Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамият ва мақоми илмӣ Таркиби кимиёвӣ ва ғизоии он омўхта нашудааст. Намуди нодири камёфт.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Қурама (атрофи деҳаи Дулона) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар замини регсанг (дар баландиҳои 1000-1500 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Т. bactriana (Fisch.) Kuntze, ки дар Ғарби Помиру Олой фаровон аст, қаробат дорад.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи болиштакшакли хордор, то 20 см қад мекашад. Баргаш аз
60 ҷуфт баргчаҳо таркиб ёфтааст; дарозии баргчаҳо 5-7 мм, барашон
2 мм. Гулаш зард, ғўракаш байзашакл (4,5 мм).
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво сабаби нестшавӣ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар табиат ба тавассути тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад, чорво онро мехўрад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи қатъӣ ва парваришгоҳ эълон намудани муҳити рушди он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Гончаров, 1946; Расулова, Шарипова, 1978.
ГУЛИ БАҲМАН
Crocus korolkowii Regel et Maw Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Осиёи Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар ғарби Помиру Олой (аз доманакўҳи қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз то пасткўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ) мерўяд. Дар ҷанубу ғарби Ўзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар ҷангал, нишебиҳои хокӣ, аксар дар қитъаҳои ҷанубӣ, ҷинсҳои кушоди рангон, шўрзамини минтақаи биёбони шибоғзор месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба C. alatavicus Regel et Sem. (Тиёншон, ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Бештар гурўҳ-гурўҳ (15- 100-бехӣ), баъзан тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдори умумиаш дар табиат маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакбех.
Ғафсии пиёзакаш 1-2 см. Баргаш борик, дарозиаш 5-6 см. Тухмаш хокистарранги гирд, дарозиаш 4 мм, бараш 3 мм, вазни 90 донааш
1 г. Моҳи феврал-май гул карда, март-июн тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гули зебои навбаҳор аст, аз он гулдаста мекунанд. Ба киштзор табдил ёфтани заминҳое,
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae ки баҳман мерўяд, боиси камшуморӣ ва маҳдуди рушдгоҳи он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
Онро дар боғи набототи шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Чиндани гули баҳманро манъ карда, дар заминҳои навкорам парваришгоҳ барпо намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Елманова, 1979; Бобоев ва диг., 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
САВСАНИ КЎҲӢ
Iris darvasica Regel Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир мебошад.
Паҳншавӣ
Дар миёнакўҳҳои Ҳисору Дарвоз (қаторкўҳҳои Қаротегин, Пётри I, Дарвоз, Ҳазратишоҳ) пароканда месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, хоки шағалдор, бештар дар минтақаи ҷангали гармсер (шибляк) ва дар саргаҳи настаранзорҳо (дар баландиҳои 1500-2800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.

пешина
аз 256
навбатӣ