КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро аз муҳити теғаи асосии кўҳи Кўҳифурўш чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои оҳаксанги арчазори сирак (дар баландии қариб 2800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. wallichii (Hook. f. et Thoms.) N. Busch (Ҳимолой - Осиёи Марказӣ) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 4 см қад мекашад. Баргаш дарозрўяи паҳн. Гулпояаш ташаккул наёфтааст (дарозиаш 2,5-3 см), 3-6 гул дорад. Косабаргаш 2 см. Гулаш сафед, нештаршакли тез. Дарозии ғилофакаш 0,7-1,5 см, бараш 1,5 см. Тухмаш дар ғилофак якқатора, баъзан дуқатора ҷойгир аст. Моҳи июл самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он то 100-300 дона тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мумкин аст бинобар маҳдудии муҳити рушд ва ба шароити рушд эҳтиёҷ доштан, зуд аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратиаш омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди растаниро пурра ҳифз ва маҳалҳои нави сабзиши онро ҷустуҷўй кардан лозим аст.
Онро парвариш бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Юнусов, 1978.
КАТЕНУЛИНАИ
ТАНГАШАКЛ
Catenulina hedysaroides Botsch.
Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ буда, кам тадқиқ шудааст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро танҳо аз чанд муҳити қисми марказии қаторкўҳи Хоҷақозиён ва кўҳҳои Кўктоғ пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокашон каме шўр, алафзори хўшадору гиёҳҳои хоклес, пиставу бодомзори сирак (дар баландиҳои 500-1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Тахминан ба ҷинси Erysimum қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тўп-тўп (то 150 бехӣ) ё тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш 2000-2500 бех аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании яксола, 20-38 см қад мекашад. Пояаш сершоха. Баргаш тасмашакли ғафс. Гулаш сафед аст. Дарозии косабаргаш 1,2-1,5 мм, гулбаргаш 1-1,2 мм, ғилофакш 1-1,8 см. Тухмаш хурд (дарозиаш 1,5-2 мм, бараш 1,1-1,4 мм). Моҳи май гул карда, мева мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он то 300-1000 дона тухм мебандад.
Дар солҳои серрутубат хубтар мерўяд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҳангоми дар муҳити паҳншавии катенулина чарондани чорво он осеб дида, барҳам мехўрад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратиаш омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Нумўи онро назорат карда, дар ҳудуди рушдгоҳ таъсис намудани парваришгоҳ.
Сарчашмаи иттилоот:
Юнусов, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ДЕЗИДЕРИЯИ ПОМИРӢ
Desideria pamirica Suslova Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси маҳал.
Паҳншавӣ
Намуди хоси маҳал: Помир ва Помири Ғарбӣ (деҳаи Матс).
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва сангрезаву шағал, баъзан дар байни зўлзадазор (дар баландиҳои 4500- 5000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба D. mirabilis Pamp., ки дар баландкўҳи Қароқурум мерўяд, қаробат дорад Шумора
Хеле кам вомехўрад. Вазъи он дар табиат маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё