳо доруи қавист. Шири исфидакширро агар якчанд бор бар озах бимоланд, онро бирезонад. Чакидаи ток ва кабикаҷ низ ба таври қавӣ резонандаи озаханд. Сиёҳдонаро агар бо пешоб сиришта, зимод кунанд, таъсири аҷиб дорад. Талхаи бузи нар, ангужад, марҳами тез ва кафонандаи кафгиракҳо, ки он марҳами балозур аст, низ ҳамчунин буванд.
Як [доруи] мураккаби муътадил: аз ҳар кадоми пӯсти тари гавз, обгина ва оҳаки обнорасида як бахшӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бар озах биниҳанд. Ё панҷ дирамӣ зангор ва қиртоси сӯхта, шаш дирам дилаи ҳанзал, шаш дирам бура, чаҳор дирам навшодир, ҳашт дирамӣ ишхор ва зирнихи зард, шаш дирам талхаи гов ва ҳафт дирам ушнони форсиро гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби собун бар озах тило кунанд.
Яке аз роҳҳои муолаҷаи озахҳо кандани онҳо мебошад.
Ин корро бо ёрии найчаҳои парӣ, ё симӣ ва ё оҳание ба амал оваранд, ки тиҳигоҳи онҳо ба андозаи ба сахтӣ андар хеш фурӯ бурдани [озах] кушод ва каронаи онҳо [149] тези буранда бошад. Озахҳоро ба як андоза душворӣ андар онҳо дароварда, панаҳ кунанд ва чун аз наздики буни онҳо андаке бифишоранд, аз бун канда шаванд. Ё онҳоро бо сардукҳо чандоне бикашанд, ки бехҳояшон бидаванд ва сипас бо ягон тезинае аз бун кофта бигиранд. Баъд аз буридан бар вай равғани гов барниҳанд. Инчунин, ҳар боре, ки бад-он доруи тез бирасад ва ба дард ояд, доруи тезро гирифта, бар вай равғани гов биниҳанд, андаке бад-ин ҳол бигузоранд ва сипас ин корро дубора то пурра рехтани озах аз нав такрор кунанд. Гоҳе онро бад-ин гуна бикананд, ки бо оҳани нозуки ковандае чизҳои гирдогирди онро ҷудо созанд ва баъд бар вай ягон доруи тез бор кунанд. Мо буридани онро бо покӣ санҷидаем, яъне ҳар қадар ки битавонӣ, баробари риоя намудани сатҳи пӯст онро амиқтар [бибур] ва сипас он маҳаллро бо собун, мушки замин ва гул молиш бидеҳ, то ҳар чи аз хун рехтанист, бирезад, сипас баста гардида ва баъд аз он ҳар чи ки боқӣ мондааст, биафтад.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни шохҳо

Инҳо фузуниҳои фишурдаи досмонандеанд, ки бар бандгоҳҳои дасту пой аз шиддати кор падид оянд. Илоҷи онҳо чунин аст: бахши досмонанди онҳоро, ки бедард аст, бибуранд ва сипас аз барои боқимондаи онҳо аз миёни доруҳои озахҳо доруҳои бисёр тезро ба кор бибаранд, то бирезанд. Сипас, баъди ин кор равғани зард ба кор баранд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни кафидагиҳое, ки бар пӯст, лабон, андомҳои атрофӣ ва ҳама ҷои пӯсти тан падид оянд

Мо мегӯем: Бидон, ки сабаби ҳамаи кафидагиҳо хушкидани пӯст ба ҳаддест, ки бикафад. Ин гуна хушкӣ ё ба

[бад]мизоҷии сода ва ё ба бадии хилтҳое вобаста аст, ки аз худ моддаи тези хушконанда бифиристанд ва ё ба гармои хушксозанда, ё ба боди намиро кашанда ва ё ба сардии афсурдаю зичсозанда вобаста бувад, чунонки замини хушк ва ба сабаби бод ва ё гармо хушкида ва [инчунин] замини сахт яхбастаро ҳамин гуна кафидан ориз бигардад. Гоҳе ин ба сабаби обҳои қабзкунанда ва он обҳое ба амал ояд, ки дорои қувваи замч ва монанди он буда, бо онҳо шустушӯй кунанд. Зидди инҳо обҳои гӯгирднок ва мумиёдор мебошанд. Мо андар ин бобат фарқи миёни оби Ҳамадон ва атрофи он ва оби Шопурхостро сахт санҷидаем.
Фасли нуздаҳум андар илоҷи кафидагиҳо ба таври ҳамагонӣ

Агар хилти бад ҷой дошта бошад, бояд онро истифроғ намуд ва агар [бад]мизоҷии хушк ҷой дошта бошад, бояд онро бигардонид. Равғанҳо ва хусусан ҳар рӯз якуним уқия равғани кунҷиди муқашшарро бо афшураи ангур ва ё якчанд рӯз пай дар пай оби мавизи ширини таркардаро биошоманд. Ҳамчунин ҷӯшонидаи харчангҳои рӯдиро бо об ва шакар [бихӯранд] ва мудом равғанмолӣ кунанд.
Агар [кафидагӣ] аз сармо бошад, аз барои он ақокиё, инчунин ҷӯшонидаи шалғам, [худи] шалғам ва барги чугундар, ҷӯшонидаи он ва хусусан мумравғанҳои аз инҳо ва аз пиҳҳои маъруф, мағзи устухон, зифти тар ва қатрон сохта судманданд. Агар аз гармо бошад, бо мумравғанҳои сарди таре [муолаҷа кунанд], ки онҳоро бо афшураҳои сарди тар шикаста бошанд, ғизоро ба ислоҳ оваранд ва бо оби нимгарм гармоба карданро ба кор баранд.
(296) Фасли бистум андар баёни кафидагиҳои лаб

Сабаби кафидагиҳои лаб хушкӣ буда, он ё ба иллати боде, ки пӯстро фишурда, хушк кунад ва рутубати онро биканад, ё ба иллати сардӣ, ё ба иллати гармӣ ва ё ба иллати мизоҷи хушк ба амал ояд, чунонки инро донистӣ.
Пешгирӣ кардани он бад-ин гуна бувад, ки пеш аз дучор шудан ба сабаби падидоварандаи он мумравғанҳо, пиҳҳо, мағзи устухон ва равғани гул бо зуфои тар тило кунанд. Ин доруҳо кафидагиҳои ба амал омадаро низ бибаранд. Ё бар [лаб] пӯстҳои тунукеро аз қабили пӯсти хояи мурғ, пӯсти най, пӯсти сир ва пиёз бичаспонанд.
Аммо аз барои бартараф кардани кафидагии падидомада доруи зерин хуб аст: дурди бирён ва сақизи хинҷакро гирифта, бо ягон пиҳе мисли пиҳи мурғ ва ғоз ва бо ангубин биомезанд. Ё мозуи норасиди мисли гард сударо ба тариқи маъҷун бо самғи хинҷак бар оташ гудохта, ба кор бибаранд. Гуфтаанд, ки пеш аз хоб равған кардани ноф ва андар гӯш хастани пунбаи андар равған оғушта сахт судманд аст.
Фасли бисту якум андар баёни кафидагиҳои пой

Кафидагиҳои пой гоҳе ба сабаби бухорҳои бад ва гоҳе ба сабаби хушкию дуруштии пӯст ба амал оянд. Умуман, ба сабаби онҳо бошад, ки суде бирасад, зеро аз ин роҳ [бухорҳои бад] ба таҳлил бираванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ