КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ҳамроҳ кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1975; Кочкарева, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҚАТРАБОРОНИ ФАРҒОНӢ
Onobrychis ferganica (Sirjaev) Grossh.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикис тони Шарқӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани генофонди авлоди Onobrychis муфид аст.
Паҳншавӣ
Дар қисми шимолу шарқи қаторкўҳи Пётри I ва ҷануби қаторкўҳи Қаротегин вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии ҷангалзори паҳнбарг (настаранзор), марғзор, юғанзор дар атрофи деҳаи Ҷиргатол, кўли Офтобрў (дар баландиҳои 1700-2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба O. arenaria (Kit. ех Willd), ки дар Олой маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа вомехўрад. Миқ-дори умумиаш маълум нест. Ҳоло хеле кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, қадаш 50-70 см мешавад. Танааш борики мўякчадор.
Барги поёнии поя назар ба баргҳои болоӣ калонтар буда, дорои 5-7 ҷуфт баргча аст.
Тўдагулаш аз 20 то 50 гули сурхи зардчатоб дорад. Ғилофакаш хурд, бо мўякчаҳои кутоҳ пўшонида шудааст. Моҳҳои майиюн гул, июн-август мева мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво дар муҳити рушди он ва зироаткорӣ боиси камшумориву маҳдуд шудани рушдгоҳ гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тухми он қобилияти хуби сабзиш дорад. Парвариши онро ҷорӣ кардан зарур аст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хўроки чорво аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҷамоаи худрўи он парваришгоҳ барпо карда, чун растании хўроки чорво ҳифз кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. V, 1978.
САНГЛОХГИЁҲ
Onobrychis gontscharovii Vass.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвии он аз тарафи озмоишгоҳи фитокимиёвии Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ омўхта шудааст.
Дар айёми гулшукуфт онро чорво мехўрад.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҷануби Тоҷикистон (қаторкўҳи Санглох) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии ҷангалзори гармсер (бодомзор, туғзор) ва нимсаваннаи хўшадорҳои баландқад (дар баландиҳои 1700- 2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба O. lipskyi Korov., ки дар Кабуддоғ маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ аз 20 то 25 см дарозӣ дорад.
Пояҳояш рост. Баргаш мураккаби тоқа, ҳар як барг аз 5-7 ҷуфт баргчаҳо таркиб ёфтааст.
Мевааш ғилофак (6-7 мм). Майиюн гул карда, июн-август самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди санглохгиёҳ аз ҳад зиёд чаронидани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷагидории инсон боиси камшумориву маҳдудии рушдгоҳ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш накардаанд. Дар табиат аз тухм афзоиш мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хўроки чорво аст.
Тадбирҳои ҳифз
Парваришгоҳ барпо карда, онро чун растании хўроки чорво аз тухм зиёд кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Васильченко, 1937; Абдусалямова, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАХЎДАКГУЛ
Oxytropis astragaloides Boriss.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё