КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, бо мўякчаҳои дарозу сершумори хокистарранг пўшонида шудааст. Решааш сершоха, аз чанд навдаи нозук иборат аст. Пояаш (дарозиаш 2-10 см) дар бех бо баргҳо фаро гирифта шудааст. Нўги баргҳо 5-15 дандона дорад. Косабаргаш 2,5-4 мм, гулбаргаш 5-7 мм. Тухмаш суфтаи ҷигарӣ (дарозиаш то
2 мм). Июл гул карда, август мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чаронидани чорво ва таъсири омилҳои хоҷагидории инсон боиси камшуморию маҳдудии рушдгоҳи ин гиёҳи нодир мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Эҳтимол ҳамчун хўроки бузи кўҳӣ истифода гардад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҳолати дезидерияро назорат кардан ва онро чун растании ороишӣ парваридан (пеш аз ҳама дар боғҳои набототи Хоруғ ва Душанбе) лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Суслова, 1973; Юнусов, 1978; Наврузшоев , 2013.
ПЎПАКГУЛ
Draba odudiana Lipsky Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Помири Ғарбӣ (Бадахшон).
Аҳамият ва мақоми илмӣ Кам омўхта шудааст.
Паҳншавӣ
Аз чанд муҳити қисми ҷануби ғарбии қаторкўҳи Язғулом (муҳити ағбаи Одудӣ, дараи Оби мотравн) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар ҳадди болоии ҷангали паҳнбарг (дар баландиҳои 2000-2800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба D. darwasica Lipsky (Дарвоз, Язғулом) қаробат дорад.
Шумора
Аз сабаби маҳдудии рушдгоҳ ниҳоят кам мондааст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи ғешадор.
Баргаш дарозрўяи нўгтез (дарозиаш 0,7-1,6 см, бараш 2,5-5,5 мм), аз поён бо мўякча пўшонида шудааст.
Хўшагулаш аз 3 – 6 гул иборат аст. Косабаргаш байзашакли мўякчадор (дарозиаш то 2-3 мм).
Гулбаргаш дарозрўяи зард (6-9 мм). Тухмаш суфта, дорчинӣ (дарозиаш 1,5-1,8 мм, бараш 1,2 мм).
Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон (инчунин ҷамъоварӣ бо мақсадҳои илмӣ) боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳи пўпакгул мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он 70-275 дона тухм мебандад. Накиштаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Эҳтимол ҳамчун хўроки бузҳои кўҳӣ истифода шавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Дар муҳити рушд пўпакгулро ҷиддӣ ҳифз намуда, чанд сол ҷамъ овардани онро манъ кардан ва имконпазирии кишти онро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Толмачев, Юнусов, 1978, Наврузшоев, 2013.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ ИСКАНДАРӢ
Iskandera hissarica N. Busch Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди ҳамшабеҳ Афзоиш
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарБа I. alaica (Korch.) Botsch. et Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он би Помиру Олой буда, кам тадVved. (қаторкўҳи Олой) каме 25-90 дона тухм мебандад.
қиқ шудааст.
қаробат дорад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Сабабҳои тағйири шумора ва Шумора
Намуди камёфт ва нодир.
рушдгоҳ Кам аст. Миқдори умумиаш маъҲангоми чаронидани чорво заПаҳншавӣ лум нест.
рари калон мебинад. Гули исДар нишебии қаторкўҳҳои Зарафкан дарӣ хеле зебост ва онро чинХусусиятҳои биоморфологӣ шон ва Ҳисор вомехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё