Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Хитой, Непал ва Бутан паҳн гардидааст.
Дар Тоҷикистон дар сарҳади ноҳияи Ишкошим бо Афғонистон дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар ҳамвориҳои водии дарёи Панҷ ба мушоҳида мерасад.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Намуди камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Шапалакҳо моҳҳои апрел-август ба парвоз шурўъ мекунанд. Дар давоми сол ду-се маротиба насл медиҳад. Ғизои кирминҳо растаниҳои оилаи Fabaceae ба шумор мераванд.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Усулҳои хоси ҳифзи ин намуд муайян нагардидааст. Таҳқиқи сукунатгоҳ, паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии он зарурият дорад.
Сарчашмаи иттилоот:
Водянов, Дубровский, 2013; Grieshuber, Worthy, Lamas, 2013; Sakai, 1981; Tshikolovets, 2003.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ БИЁБОНИИ
ФАРҒОНАГӢ
Melitaea acraeina (Stgr., 1886) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Нимфалидҳо ‒ Nymphalidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Муҳити зисти ин шапалак солҳои 30-юми асри гузашта водии Фарғона ва қисми шимолии Тоҷикистонро фаро мегирифт.
Дар даҳсолаҳои охир оид ба паҳншавии он маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Муҳити сукунат
Маълумот вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Онро махсус наомўхтаанд. Моҳҳои апрел-май ба парвоз шурўъ мекунад.
Саршумор
Дар тамоми мавзеъҳои паҳншавӣ намуд бо шумораи ниҳоят кам дучор меояд.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Таҳқиқи муфассали паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии шапалаки биёбонии фарғонагӣ бо мақсади кор карда баромадани тадбирҳои ҳифзи он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Staudinger, 1886; Staudinger, Rebel, 1901; Seitz, 1906-1910; Ламперт, 1913.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ КАБУДИ
АВИНОВА
Polyommatus avinovi (Ju. Ju. Stshetkin, 1980) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалаки кабуд ‒ Lycaenidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳҳои Пётри I (атрофи деҳаи Ҳазорчашма) ва кўҳҳои атрофи Данғара маълум карда шудааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои сангини пўшиши растаниҳои ксерофитӣ дошта дар камарбанди миёнакўҳҳо дар баландии 1800-2500 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Маълум карда нашудааст. Ниҳоят камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Тобистон як маротиба насл меоварад.
Шапалакҳо июн-июл парвоз мекунанд. Хусусиятҳои дигари ин намуд таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст. Эҳтимол чаронидани чорво дар муҳити сукунат ба шумораи ин намуд таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Тадбирҳои махсуси муҳофизат барои ин намуд муайян карда нашудааст.
Хусусиятҳои биологии намудро омўхта, ҳудуди муҳити сукунаташро муайян ва тадбирҳои муҳофизати онро дарёфт намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1980.
ШАПАЛАКИ КАБУДИ
КЎҲИСТОНӢ
Eumedonia kogistana (Grum-Gr., 1888) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалаки кабуд ‒ Lycaenidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар дараи Назараки қаторкўҳи Пётри I, ағбаи Полизаки ҷанубу ғарбии Тавилдара ва ағбаи Николаевск, қаторкўҳҳои Ҳазратишоҳ ва Ишкошим паҳн гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ