Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Чукавина, 1984; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
РИНДЕРАИ ҚУРАМАВӢ
Rindera kuramensis Turakulov Оилаи Boraginaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Танҳо дар қаторкўҳи Қурама месабзад.
Муҳити рушд
Дар харобаҳои гранитодиоритӣ ва тарқиши харсангҳои оҳакдор дар минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 1400-1800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба R. tschotkalensis M. Pop. (қатор­ кўҳи Чатқол) қаробат дорад.
Шумора
Ниҳоят кам аст. Дар маҳалҳои рушд 300-500 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пояаш аз қисми поёнаш бо думчаи баргҳои хушкида пўшидааст. Баргҳои назди реша қаламии нештаршакл буда, бо мўякчаҳои дурушт фаро гирифта шудаанд. Хўшагулаш сипаршакли бебарг. Тоҷгулаш (дарозиаш 8-9 мм) гулобии кабудтоб.
Моҳи июн гул карда, июн-июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян нашудаанд. Зери таъсири омилҳои тасодуфии антропогенӣ мумкин аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои рушди онро ҳифз намуда, хусусиятҳои биологиашро дар табиат омўхтан ва чораҳои мушаххаси муҳофизатро дарёфт кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Тўрақулов, 1991; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
СТЕФАНОКАРИУМИ ОЛГА
Stephanocaryum olgae (B. Fedtsch.) M. Рор.
Оилаи Boraginaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. СR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тиёншони Ғарбӣ аст. Дар Тоҷикистон дар ҳудуди ҷанубии худ қарор дорад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама (болооби сои Ошоба) паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон ва Қирғизистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар тарқиши оҳаксангҳо, нишебиҳои санглох ва харсангдор, дар минтақаҳои арчазор ва дашт (дар баландиҳои 2400-2800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. popovii R. Kam. (қаторкўҳи Фарғона) қаробат дорад.
Шумора
Беҳад кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола; то 30 см қад мекашад. Баргаш байзашакли дарозрўя. Гулҳояш тоқа-тоқа дар бағали баргҳои қисми боло ҷойгиранд. Гултоҷаш кабуд, қутраш 10-15 мм. Моҳҳои июлавгуст гул карда, август-сентябр мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили асосии маҳдудкунандаи шумора аз ҳад зиёд чаронидани чорво мебошад. Эҳтимол, сабабҳои дигари табиӣ низ мавҷуданд. Аз сабаби камшумор будан, зери таъсири тасодуфии антропогенӣ мумкин аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳолати маҳалҳои рушд назорати доимӣ бурда, хусусияти биологии онро дар табиат омўхтан ва дар кишт санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Попов, 1953; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
АРАБИДОПСИС
Arabidopsis bactriana Ovcz. et Junuss.
Оилаи Brassicaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистон буда, кам омўхта шудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ