КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Данилевский, 1979; Danilevsky, 2008.
ҲАШАРОТ
Insecta
САРГИНҒЕЛОНИ
БАНГХААЗӢ
Geotrupes banghaasi Rtt.
Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Лавҳамўйлабҳо ‒ Scarabaeidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон буда, дар қаторкўҳҳои Вахш, Ҳазратишоҳ, Қаротегин паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар ҷангалзори паҳнбарг сукунат мекунад. Дар қабати баргҳои афтидаи дарахтон инкишоф меёбад.
Саршумор
Дар солҳои охир шумораи он босуръат маҳдуд гардидааст. Айни замон хеле кам вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологӣ ва экологии ин намуд муфассал таҳқиқ карда нашудааст. Аз баргҳои афтидаи дарахтони ҷангалӣ ғизо мегирад.
Тухм дар мағзи ғизо барои кирмина гузошта мешавад. Ба сифати ғизо ахлот ва боқимондаи пўсидаи дарахтонро захира мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии камшумор гардидани ин намуд ба буриш ва тоза кардани ҷангал, ки макони хоси сукунати он аст ба шумор меравад.
Тадбирҳои ҳифз
Буриши ҷангалҳои кўҳиро, ки макони хоси сукунати намуд ба шумор мераванд, пешгирӣ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский, 1965; Николаев, 1987.
АЛЕКСАНОР
Papilio alexanor (Esper, 1799) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Пётри I, Зарафшон, Қурама, Олой, Туркис тон, эҳтимол дар Тоҷикистони Ҷанубӣ низ вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои сершахи рост ва санглохи саргаҳи минтақаҳои миёнакўҳ ва баландкўҳ сукунат мекунад. Дар баландиҳои 1500-2800 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Дар дараи Назараки қаторкўҳи Пётри 1 дар қитъаи сангину қумӣ дар баландии 2140- 2400 метр аз сатҳи ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди паҳншавӣ ба таври маҳдуд ва аҳён-аҳён вомехўрад. Соли 1977 дар дараи Назараки қаторкўҳи Пётри I, 40 кирмина ва 5 фарди болиғи он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Кирмакҳои алексанор дар гиёҳҳои гуногуни чатргул (Umbelliferae) ҳаёт ба cap мебаранд. Дар дараи Назарак кирминаҳои ин намуд гул ва меваи камол (Ferula
ҲАШАРОТ
Insecta karategina Lypsky) ғизо мегирад.
Дар давоми 2 сол як маротиба насл медиҳад. Парвоз ва тухмгузории шапакҳо аз моҳи июн то аввали июл идома меёбад. Моҳҳои июл-август аз тухмҳо кирмакҳо пайдо мешаванд. Аз охири моҳи июл то даҳаи сеюми август зоча мешавад. Зочаи алексанор ду маротиба зимистон мегузаронад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи чорвочаронӣ несту нобуд мешавад. Ба камшумории алексанор хусусиятҳои биологии он низ мусоидат мекунанд. Фосилаи дусолаи зоча барои босуръат афзудани он имкон намедиҳад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъ овардани алексанорро барои коллексия манъ намуда, дар мавзеъҳои зисти он чаронидани чорворо маҳдуд намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1979; Christoph, 1973; Higgins, Reley, 1970; Seitz, 1906- 1910; Staudinger, Rebel, 1901; Wiltshire, 1957; Wyatt, Omoto, 1961, 1966.
ҲАШАРОТ
Insecta
МАХАОН
Papilio machaon (Linnaeus, 1758) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё