Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвии он дар озмоишгоҳи фитокимиёвии Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ омўхта шудааст.
Намуди нодир аст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз водии дарёи Сиёма, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои саргаҳи минтақаи ҷангалзори паҳнбарг (дар шахҳо дар баландиҳои 1800-2400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни хелҳои маълуми нахўдакҳои кўҳӣ ҳамшабеҳ надорад.
Раддаи монотипи Siomenses Abduss. ҳисоб меёбад.
Шумора
Кам аст. Тўп-тўп ё тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш дар табиат маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттачаи болиштакмонанд, аз 8 то 15 см қад мекашад. Пояи шохрондаи кутоҳ дорад. Баргаш (5-12 см) аз (6) 8-15 (17) ҷуфт баргчаҳо таркиб ёфтааст. Гулаш кабуди гулобӣ. Мевааш ғилофак, дарозиаш 13-15 (16) мм, бараш 3,5-5 мм.
Тухмаш дарозрўяи сурхча. Моҳи май-июн гул карда, июн-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чаронидани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷагии инсон боиси камшумориву маҳдудии рушдгоҳи он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар табиат ба тавассути тухм афзоиш меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Истифодаи растанӣ ҳамчун ғизои инсон маълум нест. Чорво онро мехўрад.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои рушди маълуми онро ҳифз ва парваришгоҳ эълон кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямова, 1974, 1978.
ЗЎЛЗАДА
Tragacantha аlexeenkoana (B. Fedtsch. et lvanova) Boriss.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Шарқӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодиру камёфт.
Паҳншавӣ
Фақат хоси Тоҷикистон аст. Аз қаторкўҳи Дарвоз (атрофи деҳаи Кеврон; байни деҳоти Ҷирф ва Кеврон) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, бодомзорҳо ва арчазори термофилӣ (дар баландиҳои 1400-2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. dissecta (B.Fedtsch. et lvanova) Boriss, ки дар Помиру Олой маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи қадпасти сершохаи болиштакмонанд буда, то 50 см қад мекашад. Наздбаргаш байзашакл (1,3-1,5 см). Баргаш (1-1,3 см) аз (5) 8-9 ҷуфт баргчаҳои сўзаншакл таркиб ёфтааст. Гулаш зард ё сафедча, панҷ ё шаштоӣ дар бағалаи баргҳо ҷойгиранд. Мевааш як тухм дорад. Моҳҳои августсентябр гул карда, сентябр самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ (тасири тасодуфии омилҳои хоҷагии инсон боиси камшумории он мегардад).
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар табиат тавассути тухм афзоиш мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест.
Чорво онро мехўрад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба таври қатъӣ муҳофизати муҳити рушд, ташкили парвариш­ гоҳ ва парвариши он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, Иванова, 1936; Гончаров, 1946; Расулова, Шарипова, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СЎЗАНКАҲИ ДУЛОНА
Tragacantha dolona Rassul. et B.Scharip.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тиёншони Ғарбӣ мебошад.

пешина
аз 256
навбатӣ