КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар соли 2012 парвози 2-3 фарди ин намуд дар мамнуъгоҳи "Ромит"
ба қайд гирифта шуда аст.
Хусусиятҳои биологӣ Монофаг аст. Кирминаҳои он танҳо дар шумтол (Fraxinus sogdiana) ҳаёт ба cap мебаранд.
Дар давраи зочагӣ зимистон МЕҲАШАРОТ Insecta гузаронад.
Дар як сол се маротиба насл меорад. Парвози арвоҳшапалакҳо ва тухмгузории онҳо аз нимаи дуюми май то миёнаҳои нимаи якуми сентябр ба вуқўъ меояд. Кирминаҳо дар назди пояи растаниҳои ғизоӣ, зери хазонрез ва бештар дар чуқурии 3-5 см, баъзан дар ковокии қисми поёни дарахтони калонсол ба зоча мубаддал мешаванд.
Омилҳои маҳдудкунанда Буридани дарахтони шумтол, бунёди истироҳатгоҳҳо дар дараи Варзоб, боиси камшумор гардидани арвоҳаки шумтол гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Буридани дарахтони калонсол, аз ҷумла шумтолро манъ ва фаъолияти хоҷагидории инсонро дар муҳити сукунати арвоҳаки шумтол маҳдуд намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Дегтярева, 1964, 1973; Дегтярева, Щеткин, Щеткин, 1977, 1978; Daniel, 1965; Ebert, 1969.
ҲАШАРОТ
Insecta
АРВОҲАКИ ПАТТА
Laothoe philerema (Djakonov, 1923) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар туғайзорҳои поёноби дарёҳои Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») ва Кофарниҳон паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар туғайзорҳои патта вомехўрад.
Саршумор
Фардҳои алоҳида дучор меояд.
Ҳатто дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», ки қитъаҳои туғайзор нисбатан зиёд мебошанд, саршумори он хеле кам аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол ду маротиба насл меорад. Кирминаҳои он аз барги сафедор (Populus pruinosa) ғизо мегиранд. Парвоз ва тухмгузории насли 1-ум охирҳои апрелу май ва насли 2-юм дар моҳи июлу август ба вуқўъ меояд. Дар сатҳи болоии хок ба зоча мубаддал мешавад.
Зоча зимистон мегузаронад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар даҳсолаҳои охир босуръат буридани паттазор боиси хеле маҳдудияти муҳити сукунати арвоҳаки патта гардидааст. Дар поёноби дарёи Қизилсу пурра аз байн рафтааст. Дар туғайзори поёноби дарёи Кофарниҳон низ ин шапалак нест шудааст. Дар баробари несту нобуд кардани муҳити хоси зист ва растаниҳои ғизоӣ муҳити сукунат ва саршумори арвоҳаки патта ба таври фоҷиавӣ кам мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади пурзўр намудани ҳифзи арвоҳаки патта тамоми қитъаҳои боқимондаи туғайзорро, ки ин намуд паҳн гардидааст, зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Дьяконов, 1923; Щеткин, 1960; Ebert, 1969.
АРВОҲАКИ ҲИСОРИИ ТОК
Acosmeryx naga hissarica Shchetkin, 1956 Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор, водии Ҳисор, қаторкўҳи Қаротегин ва доманаи қаторкўҳи Вахш дар баландии 1000-1550 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи ҷангалзори миёнакўҳ ва дараҳое, ки аз рустании ғизоӣ - токи худрўй (Vitis vinifera) таркиб ёфтаанд зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе (водии Ҳисор) баробари дар ҳавлиҳо парвариш кардани ток пайдо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё