Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ дар шароитии сунъӣ.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад, ҳамчун хўроки чорво истифода мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Тангагиёҳро дар табиат ҷустуҷў карда, парваришгоҳ таъсис додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, 1902; 1948; Каримова, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ТАНГАГИЁҲИ МОҒИЁНӢ
Hedysarum mogianicum (B.Fedtsch.) B.Fedtsch.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва аҳамияти ғизоии он омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити қаторкўҳи Зарафшон (деҳаи Моғиён; байни деҳоти Соя ва Шинг; байни деҳоти Заврон ва Киштут; водии дарёи Обиборик; атрофи кўли Ҳазорчашма) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдору хокӣ (дар баландиҳои аз 1300 то 2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба H. songoricum Bong. (Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ аз 50 то 80 см қад мекашад.
Пояи бисёри шохронда дорад.
Наздбаргаҳояш дарозрўя ё секунҷа (0,5-1,8 см). Баргаш (5-10 см) аз 2-5 баргча таркиб ёфтааст.
Тўдагулаш (13-35 см) сермўяк.
Андозаи косабаргҳо 7-10 мм, гулбаргҳо 1,5-2 см. Мевааш ғилофак. Дарозии тухмаш 3-3,2 мм, сиёҳи гурдамонанд мешавад.
Моҳи июл гулу мева мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Онро моли майда мехўрад. Дар давраи гулшукуфт растании хеле зебост.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Онро парвариш накардаанд. Дар табиат аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои хуби ҳайвонот ба ҳисоб меравад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, 1902; Каримова, 1978.
БУЛҒОР (ДУБУЛҒА)
Keyserlingia mollis (Royle) Boiss.
(Sophora mollis Graham.) Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои қаторкўҳи Дарвоз ва Ҳазратишоҳ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва нимсаваннаи алафаш хўшадори баланд (дар баландии 1100-1500 м аз сатҳи баҳр) нумў мекунад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. korolkowii Kochne, ки дар Осиёи Марказӣ (дар байни шаҳрҳои Тошкумур ва Майлисойи ҳавзаи дарёи Норин) месабзад, ҳамшабеҳ аст.
Шумора
Кам аст. Дар чанд дараи шохобҳои дарёи Панҷ булғорзорҳои хурд мавҷуданд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки то 2-2,5 м қад мекашад.
Баргаш 8-15 ҷуфт, дарозиаш 6-20 см, бараш 6-11 см, байзашакл ё гирд. Гулаш дар тўдагули гўшворак ҷойгир мебошад.
Моҳҳои апрел гул карда тухм мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз худ кардани муҳити рушд, чарондани чорво ва аз тарафи одамон буридан сабаби камшуморӣ ва нестшавӣ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғи ботаникии Кўлоб аз соли 2009 парвариш меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Буттаи зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро дар Тоҷикистон қатъӣ муҳофизат ва булғорзорҳои беҳтаринро ба парваришгоҳи «Дашти-Ҷум»

пешина
аз 256
навбатӣ