КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Маҷаҳро ҳам ба монанди навъҳои боғиаш (пион) мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҳама ҷо чиндани гули маҷаҳ ро манъ кардан лозим аст. Ба кофтани бехи он бе иҷозати махсус роҳ набояд дод.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ ДАРЁ
Eulophia turkestanica (Litv.) Schlechter
Оилаи Orchidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси қисми ҷануби Осиёи Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, ҷиҳатҳои илмиаш омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон пештар дар соҳили дарёҳои калон аз водии Ҳисор то ноҳияи Панҷ нашъунамо мекард.
Намуди ҳамшабеҳ Ҷинси Eulophia гиёҳҳои ноҳияи гарм буда, намудҳои шабеҳи он E. turkestanica дар Ҳиндустон мерўянд. Дар байни хелҳои ҷинс гули дарё навъи ягонаест, ки аз ноҳияҳои иқлимашон гарми муътадил ва субтропикӣ баромадааст.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои сернам ва шибарзамини водии дарёҳои доманакўҳ, ҷойҳои кушод ва ҷигдазор, сарнайзор (дар баландиҳои 650-800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Хеле кам, фақат дар сарҳади Тоҷикистон бо Ўзбекистон вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола буда, аввал пояҳои гулдор, баъд пояҳои баргдори он инкишоф меёбанд. Баргаш сахт, ба барги растаниҳои хўшадор мемонад. Гулпояаш аз лўнда неш зада, то 25-50 см қад мекашад. Гулаш зард, дарозиаш 5-10 мм. Моҳҳои апрел-май гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи истифодаи муҳити рушди гули дарё ҷамчун истироҳатгоҳ ва чарондани чорво, муҳити сабзишаш хеле маҳдуд шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити табиӣ аз лўнда ва эҳтимол аз тухм зиёд мешавад.
Дар шароити сунъӣ насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро доимӣ ҳифз кардан, дар шароити табиӣ ба зери назорат гирифтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Григорцев, 1963; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
ХЎДГИЁҲ
Zeuxine strateumatica (L.) Schlechter
Оилаи Orchidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз нуқтаи назари илмӣ омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди ИДМ фақат дар ҷануби Помиру Олой мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни набототи Осиёи Марказӣ хели ҳамшабеҳ надорад.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои сернами водии дарёҳо ва набототи саваннамонанд (Saccharum) дар баландиҳои 700- 1000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон боқӣ мондааст. Хеле кам аст. Дар доираи муҳити рушд тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи тирреша аст. Пояааш 4-15 см қад кашида, баргҳои зиёди нештармонанд дорад.
Гулаш сафед, қисми поёнаш лабмонанд. Моҳҳои март-апрел гул карда, май-июн самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз таъсири омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст.
Дар даҳ соли охир хўдгиёҳро чиндан муяссар нашудааст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол дар шароити табиӣ аз решапоя зиёд шавад. Дар шароити сунъӣ онро насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо