КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм, бехҷаст (бо роҳи нашвӣ) ва нардҳои решагирифтаи буни тана зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Меваи анҷир хело серғизо аст.
Анҷири тар 12-28 фоиз ва анҷири хушк 55-70 фоиз қанд, сафеда, оҳар, пектин, витаминҳои А, В1, В2, С дорад. Анҷирро аз замонҳои қадим ҳамчун растании табобатӣ истифода мебаранд.
Тадбирҳои ҳифз Анҷирро дар шароити табиӣ аз буридану нобуд кардан ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Чукавин, 1966; Запрягаева, 1976; Шарипов 1980.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЁСУМАН (СУМАН)
Jasminum revolutum Sims Оилаи Oleaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди ИДМ фақат дар наздики деҳаи Кеврони нишебиҳои Ҷануби қаторкўҳи Дарвози Тоҷикистон мерўяд. Берун аз хоки ҷумҳурӣ дар Афғонистон ва ғарби Ҳимолой вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. humile L. (Хитойи Ғарбӣ) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар доманаи минтақаи ҷангалзори гармсер дар шағалҷои наздики обрез (дар баландии 1380 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд анбўҳи суманзор
40 м2
-ро фаро мегирад. Дар 1 м2 ёсуман то 10 тана мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Аз бехчаст ва мумкин аст аз тухму қаламча зиёд шавад. Дар табиат кам тухм мебандад. Мевааш 1-2 дона тухм дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Пўстлохи шохашро дар тибби халқӣ истифода мебаранд, бинобар ҳамин ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудан ва назорат накардани ёсуман захираи он кам шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз миёнаҳои асри XIX дар Қрим, Боғи набототи давлатии Никита мепарваранд. Ҳоло онро дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ парвариш мекунанд. Дар боғи набототи Душанбе гул ва мева мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Ёсуманро дар шароити табиӣ қатъӣ ҳифз бояд кард. Онро омўхта, чун гулбуттаи ороишӣ парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Васильев, 1952; Пилипенко, 1960, Чукавин, 1963; Тахтаджян, 1975.
МАҶАҲ
Paeonia intermedia S. А. Меу Оилаи Paeoniaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар минтақаи баландкўҳи қаторкўҳҳои Қурама, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I, Терай ва Загар вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. anomala L. (Аврупою Сибир ва Осиёи Марказӣ), инчунин P. hybrida Pall., ки дар Олтой ва Тарбоғтой мерўяд, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии настаранзор, анбўҳи пахшбутта, юғанзор, баъзан дар фаркзори сирак месабзад. Дар баъзе ҷойҳо маҷаҳзор (дар баландии аз 2000 то 3000 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Шумора
Одатан тўп-тўп (чандбехӣ) мерўяд.
Баъзан маҷаҳзори фарохро низ (қариб 10 км2) метавон дид.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растаниест бисёрсола. Пояҳояш рост. Баргаш мураккаб. Аз тухм ва қаламча (нашвӣ) зиёд мегардад.
Мевааш фаровон мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Яке аз гулҳои хеле базеби гаронбаҳост. Гули маҷаҳро бисёр чинда нобуд мекунанд. Дар натиҷаи мунтазам чарондани
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae моли майда ниҳоли он поймол мегардад. Лўндаи онро барои тайёр кардани доруи иллати меъдаву рўда истифода мебаранд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Ба осонӣ кишта мешавад. Дар Боғи набототи Душанбе онро аз тухм ва ҳам аз қаламча зиёд мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо