КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар тамоми мавзеъҳои зист камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Аз рўи ба хусусиятҳои экологӣ ба растании камол (Ferula), алоқаманд аст. Парвози гамбускҳо дар нимаи дуюми моҳи май оғоз гардида, то даҳаи сеюми моҳи июн идома меёбад.
Дар гул ва пояи растании камол вомехўрад. Дар ҳавои равшан бештар фаъол аст. Аз ҳисоби бофтаҳои руйпушкунандаи ниҳол ҳои камол ғизо мегирад. Дар чунин растаниҳо гамбускҳо ҷуфт шуда, модинаҳо тухм мегузоранд.
Инкишофи тухмҳо то давраи пайдо шудани кирминаҳо 1-2 ҳафтаро дар бар мегирад. Кирминаҳо 1 ва ё 2 маротиба зимистонро сипарӣ мекунанд. Баъд аз зимистон дар пояи камол кирминаҳо ба зоча мубаддал мешаванд. Давраи зочагӣ то 2 ҳафта тўл мекашад.
Аз зочаҳо пайдо шудани фардҳои болиғ аз даҳаи якуми моҳи май оғоз гардида, дар моҳи июн ба охир мерасад. Гамбускҳои ҷавон девори пояи камолро сўрох карда ба берун мебароянд.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии кам шудани шумораи чўбхўраки Регина вайрон гардидани макони сукунат буда, ба фаъолияти инсон вобаста аст.
Маҳдуд шудани шумораи намуд ба буриши ҷангалҳо ва чаронидани чорво алоқаманд аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар мавзеъҳои хоси зисти чўбхўраки Регина чаронидани чорво ва алафдаравиро ба низом даровардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский., 1965; Кадыров., 1989.
ЧЎБХЎРАКИ ПАВЛОВСКИЙ
Apatophysis pavlovskii Plav.
Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Чўбхўракҳо – Cerambycidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Эндемики Тоҷикистон буда дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дарёфт карда нашудааст. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор (дараҳои Варзоб ва Ромит), Қаротегин (Сангикар) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар ҳудуди Тоҷикистон дар минтақаҳои кўҳиву ҷангалӣ, ҷангалзори паҳнбарг, ки аз чормағз, фарк, қорт ва ғ. таркиб ёфтаанд дар баландии 1100-1200 метр аз сатҳи баҳр, инчунин дар марзҳои болоии минтақаҳои ҷангалӣ (2200 метр аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Саршумор
То ҳол ҳисоботи мақсаднок оид ба шумораи намуд гузаронида нашудааст.
Дар гузашта намуди муқаррарӣ буд. Айни замон яке аз намудҳои хеле камшумор ба ҳисоб меравад.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологии намуд пурра таҳқиқ карда нашудааст.
Кирминаҳо дар қабати намноки хок дар решаҳои чормағзи юнонӣ, қарағоч, дулона ва дигар растаниҳои инкишоф ёфта, аз қисмҳои зерихокии растаниҳо ғизо мегиранд. Парвози гамбускҳо дар миёнаи моҳи июл оғоз гардида, то охири моҳи август идома меёбад.
Наринаҳо зуд-зуд ба равшанӣ парвоз мекунанд. Модинаҳо бошад ба равшанӣ парвоз накарда, аҳёнаҳён вомехўранд. Зимистонро дар марҳилаи кирминагӣ аз сар мегузаронанд.
Давраи инкишоф ду солро дар бар мегирад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд гардидани масоҳати экосистемаҳои кўҳӣ-ҷангалӣ, ки мавзеъҳои асосии сукунати чўбхўраки Павловский мебошанд, ба ҳисоб мераванд боиси камшумор шудани ин намуд гардидааст.
Аз тарафи ашхоси алоҳида ҷамъоварӣ ва коллексия намудани намуд ба шумораи он таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Манъ кардани буриши ҷангалҳои кўҳӣ ҳамчун макони хоси сукунати намуд. Пурзўр ва самаранок гардонидани реҷаи ҳифз дар ҳудудҳои табиии махсусан ҳифзшаванда. Манъ кардани ҷамъоварии коллексионии намуд аз тарафи ашхоси алоҳида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё