Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар Боғҳои набототи ш.
Душанбе ва Кўлоб мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии гул ва кофтани бехи ҷавғосунро катъӣ манъ бояд кард. Дар мавзеъи муҳити рушди он чанд парваришгоҳ барпо кардан лозим. Таҳқиқи мукаммал ва ба васотаи тухму пиёзакҳо кишт ва парваридани он бояд ба роҳ монда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Федоров, 1957; Рябова, 1965; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
КАВАРАК
Capparis rosanoviana В. Fedtsch.
Оилаи Сарраrасеае Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Кам тадқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Хоҷақозиён, Риқтоғ, Туюнтоғ, Боботоғ, Табақ­ чӣ ва Оқтоғ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки сероҳак, ҷангали ксерофилии гармсер (пистазор, бодомзор) дар баландиҳои 500-1600 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба С. spinosa L. ( минтақаи Баҳримиёназамини қадим) қаробат дорад.
Шумора
Миқдораш маълум нест.Тоқатоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 34 – 50 см қад мекашад. Пояаш сершоха, баргаш (дарозиаш 1,5 – 3 см, бараш 0,5 – 1,3 см) нештаршакл, бо мўякчаҳо пушонида шудааст.
Моҳи май гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Онро одамон чун гули ороишӣ мечинанд.Чаронидани чорво низ
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae зарар мерасонад ва сабаби асосии нестшави ин гул мегардад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо воситаи тухмаш афзоиш мекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба муҳофизати муҳити рушди каварак диққати ҷиддӣ дода, парвариши онро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Тахтаджян, 1975; Сосков, 1975; Белоусова ва диг., 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАУЛ
Cleome lipskyi М. Pop.
Оилаи Сарраrасеае Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷанубу ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Шумора
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гиёҳи нодир.
Хеле кам аст. Баъзан тоқа-тоқа Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ вомехўрад. Миқдоран омўхта наАфзоиш ва парвариш дар шарои- Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ (иншудааст.
ти сунъӣ тиҳои ҷануби қаторкўҳи Боботоғ, Хусусиятҳои биоморфологӣ Маълумот нест. Аз тухмаш афзочашмаи Найза; Туюнтоғ – чашРастаниест яксола, пояаш рост маи Туюн ва пуштаи Ғаравутӣ) иш мекунад.
(5-30 см). Баргаш содаи думчаҳамагӣ дар чанд маҳал мерўяд.
дор (дарозиаш 1,5-2 см, бараш Тадбирҳои зарури муҳофизат Муҳити рушд 1,5-2 см), бо мўякчаҳо пўшонида Муҳити рушди каулро ҳартарафа Дар гаҷхоки урён дар баландиҳои шудаанд. Аз тухм зиёд мешавад.
ҳифз карда, парвариши онро 600-800 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Моҳҳои июн ва июл гул мекунад.
санҷидан зарур аст.
Намуди ҳамшабеҳ Сабабҳои тағйири шумора ва Ба С. nоеаnа Boiss. (маҳалҳои рушдгоҳ шарқи минтақаи Баҳримиё- Кушодани заминҳои нав, дар назамини қадим) қаробат дорад.
муҳити рушди он чаронидани чорво. Каул махсусан дар давраи гулшукуфт зуд осеб мебинад.
Сарчашмаи иттилоот:
Сосков, 1975.
МУШОЛ (БУШОЛ)
Lonicera heterotricha Pojark. et Zak.
Оилаи Caprifoliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камёфт ва ороишӣ мебошад.

пешина
аз 256
навбатӣ