КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодири камёфт.
Паҳншавӣ
Фақат дар ду муҳити қаторкўҳи Язғулом (водии дарёи Панҷ, байни қалъаи Вамару Вооздараи Шавуд) нумў мекунад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои минтақаи бешазори гармсер (дар баландиҳои 1800-2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни дигар хелҳои маълум авлоди нахўдакгул ҳамшабеҳ надорад.
Гурўҳи монотипии Schugnanica Vass.-ро ташкил медиҳад.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест. Гурўҳгурўҳ, ки хурду камшумор аст, ё тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ аз 6 то 10 см қад кашида, пояи ниҳоят кўтоҳ (2 см) ё заиф дорад. Баргаш (2-4 см) аз 2-3 (4) ҷуфт баргча таркиб ёфтааст.
Тўдагулаш сипаршакл, \5-15 гул иборат аст. Ранги гулаш бунафш.
Мевааш ғилофак (12-15 мм). Моҳи май-июл гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар маҳаллҳои рушди нахўдакгул чаронидани чорво, таъсири омилҳои дигари хоҷагии инсон боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизо барои чорво истифода мешавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои рушди онро ҳифз бояд кард. Парвариши нахўдакгулро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова 1936; Васильченко, 1978; Абдусалямова, 1978.
ГАНДАМУРЧ
Oxytropis hedinii E. Ulbrich Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Осиёи Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодири камёфт.
Паҳншавӣ
Ареали тоқа-тоқа, хоси Осиёи Марказӣ, Тибет. Дар Тоҷикистон танҳо дар Помири Шарқӣ (води Шадпут) вомехўрад. Ғайр аз он дар Қоштағ ва шимоли Тибет дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдори минтақаи набототи гармсер (дар баландии тақрибан 4700 м аз сатҳи баҳр) месабзад Намуди ҳамшабеҳ Дар байни гандамурчҳои Тоҷикистон хелҳои ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар Тоҷикистон гандамурчро як маротиба чиндаанд ва бори дигар пайдо кардани он муяссар нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ то 10 см қад мекашад; пояаш мўякчадор. Баргаш (6-8 см) аз 6-12 ҷуфт баргчаҳо таркиб ёфтааст.
Дар хўшагулаш аз 3 то 7 гул мавҷуд аст. Гулҳо ранги гулобӣ доранд (дар гербария ранги сурхро мегиранд). Андозаи гулбаргҳо 24-25 мм. Мевааш ғилофак, 4 см дарозӣ ва 5-7 мм паҳноӣ дорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар табиат эҳтимол аз тухм инкишоф ёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хамҷун хўрок барои ҳайвонот истифода мешавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Онро фавран ҷустуҷўй бояд кард.
Дар сурати дарёфтан муҳити рушдро қатъӣ ҳифз ва парваришгоҳ барпо намудан лозим аст. Парвариши он бояд санҷида шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
E. Ulbrich, 1905; Иконников, 1963; Абдусалямова, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАБКГИЁҲ
Oxytropis kuramensis Abduss.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё