Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. I, 1957.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КОВИЛИ ПОМИРӢ
Stipa pamirica Roshev Оилаи Poaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Помири Fapбӣ (Бадахшон) аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ муҳим буда, дар шароити баландкўҳ гази карбонатро истифода мебарад.
Паҳншавӣ
Дар якчанд муҳити қаторкўҳи Вахон (наздики деҳаҳои Вранг, Лангар, дарёи Ямчин; чарогоҳи Шойбин) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалу қумзор, дашти зулзадазор ва набототи криофилӣ, ки дорои баъзе хусусиятҳои биёбони баландкўҳ аст, дар баландиҳои 3100-4900 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. badachschanica Roshev.
(Помири Ғарбӣ, Афғонистони Шимолӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, патакрешааш чим ҳосил мекунад. Пояаш то
70 см қад кашида, бо мўякчаҳо пўшида шудааст. Баргаш мўякчадор.
Ҷорўбак (хўша)-аш то 20-
35 см мешавад. Моҳҳои июн-июл гул карда, июл-август донаш мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити паҳншавии ковил аз ҳад зиёд чарондани чорво боиси камшумории он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Накиштаанд. Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хўроки чорво аст.
Тадбирҳои ҳифз
Нумўи ковилро зери назорат гирифта, дар маҳалле, ки он бисёр аст, парваришгоҳ барпо кардан аҳамияти калон дорад.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, Чукавина, 1957; Свелев, 1976.
КОВИЛИ ЯҒНОБӢ
Stipa jagnobica Ovcz. et Czuk.
Оилаи Poaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси кўҳистони Тоҷикистони Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ муҳим буда, дар шароити баландкўҳ гази карбонатро истеъмол мекунад.
Дар селексия низ истифода мешавад.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Яғноб, шимоли қаторкўҳи Ҳисор вомехўрад.
Муҳити рушд
Минтақаи баландкўҳ, нишебиҳои хокӣ ва санглох, дар ҷамоаи набототи даштӣ (дар баландиҳои 2600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. kuhitangi Drob. (Помиру- Олой) ва S.richteriana Kar. et Kir.
(Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон, Хитойи Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Гоҳ-гоҳ вомехўрад. Миқдори умумии он маълум нест. Ҳоло хеле кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, патакрешааш чим ҳосил мекунад. Пояаш дароз (30 см), пашмакдор. Ҷорўбакаш дароз (5-10 см)-и борик, мўякча надорад. Моҳи июн гул карда, июл мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омўхта нашудааст. Эҳтимол аз ҳад зиёд чарондани чорво боиси кам шудани шумора ва маҳдудии ҷои зисти он гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ.
Муайян накардаанд. Омўхтан зарур аст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар чарогоҳҳои баландкўҳӣ растании хўроки чорво аст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро омўхта, тадбирҳои ҳифзашро муайян кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. I, 1957.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПИЛЛАДАСТА
Atraphaxis avenia Botsch.
Оилаи Polygonaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир ва камёфт.
Паҳншавӣ
Қаторкўҳи Ҳазратишоҳ. Онро фақат аз атрофи деҳаи Боғ (Наздидарвоз, ноҳияи Шурообод) чиндаанд.

пешина
аз 256
навбатӣ