Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он 200-400 дона тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди алафи ёва киш кардани зироати лалмӣ ва дарави алафзор ҳангоми гулшукуфт боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳи он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳофизати қатъии муҳити рушд, таъсиси парваришгоҳ ва парвариши он.
Сарчашмаи иттилоот:
Юнусов, 1975; 1978
МОМОГУЛАК
Cryptocodon monocephalus (Trautv.) Fed.
Оилаи Campanulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой ва Тиёншон мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир ва камёфт аст. Хоси Тоҷикистон мебошад.
Паҳншавӣ
Онро дар ду муҳити қаторкўҳи Зарафшон (кўҳи Дашти Қозӣ ва наздики резишгоҳи дарёи Киштут) ёфтаанд. Дар Қазоқистони Ҷанубӣ низ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки санглохи шибоғу ковилзори минтақаи арчазори гармидўст ва дашт (дар баландии зиёда аз 1700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Аз рўи таснифот ба ҷинси Аsyneuma монандӣ дорад, вале зоҳиран тамоман дигар аст.
Шумора
Хеле кам аст. Тоқа-тоқа мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 8-15 см қад мекашад. Пояаш рост ва сершумор.
Дарозии баргаш 3-9 см, бараш 0,9-2,5 см; байзамонанд аст.
Нўги баргҳо кунди гирда, сатҳи паҳнакашон аррашакл. Аз тухм зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Буридани дарахту буттаҳо, рохкушоӣ, сохтмони иншооти гуногуни гидрологӣ ва геологӣ хавфи барҳамхўрии момогулакро ба миён меорад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ.
Аҳамияти ороишӣ ва давоӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои муҳофизати муҳити рушди момогулак диққати ҷиддӣ додан зарур аст, парваришгоҳ барпо карда, кишти онро санҷидан лозим.
Сарчашмаи иттилоот:
Федоров, 1957; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ ҶАВҒОСУН
Ostrowskia magnifica Regel Оилаи Campanulaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Асосан дар Тоҷикистон (миёнакўҳ­ ҳои Ҳисору Дарвоз) дарёфт гардидааст. Дар Ўзбекистон (водии дарёи Туфаланг, қаторкўҳи Угам) низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои гилхоки шағалдор ва шахҳо, минтақаи ҷангали паҳнбаргу арчазор (дар баландиҳои 1100-2800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар оилаи момогулҳо ҷинси Ostrowskia мавқеи ҷудогонаи таснифотӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити зисташ ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш то 150 см қад кашида, бо мўяк пўшонида шудааст. Баргаш (дарозиаш 10-21 см, бараш 4-8 см) нештаршакл, аз тўдабаргҳо (5-6 адад) иборат мебошад. Гулаш сафед ё бунафши равшан, зангуламонанд.
Моҳҳои июн-июл гул карда, июл самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад. Дар соли 4-5 гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гули ҷавғосунро сокинони таҳҷоӣ ва сайёҳон мечинанд, бехашро барои кўчат мекананд. Онро қисман ҳангоми кўҳкорӣ, сохтмони роҳу иншооти обёрӣ нобуд мекунанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Онро чун гули зебо парвариш мекунанд.

пешина
аз 256
навбатӣ