КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биологӣ 8-10 сол умр мебинад. Тирамоҳ дар даруни ғалсамаи берунӣ тухм мегузорад. Дар он тухм кирмина ‒ глохидияи дупалла инкишоф ёфта, чанде дар бол ва ғалсамаи моҳӣ паразитӣ мекунад. Баъди 5-7 ҳафта ба нармбадани хурде мубаддал гашта, ба қаъри обанбор мефарояд ва мустақил ҳаёт ба cap мебарад. Аз боқимондаҳои организмҳои хурди обӣ ғизо мегирад.
Дар тоза кардани об нақши муҳим мебозад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ҷамъ овардани гўшмоҳии бедандонакҳо аз тарафи ҳаваскорон, ифлос шудани обанборҳо, зимни фаъолияти хоҷагидории инсон, тағйирёбии ноустувории сатҳи обанборҳо сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумор ва муҳити сукунати бедандонаки бохтарӣ мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз Пешгирии ифлосшавии обанборҳо аз партовҳои саноатӣ, нигоҳдории реҷаи доимии гидрологӣ, ба афзудани саршумор ва пурзўр гардидани ҳифзи бедандонаки бохтарӣ мусоидат мекунанд.
Сарчашмаи иттилоот:
Жадин, 1933, 1952; Старобогатов, Иззатуллаев, 1984; Иззатуллаев, 1988, 2009.
СЎЗАНАКИ САМАРҚАНДӢ
Calopteryx samarcandica (Bartenef, 1911) Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои зебо ‒Calopterygidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тиёншони Ғарбӣ, Помиру Олой ва Ҳиндукуш ба ҳисоб меравад.
Дар Қазоқистони Ҷанубӣ, Қирғи зистон, Ўзбекистон, Туркманистони Ҷанубу Шарқӣ (Кўҳитанг) ва Афғонистони Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар водии дарёи Зарафшон (деҳаи Сўҷина) ва атрофи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Намуди хоси мавзеъҳои кўҳӣ аст.
Дар соҳили дарёчаҳое, ки аз чашмасорон ғизо мегиранд, дучор меояд.
Аҳён-аҳён дар соҳили каналу ҷўйҳои наздикўҳӣ низ дучор меояд.
Дар баландиҳои 700-2500 метр аз сатҳи баҳр ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар Тоҷикистон ба таври маҳдуд, аҳён-аҳён дучор меояд. Дар атрофи шаҳри Душанбе аз соли 1938 инҷониб ба қайд гирифта нашудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумот нест.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули муҳити зист, аз он ҷумла нобуд гардидани ҳавзаҳои хурди об, ки муҳити сукунати кирминаҳои сўзанак мебошанд, боиси маҳдуд гардидани саршумори ин намуд мегарданд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот нест.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити сукунати кирминаҳои сўзанак ‒ дарёву дарёчаҳое, ки аз чашмаҳо об мегиранд, бояд таҳти муҳофизат қарор дода шаванд. Ба мақсади таҳия намудани чораҳои ҳифз ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии сўзанаки самарқандӣ бояд муфассал омўхта шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Попова, 1951; Борисов, Харитонов, 2007; Борисов, 2008.
ҲАШАРОТ
Insecta
СЎЗАНАКИ ЗЕБО
Coenagrion scitulum (Rambur, 1842) Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои тезпарвоз ‒ Coenagrionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Ареали ин намуд ба қитъаҳои ҷудогона тақсим шудааст. Дар кишварҳои Баҳри Миёназамин, Аврупои Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар шимол то Бритониёи Кабир, кишварҳои назди Қавқоз, Эрон ва Осиёи Марказӣ паҳн гардидааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ сўзанаки зебо дар қаторкўҳҳои Ҳисор ва Вахш ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Намудест, ки дар минтақаҳои кўҳӣ вомехўрад. Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ дар баландиҳои 1100-2300 метр аз сатҳи баҳр ба қайд гирифта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё