Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат Дар нишебии кўҳҳо, ки растаниҳои ксерофитӣ мерўянд, қисман дар нишебиҳои сангин дар баландиҳои 3600-5000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Шумораи он дар муҳити хоси зист нисбатан устувор аст, дар атрофи ҷойҳои хоси сукунат фардҳои алоҳида вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ карда нашудааст.
Соле як маротиба насл медиҳад.
Шапалакҳо моҳҳои июл-август ба парвоз шурўъ мекунанд. Кирмина аз ҳисоби растаниҳои оилаи лубиёгӣ ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Иқлими қаҳратуни маҳал, кам будани наботот, пароканда будани муҳити сукунат, таъсири номатлуби инсон ва ғ. боиси кам шудани ин намуди шапалак гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Роҳ надодан ба чаронидани бенизоми чорво дар маҳалҳои сукунат ва назорат кардани ҳолати популятсияи ин шапалак, таҳқиқи паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии он аз ҷумлаи тадбирҳои босамари муҳофизатӣ мебошанд.
Доштани шапалакҳоро барои коллексия қатъӣ манъ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга СССР, 1984; Tshikolovets, 1997.
ШАПАЛАКИ ЗАРДИ СИВЕРС
Colias sieversi (Gr-Gr., 1887) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои сафед ‒ Pieridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Пётри I, атрофи деҳаи Ҳазорчашма, дараи Назарак, пуштакўҳи Тунчак, резишгоҳи дарёи Девонасу, водии дарёи Ошанинсу, дараи Шоҳгазӣ ва деҳаи Муғ дар баландиҳои 1900-2300 метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Дар саргаҳи минтақаи миёнакўҳ ва баландкўҳ сукунат мекунад.
Дар шароити экологии қитъаи маҳдуде, ки дар баландиҳои 2200- 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, мутобиқат пайдо кардааст.
Барои сукунати ин шапалак нишебиҳои серрутубати кўҳсор, ки аз алафзори нампарвар, камолу буттазор таркиб ёфтааст, мувофиқ аст.
Саршумор
Камшумор аст. Дар Тоҷикистон маҳали анбўҳшавии ин шапалак маълум нест.
Хусусиятҳои биологӣ Дар шароити Тоҷикистон як маротиба насл меоварад. Парвози шапалакҳо аввалҳои июн оғоз ёфта, то миёнаҳои июл давом мекунад.
Дар барги растаниҳои ғизоӣ ба таври алоҳида тухм мегузорад.
Кирминаи аз тухм пайдошуда дар моҳи майи соли оянда ба зоча табдил меёбад. Гиёҳи нахўдаки нампарвар (Astragalus korolkovii)-po ғизо мегирад. ОХИРҲАШАРОТ Insecta ҳои моҳи июл, ҳангоми хотима ёфтани нумўи нахўдак кирмакҳои хурд растании ғизоиро тарк мекунанд ва ба давраи оромӣ мегузаранд.
Омилҳои маҳдудкунанда Мавҷудияти шапалаки зарди сиверс ба муҳити сабзиши нахўдак вобаста аст. Дар мавзеъҳое, ки мунтазам чорво мечаронанд, ин шапалак аз байн рафтааст. Дар маҳале, ки чорворо охирҳои июл ва август мечаронанд, инкишофи кирмакҳои шапалак муътадил мегузарад.
Тадбирҳои ҳифз Дар муҳити сукунати шапалаки сиверс чорвочаронӣ (то охири июл) бояд ба низом дароварда шавад. Дар дараҳои Назарак ва Ошанинсу ғўруқ бунёд кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, Щеткин, 1975; Qrum- Grshitnailo, 1887, 1890; Staudinger, Rebel, 1901.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЗАРДШАПАЛАКИ ФИЛД
Colias fieldii fieldii (Menetries, 1855) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои сафед ‒ Pieridae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.

пешина
аз 256
навбатӣ