КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои шимол ва шимолу ғарби кўҳ, ки бутта ва алалхусус настаранзор дорад, ҳаёт ба cap мебарад. Дар баландии 2200-3200 метр аз сатҳи баҳр, дар нишебиҳои шимолӣ ва шимолу ғарбӣ дар буттаҳо аз ҷумла садбарг, инчунин дар марғзорҳои алпӣ вомехўрад.
Саршумор
Дар ҳама ҷо (бо истиснои ду қитъаи начандон калони дараи Назарак) камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол як насл мегузорад.
Моҳҳои июн-июл шапалакҳо ба парвоз шурўъ мекунанд. Кирминаҳо дар растаниҳои авлоди анҷибар (Geranium) инкишоф меёбанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар мавзеъҳое, ки мунтазам чорво мечаронанд, шапалаки кабуди кўҳистонӣ дучор намеояд. Танҳо
ҲАШАРОТ
Insecta дар нишебиҳои рост, ҷойҳое, ки чаридани чорво имконнопазир аст, инчунин дар настаранзорҳо боқӣ мондааст. Муҳити сукунати он дар натиҷаи таъсири фаъолияти инсон хеле маҳдуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Сукунатгоҳ ва биологияи шапалаки кабуди кўҳистониро ҳаматарафа омўхта, шумораи маълуми онро назорат намудан ва дар дараи Назараки қаторкўҳи Пётри I ғўруқ барпо кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1963; Grum-Grshimailo, 1887, 1890; Кочетов, Акимушкина, Дыхнов, 1986.
ҲАШАРОТ
Insecta
АРВОҲАКИ КОМАРОВ
Rethera komarovi (Christoph, 1885) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар атрофи шаҳри Хоруғ (Боғи набототи Помир), Роштқалъа (Барвоз, баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр), дараи Варзоб (Квак) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои сералаф, ки буттаю дарахтон фаровонанд дар баландии 2200-3000 метр аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Хеле кам боқӣ мондааст. Солҳои охир боз ҳам камшумор гардидаастааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол як маротиба насл медиҳад. Дар атрофи шаҳри Хоруғ парвози шапалакҳо ва тухмгузорӣ ба охирҳои майаввалҳои июл рост меояд. Шабона ба парвоз шурўъ мекунад. Кирминааш дар намудҳои гуногуни ширгиёҳ (зарбат) зиндагӣ мекунад.
Зочаҳо дар хок зимистон мегузаронанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Номураттаб чаронидани чорво, поймол ва дарав кардани алафзори муҳити сукунат боиси камшумор шудани арвоҳаки Комаров гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Чаронидани чорво ва дарав кадани алафро дар муҳити хоси сукунати арвоҳак ба низом даровардан зарур аст. Доштани ин намуди шапалакро ба мақсади коллексия манъ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1960; Красная книга СССР, 1984; Девяткин, 1987.
АРВОҲАКИ ШУМТОЛ
Dolbina grisea (Hampson, 1893) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Зарафшон (кўлҳои Марғузор), водии дарёи Варзоб, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор ва Дарвоз (Тавилдара), дар баландии 1100-2100 метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар водиву дараҳои танги миёнакўҳ вомехўрад. Дар соҳили дарё ва канори ҷўйҳое, ки дарахтони қадимаи шумтол месабзанд, маскан мегирад.
Саршумор
Намуди камёфт аст. Солҳои 50- уми асри гузашта дар мавзеъи Кондара авҷи шумораи он мушоҳида гардид. Соли 1958 дар доми равшанидиҳанда 8 фарди намуд ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин мавзеъ соли 2013 парвози 5 фарди болиғ мушоҳида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё