КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикисто ни Шимолӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодири камёфт.
Паҳншавӣ
Ареалаш пароканда ва хоси Осиёи Марказӣ аст. Дар Тоҷикистон онро аз водии рўди Понғози қаторкўҳи Қурама дарёфт карданд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки санг-лохи минтақаи нимсаваннаи алафаш баланди хўшадор, ки аз қитъҳои ҷангалзори гармсер иборат аст (дар баландиҳои 1600-1800 м аз сатҳи баҳр), нумў мекунад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба O. capusii Franch., ки дар қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор вомехўрад, қаробат дорад.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Аз 20 то 35 см қад кашида, бо мўякчаҳои зич пўшида шудааст.
Дарозии баргаш 10-15 см.
Моҳҳои май-июн гул карда, июн
– июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ (чарондани чорво ва аз худ кардани доманакўҳҳо) сабаби камшавӣ мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар табиат ба тавассути тухм афзоиш меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хамчун хўроки чорво истифода мешавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳофизат кардани муҳити рушд ва ба зери назорат гирифтани он ба таври қатъӣ зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямова, 1974, 1978.
НАХЎДАКИ ҶАНГАЛӢ
Oxytropis mumynabadensis B.Fedtsch.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодиру камёфт мебошад.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Помиру Олой танҳо дар Тоҷикистон дар як муҳити қаторкўҳи Ҳазратишоҳ (кўҳи Каҷбандони атрофи Муъминобод) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии минтақаи ҷангалзори паҳнбарг (дар баландиҳои 2300-2500 аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳи он маълум нест, раддаи монотипии Mumynabadensis Abduss. ҳисоб шудааст.
Шумора
Соли 1834 А. Регел онро як маротиба чиндааст. Борҳо кўшида бошанд ҳам, бори дигар дарёфтани он муяссар нагашт. Эҳтимол аз байн рафта бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Аз 25 то 30 см қад мекашад. Бо мўякчаҳои дурушт пўшида шудааст.
Баргаш (20-30 см) аз 25 то 40 ҷуфт баргчаҳои дарозрўяи нештаршакл дорад. Дарозии баргчаҳо 10-20 см, барашон 4 –
6 мм (7). Гулаш кабуди гулобӣ.
Ғўракаш нештармонанд (дарозиаш то 3 мм). Дар табиат аз тухм зиёд мешавад. Моҳи апрел гул карда, май – июн самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар маҳалҳои рушди он аз ҳад зиёд чарондани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷагии инсон сабаби асосии нестшавӣ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хамчун хўроки чорво истифода мебаранд. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Фавран ва ҷиддӣ дар табиат ҷустуҷўй кардани нахўдаки ҷангалӣ зарур аст, дар сурати пайдо намудан, муҳити рушди онро қатъӣ муҳофизат бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, 1906; Абдусалямова, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАХЎДАКИ КЎҲӢ
Oxytropis siomensis Abduss.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё