КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Оид ба ҳифз ва муайян намудани маҳалҳои нави паҳншавӣ ва муҳити сукунати левкозонелла ба мақсади зери назорат гирифтани вазъи популятсияи он тадбирҳои фаврӣ андешидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Изатуллаев, 1988.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
АМНИКОЛАИ ТОҶИКИИ
ЛИХАРЕВ
Tadzhikamnicola likharevi (Izzatullaev, 1973) Қатори
Берунғалсамадорон ‒ Pectinibranchia Оилаи
Литоглифидҳо ‒Lithoglyphidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Намуди эндемикии хоси Тоҷикистон мебошад.
Паҳншавӣ
Дар соҳили дарёи Сурхоб, атрофи деҳаи Алакаи ноҳияи Муъминобод ва водии дарёи Обимазор (атрофи Ховалинг) вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар чашмаву обанборҳои обашон хунук, ки аз чашмасор об мегиранд ва ҳарорати об дар онҳо +7-10°С аст, дар қаъри 25-30 см зиндагӣ мекунад. Маъмулан дар сатҳи сангҳо, барги растаниҳои обӣ (ҷулгун, об сабзҳо вомехўрад.
Саршумор
Дар мавзеъҳои алоҳидаи сукунат намуди муқаррарӣ аст, вале дар баъзе маҳалҳо аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Тадқиқ нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Ифлос шудани чашмаҳо зимни фаъолияти хоҷагидории инсон, хушк шудани онҳо боиси маҳдуд гардидани саршумор ва сукунатгоҳи амниколаи тоҷикии Лихарев ё пурра нест гардидани он мегарданд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои ҳифзи амниколаи тоҷикии Лихарев дар мавзеъҳои хоси сукунати он ғўруқгоҳҳои хурд таъсис додан зарур аст. Тарғиботи ҳифзи ин нармбадани берунғалсамаи майдаро (қадаш аз 1,2 то 1,75 мм, бараш 1,4 мм), ки аз давраи сеюмини эраи кайнозой (тақрибан 65 миллион сол пеш) то ҳанўз боқӣ мондааст, пурзўр бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Жадин, 1952; Старобогатов, 1970; Иззатуллаев, 1973, 1988, 2009; Иззатуллаев, Ситникова, Старобогатов, 1985.
АМНИКОЛАИ ТОҶИКИИ
ПАВЛОВСКИЙ
Tadzhikamnicola pavlovskii (Izzatullaev, 1973) Қатори
Берунғалсамадорон ‒ Pectinibranchia Оилаи
Литоглифидҳо ‒Lithoglyphidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Эндемики хоси Тоҷикистон мебошад.
Паҳншавӣ
Дар соҳили дарёи Сурхоб (атрофи деҳаи Алака) ва водии дарёи Обимазор (атрофи Ховалинг) вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар чашмаҳо ва обанборҳое, ки аз чашмасор об мегиранд дар ҳарорати +7-10°С ва чуқурии 25-30 см зиндагӣ мекунад. Монанди амниколаи тоҷикии Лихарев дар сатҳи санг ва барги растаниҳои обӣ вомехўрад.
Саршумор
Дар мавзеъҳои алоҳидаи сукунат намуди муқаррарӣ аст, вале дар баъзе маҳалҳо аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз партовҳо ифлос шудани чашмаҳо, сохтмони роҳу каналҳо дар наздикии чашмасор ба саршумор ва сукунатгоҳи ин намуд таъсири манфӣ мерасонад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
Тадбирҳои ҳифз
Барои пурзўр намудани ҳифзи амниколаи тоҷикии Павловский дар мавзеъҳои хоси сукунати он парваришгоҳҳои хурд таъсис додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иззатуллаев, 1973, 1988, 2004; Изатуллаев, Ситникова, Старобогатов, 1985.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
МЕЛАНОИДЕСИ
ШОҲДАРАГӢ
Melanoides shahdaraensis Starobogatov et Izzatullaev, 1980 Қатори
Энтомостомаҳо ‒Entomostoma Оилаи
Белграндиелидаҳо ‒Melanoididae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё