КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Эндемики хоси Тоҷикистон аст.
Дар чашмаҳои гарми мавзеъи Ҷавшангоз (ҳавзаи дарёи Шоҳдара)-и Бадахшон вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар чашмаҳои гарм дар қабати лойқа ва сангҳо дар ҳарорати +30-32°С, дар баландии 3360 м аз сатҳи баҳр ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Камшумор аст. Дар хазинаи коллексионӣ
20 адади он нигоҳ дошта мешавад.
Хусусиятҳои биологӣ Бо роҳи партеногенезӣ афзоиш мекунад. Ҷинсҳои нарина хеле кам вомехўранд.
Омилҳои маҳдудкунанда Хушк ва ифлос шудани чашмаҳо, аз тарафи ҳаваскорон ҷамъ кардани ин ин намуди ба камшуморӣ ва маҳдуд гардидани сукунатгоҳи он сабаб мешавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади ҳифзи меланоидеси шоҳдарагӣ маҳалҳои нави сукунати онро муайян намуда, реҷаи доимии гидрологиро таъмин ва чашмаҳои гармро ғўруқҳои хурд эълон намудан зарур аст. Тарғибу ташвиқи ҳифзи ин намуд дар байни омма бояд пурзўр карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Старобогатов, Иззатуллаев, 1980; Красная книга СССР, 1984; Иззатуллаев, 1988; Кочетова, Парамонова, 1988.
МЕЛАНОИДЕСИ ПОМИРӢ
Melanoides pamirensis (Lindholm, 1930) Қатори
Энтомостомаҳо ‒Entomostoma Оилаи
Белграндиелидаҳо ‒Melanoididae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Намуди эндемикӣ ва реликтии хоси маҳал буда, аз давраи сеюмини эраи кайнозой маълум аст.
Паҳншавӣ
Дар чашмаҳои гарми атрофи Ҷавшангоз (ҳавзаи дарёи Шоҳдара)-и Бадахшон во ме хўрад. Берун аз ҳудуди Тоҷи кистон дар Ҳимолойи Ғарбӣ (Ҳиндустон) дучор меояд.
Муҳити сукунат Монанди меланоидеси шоҳдарагӣ дар чашмаи обаш гарми Ҷавшангоз дар ҳарорати +30- 32ОС дар гилхоку регзаминҳо ҳаёт ба сар мебарад.
Саршумор
Дар чашмаи Ҷавшангоз сершумор буда, дар 1 м2 то 80-100 фарди он ба мушоҳида мерасад. Дар хазинаи коллексионии Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ ва Институти зоологияи АИ Россия зиёда аз 1000 намунаи он нигоҳ дошта мешавад.
Хусусиятҳои биологӣ 5-8 сол умр мебинад. Якҷинса буда, ҷинсҳои нарина аҳён-аҳён вомехўранд. Тухмаш кам; дар ҳуҷраи такомули тухм инкишоф ёфта, дар шакли фардҳои хурд берун меоянд. Аз бактерияву обсабзҳо ғизо мегирад.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
Омилҳои маҳдудкунанда Ифлос ва хунук шудани оби обанборҳо боиси маҳви ин намуд мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади ҳифз намудани ин намуд муҳити сукунати онро ҳифз карда, реҷаи доимии гидрологиро таъмин ва ба ифлосшавии обанборҳо роҳ додан лозим нест.
Сарчашмаи иттилоот:
Старобогатов, Изатуллоев, 1980; Красная книга СССР, 1984; Кочетова, Парамонова, 1988; Скарлато, Старобогатов, 1989.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
БЕДАНДОНАКИ БОХТАРӢ
Colletopterum bactrianum (Rolle, 1896)
Қатори
Садафакҳо ‒ Unionida Оилаи
Садафакҳо ‒ Unionidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикӣ мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ дар ҳавзаи дарёи Сир вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар дарёҳо, кўлҳо, каналу ҳавзҳое, ки обашон софу сустҷараёнанд ҳаёт ба сар мебарад.
Дар қабати лойқа дар қаъри то 2,5 метр зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Саршумори ин намуд махсус ба ҳисоб гирифта нашудааст. Аҳёнаҳён вомехўрад. Дар хазинаи коллексионӣ қариб 10 намунаи он нигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё