КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хоси Тоҷикистони Марказӣ аст.
Паҳншавӣ
Фақат дар теғаи қаторкўҳи Ҳисор (атрофи Қарокўл; теғаи Мўра, атрофи ағбаи Қаротобон) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои серсанги шахсор (дар баландиҳои 3000-3600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба L. semenovii Regel (Тиёншон, шимол ва шарқи Помиру Олой, Ҳиндукуш, Ҳимолой, Тибет) монандӣ дорад.
Шумора
Шуморааш дар табиат маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки 50-70 см қад мекашад.
Пояаш рост, баргаш (дарозиаш 0,8-1,5 см, бараш 0,2-0,3 см) нештаршакл буда, муқобили ҳам ҷойгир аст. Гулаш қифшакл, ғуҷуммевааш сурх. Тухмаш зард.
Моҳи июн гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи таъсири омилҳои тасодуфии фаъолияти инсон аз байн рафтанаш мумкин аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти ороишӣ дорад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз тухм зиёд мешавад.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити рушди онро ҳартарафа ҳифз бояд кард. Дар Боғи набототи Душабе ва Пойгоҳи набототи кўҳии Кондара онро парвариш кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова, Зокиров, 1955; Пояркова, 1958; Зокиров, 1961.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МУША
Lonicera paradoxa Pojark.
Оилаи Caprifoliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон ва Зарафшон паҳн гардидааст.
Дар Ўзбекистон ва Қирғизистон (қаторкўҳи Олой) низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои харсангзор (дар баландиҳои 2000-2600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба L. korelinii Bunge ex P. Kir.
қаробат дорад.
Шумора
Фардҳои тоқаи он дар қитъаҳои маҳдуд месабзанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта, то 1,5 м қад мекашад. Гулаш дар бағали баргҳои болоӣ ҷуфт-ҷуфт ҷойгир шудаанд.
Моҳҳои май-июн гул карда, июлавгуст мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои таъсири антропогенӣ:
намуди қадимӣ, аз байн рафта истодааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва навбех меафзояд.
Қобилияти сабзиши тухм хеле кам (0-10%) мебошад. Дар Боғи ботаникии СССР соли 1965 интродуктсия карда шудааст. Кўшишҳои кўчат кардани он дар Боғи ботаникии ш. Душанбе ва Помир натиҷа надоданд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст. Дар табиат хеле кам вомехўрад, дуруст омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Дар парваришгоҳи Қўсавлисой барои ҳифзи он ёдгории табиӣ ташкил намудан ба маврид аст.
Аз ҳолати муҳити рушди муша назорати доимӣ бурдан ва таҳқиқи хусусиятҳои биологию экологии он дар шароити табиӣ зарур мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Коннов, 1968; Запрягаева, Кочкарева, 1988; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
КАҲЧИМ
Gypsophila tadzhikistanica Botsch.
Оилаи Cariophyllaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Боботоғ ва Ариқтоғ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар баромади ҷинсҳои рангонӣ ва оҳаксанг (дар баландиҳои 600- 700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. gypsacea (Vved.) Bondar.
(ҷануби ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Дар қитъаҳои хурд аз 10-15 то 100-200 бехӣ вомехўрад. Баъзан дар масоҳати начандон калон каҳчимзор ба вуҷуд меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё