Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Помиру Олой ва пастхамиҳои кўҳии Тоҷикистони Ҷанубӣ-Шарқӣ паҳн гардидааст.
Дар водии Вахш дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" вомехўрад.
Дар баландии 600-3500 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар ҳамворию водиҳои кўҳӣ, марғзору буттазорҳо ва дигар мавзеъҳои офтобрас сукунат мекунад. Хоса дар атрофи чашмаҳои кўҳӣ, ки растаниҳои чатргул мерўянд, бештар дучор меояд.
Саршумор
Дар баъзе мавзеъҳо шумораи ин намуд ба меъёр мувофиқ аст, вале дар навоҳии баландкўҳ хеле кам дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар баландиҳои 1100-1500 метр дар давоми сол се ва дар баландии 1600-2200 метр аз сатҳи баҳр ду маротиба насл медиҳад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр як маротиба насл меорад. Шапа­ лакҳо вобаста аз паҳншавии амудӣ моҳҳои апрел, май, июн, июл ва август ба парвоз шурўъ мекунанд.
Дар бисёр мавридҳо моҳҳои июн-июл дар киштҳои сабзӣ вомехўрад. Дар давраи зочагӣ зимистон мегузаронад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани макони сукунати шапалак ва кам шудани манбаи ғизо боиси нест гаштани ин намуд мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳад зиёд чаронидани чорворо дар маҳалҳои сукунати махаон пешгирӣ намуда, доштани онро барои коллексия манъ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1960; Красная книга СССР, 1984; Красная книга Таджикской
ССР, 1988.
МНЕМОЗИН
Driopa mnemosyne (Linnaeus, 1758) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I, Олой, Ҳазратишоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рўшон, Шуғнон, Ишкошим ва Қурама сукунат паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар марғзорҳо, нишебиҳои кўҳӣ ва соҳили дарёчаҳои кўҳӣ дучор меояд. Дар баландиҳои 1000-3700 метр аз сатҳи баҳр дар мавзеъҳои, ки растаниҳои алафии гуногун мерўянд вомехўрад.
Саршумор
Камшумор аст. Дар солҳои охир дар баъзе минтақаҳои паҳншавӣ саршумораш маҳдуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Шапалаки хоси маҳал аст, ба ҷои дигар намекўчад. Шапалакчаҳо аз моҳи май то миёнаҳои июл ба парвоз шурўъ мекунанд. Дар давоми сол як маротиба насл меорад.
Тухмгузорӣ ва инкишофи кирминаҳо дар растании ҳавоборонак (Coridalis) сурат мегирад.
Кирминаҳо аз гули ин растанӣ ғизо мегиранд. Дар давраи кирмакӣ зимистон мегузаронад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво боиси поймол шудани растании ҳавоборонак ва маҳв шудани кирминаҳои ин намуди шапалак мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар маҳалҳои сукунати мнемозин чаронидани чорворо манъ намудан зарур аст. Ғайриқонунӣ доштани ин намуди шапалакро ба мақсади коллексия зери назорати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга СССР, 1984; Никитский, Свиридов, 1987; Tschikolovetes, 1997.
ҲАШАРОТ
Insecta
АПОЛЛОНИ ТИЁНШОНӢ
Parnassius tianshanicus Oberthür, 1879
Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуде, осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I, Олой, Ҳазратишоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рўшон, Шуғнон, Ишкошим, Музкол, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ ва Қурама паҳн гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ