КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат Дар минтақаҳои кўҳӣ ва водиҳои кўҳӣ дар баландиҳои 2300-4200 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Дар шахсор ва обкандаҳо, ки бо марғзорҳои сералаф фаро гирифта шудаанд, дучор меояд.
Саршумор
Камшумор аст, хоса шапалакҳои модина.
Хусусиятҳои биологӣ Соле як маротиба насл меорад.
Шапалакчаҳо аз моҳи июн то миёнаҳои август ба парвоз шурўъ мекунанд. Кирминаҳои ҷавон зимистон мегузаронанд. Ғизояшон растаниҳои ҷинси Pseudosedum ва Rhodiola мебошанд. Дар зери хазони буттаи растаниҳои бисёрсола ва сангҳо ба зоча табдил меёбад.
Инкишофи зоча тақрибан
10 шабонарўзро дар бар мегирад.
Шапалакҳо ба муҳити сукунат алоқамандии зич доранд, вале баъзан ба марғзорҳо гузашта, аз гули растаниҳо ғизо мегиранд.
Дар равшании офтоб парвоз мекунанд. Ҳангоми офтобро фаро гирифтани абрпораҳо зуд болҳояшонро ғундошта рўи алафҳо мешинанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво боиси поймол шудани растаниҳои ғизоӣ ва маҳв гардидани кирминаҳои шапалак мешаванд. Ин омил дар давраи инкишофи кирминаҳо зиёни бештар мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз Дар нишебиҳои сарсабзи кўҳӣ, ки сукунатгоҳи ин намуди шапалак мебошанд ба танзим даровардани чаронидани чорво, ташкил кардани ғўруқи энтомологии кўҳӣ дар қаторкўҳҳои Шуғнон (Санговдара). Ғайриқонунӣ доштани аполлони тиёншониро ба мақсади коллексия зери назорат қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга СССР, 1984; Tschikolovets, 1997.
ШАПАЛАКИ КАРДИНАЛ
Parnassius (Koramius) cardinal (Grumm-Grshimailo, 1887) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Пётри I (ағбаи Гарданикафтар, Белкандоу, Тупчек) ва Дарвоз (ағбаи Хабуработ) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Дар қаторкўҳи Пётри I дар минтақаҳои марғзорҳои намноки баландкўҳ дар баландиҳои 3000-3200 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Дар қаторкўҳи Дарвоз дар пастхамиҳои сангин бо растаниҳои марғзорӣ пўшидашуда вомехўрад.
Саршумор
Дар тамоми мавзеъҳои сукунат намуди камшумор мебошад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар моҳҳои июн-июл ба парвоз шурўъ мекунад. Зимистонро кирминаҳои хурде, ки баҳор ва аввали тобистон аз растании Corydalis ledebouriana ғизо гирифтаанд сипарӣ мекунанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Вобаста ба он ки шапалак қобилияти кўчиши тўлонӣ надорад популятсияи он коҳиш ёфтааст.
ҲАШАРОТ
Insecta
Парвариш дар шароити сунъӣ Таҳқиқ нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Дар макони сукунати шапалаки кардинал бо мақсади нигоҳ доштани маҷмуаи фаунаи алпӣ ва субалпии ҳашарот фаъолияти хоҷагидории инсон, аз ҷумла чаронидани бенизоми чорворо пешгирӣ намудан зарур аст.
Ғайриқонунӣ доштани ин намудро бо мақсади коллексия зери назорат қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крейцберг, 1984; Водянов, Дубровский, 2013; Sakai, 1981, Groum-Grshimailo, 1890; Tuzov, 1997; Tshikolovets, 2003.
ҲАШАРОТ
Insecta
АПОЛЛОНИ АКТИУС
Parnassius actius (Eversmann, 1843) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I, Олой, Ҳазратишоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рўшон, Шуғнон, Ишкошим, Музкул, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Пшарт ва Вахон паҳн гардидааст
.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё