Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Ғилофакаш (дарозиаш 0,6-1,5 см) тасмашакл. Тухмаш дарозрўя, қаҳваранги равшан. Моҳи август гул карда самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Вайрон шудани муҳити рушд, таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон боиси камшуморӣ ва дар натиҷа сабаби аз байн рафтани феонихиум мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратиаш омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳофизати ҷиддӣи муҳити рушд, зери назорат гирифтани нумў ва парвариши он.
Сарчашмаи иттилоот:
Юнусов, 1966, 1978.
ПАШМАКГУЛ
Spryginia pilosa Botsch.
Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикисто­ ни Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити қаторкўҳҳои Гардани уштур, Ғозималик (мавзеъҳои Тошбулоқ, Туркибулоқ, деҳаи Эсанбой) ва атрофи деҳаи Ганҷина мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки оҳаксанг, аксар дар ҷангалзори гармсер (бодомзор, алафзор) дар баландиҳои 900-1700 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. falcata Botsch. (кўҳсори ҷануби Тоҷикистон), S. winkleri (Regel) M. Pop. (ҷануби ғарби Помиру Олой ва Кабуддоғ) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании яксола, аз 5 то 50 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 1-9 см, бараш 0,3-3 см) байзамонанд ё дарозрўя аст. Косабаргаш бунафш.
Гулбаргаш (дарозиаш 15-
21 мм, бараш 3-4 мм) бунафши арғувонӣ. Ғилофакаш (дарозиаш то 11 см, бараш 2 мм) тасмашакл.
Моҳҳои март-май гул карда мева мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад. Ҳар сол аз тухм мерўяд, махсусан солҳои сербориш хубтар месабзад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҳангоми роҳсозӣ вайрон кардани муҳити рушд, чарондани чорво, нобуд намудани хўшаи гул ё ба он осеб расонидан боиси маҳдудии рушдгоҳ гашта, барои нест шудани пашмакгул мусоидат мекунад Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро қатъӣ муҳофизат ва чун гули зебо парвариш кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1966; Юнусов, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
АЛАФИ ЁВА
Stroganovia tolmaczovii Junuss.
Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикисто­ ни Ҷанубӣ буда, рушдгоҳи он маҳдуд шуда истодааст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар қисми марказии кўҳсори Хоҷамастон мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, канори киштзор, нимсаваннаи алафаш баланд ва ҷангалзори сирак (Acer regelii) дар баландиҳои 1000-1600 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба S. subalpina (Kom.) Thell. ex Pavl. (Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Дар ҳудуди маҳдуд (тақрибан 30 км2) тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдори умумиаш номаълум аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Решааш дарози ғафс. Пояаш 50-65 см қад мекашад. Баргаш дурушт, канорҳояш аррамонанд. Косабаргаш дароз, зард, байзашакл.
Гулбаргаш зард, гирд. Тухмаш овезон, гирдашакл, қаҳваранг.
Моҳи май гул карда самар меорад.

пешина
аз 256
навбатӣ