Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Вазъи онро дар табиат муайян карда, парваридан ва тадбирҳои муҳофизатӣ андешидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Черняковская, 1941; Григортсев, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҒАРАБ (СЕВАЧЎБ)
Arundo donax L.
Оилаи Poaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ягона дар авлоди Arundo аст. Пояаш 70-75% селулоза ва алкалоидҳои гуногун дорад.
Паҳншавӣ
Дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ (атрофи ш. Кўлоб, Ғаравутӣ) ва ш. Душанбе месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои наздикўҳӣ ва водии дарёҳо, ҷўйҳо (дар баландиҳои 500-1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба сарнай Phragmites communis Trin, ки дар Тоҷикистон маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиашон маълум нест. Ҳоло хеле кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, то 6 м қад мекашад.
Пояаш ғафс (то 4 см), тиррешааш дароз ва пурқувват аст.
Барги дарози нўгтез (бараш 3-6 см, дарозиаш 20-30 см) дорад.
Хўшааш зич, калон (дарозиаш 40-70 см), тирамоҳ гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Зироаткорӣ, дарави алафзор ва чаронидани чорво боиси камшумориву маҳдудии муҳити рушди он гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тухми он қобилияти сабзиш надорад.
Парвариши онро бо усули нашвӣ (вегетативӣ) ҷорӣ кардан зарур аст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании давоӣ, техникӣ, хўроки чорво ва ороишӣ аст. Ҳамчун ашёи хом барои саноати дорусозӣ ва чўбкорӣ, хўроки чорво аҳамият дорад.
Тадбирҳои зарури муҳофизат Дар шароити табиӣ парваришгоҳ барпо карда, барои истифода дар истеҳсолот парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. I, 1957.
ДУМИ РЎБОҲ
Alopecurus seravschanicus Ovcz.
Оилаи Poaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ муҳим буда, дар шароити баландкўҳ гази карбонатро бештар истеъмол мекунад.
Паҳншавӣ
Дар дараи Варзоб ва марғзори шимолу ғарбии қаторкўҳи Зарафшон вомехўрад.
Муҳити рушд
Митақаи баландкўҳ, нишебиҳои сернам, хокӣ ва санглох, водии дарёҳо (дар баландиҳои 2000- 3600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. prаtense L., ки дар Тоҷикистон маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Гоҳ-гоҳ вомехўрад. Миқдори умумии он маълум нест. Ҳоло хеле кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, то 125 см қад мекашад. Танарешааш кўтоҳ, пояаш сербарг аст. Баргаш бо мўякчаҳои кўтоҳ пўшида шудааст.
Хўшааш дароз (5-10 см).
Моҳҳои июн-июл гул карда, июлавгуст мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷагидории инсон (алафдарав, кишту кор, зироат) боиси камшумориву маҳдудии муҳити рушди он гардидааст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тухми он қобилияти хуби сабзиш дорад. Ҳангоми парвариш тез афзоиш мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании хўроки чорво дар минтақаи баландкўҳи ҷумҳурӣ аст.
Тухм ва хошоки он маҳсулоти хуби тиҷоратӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро парваришгоҳ намуда, барои истифода дар истеҳсолот парваридан зарур аст.

пешина
аз 256
навбатӣ