Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биологӣ Намуди шабгард аст. Тобистон як маротиба насл меорад. Дарозии пиллааш 6-19 мм буда, аз пиллаи намудҳои дигар фарқ дорад.
Дар нўги пилла тори хеле дароз мавҷуд аст. Ҳар як пилла (оотека) аз 18 то 24-то тухм дорад. Азбаски пиллаи бисёр (11-15) мегузорад, камии онро ҷуброн мекунад.
Миқдори умумии тухми ин пиллаҳо ба 200-300 адад мерасад.
Кирмина аз ғумбак бо сохташ фарқ мекунад; шикамаш каме ба боло бардошта шуда аст, ки кирминаи гаҳвораҷунбони дарахтгардро ба хотир меорад.
Гаҳвораҷунбони шохбол 360-380 рўз умр мебинад.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби нестшавии гаҳвораҷунбони шохбол ба азхудкунии бошиддати мавзеъҳои сукунати он вобаста аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳудуде бунёд бояд кард, ки муҳофизат ва дарёфти роҳҳои таҷдиди ин намуди гаҳвораҷунбон­ ро таъмин намояд.
Сарчашмаи иттилоот:
Линдт, 1976, 1977.
КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ
АҶИРИҚ
Porphyrophora cynodontis (Archangelskaja, 1935) Қатори
Баробарқанотҳо ‒ Homoptera Оилаи
Кирминаҳои калонҷусса ‒Margarodidae Мақоми ҳифз
Намуд зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Эрону Тўрон аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар водиву доманакўҳи қаторкўҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Қурама паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар қитъаҳои регу гилхок, заминҳои нокорами водии дарёҳо, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», доманакўҳҳо, назди рўдҳои кўҳӣ вомехўрад.
Саршумор
Дар гузашта намуди васеъ паҳнгардида буд. Айни замон шуморааш хеле маҳдуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар решаи аҷириқ (Cynadon dactylon) ва гиёҳи Aeluropus litoralis зиндагӣ мекунад. Мардуми Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик ранги кирминаи қирмизиро аз қадим барои китобат, ҳангоми рангрезии гилем ва дигар маснуоти бофандагӣ истифода мебурданд.
Табиатшиноси фаронсавӣ D. Сhardin ба Эрон сафар намуда, соли 1811 навишта буд: «Махсусан ҷолиби диққат аст, ки дар гирду атрофи ин ҷо қирмизӣ меғундоранд, вале он хеле кам аст ва фақат дар муддати 8 рўз,
ҲАШАРОТ
Insecta вақте офтоб ба бурҷи асад мерасад, ҷамъ оварда метавонанд. Чи тавре ки сокинони таҳҷоӣ таъкид мекунанд, то ин вақт пухта намерасад, дертар бошад нобуд мешавад.
«Форсҳо онро «қирмиз», яъне «кирм» мегўянд, зеро рангро аз кирм мегиранд».
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани заминҳои нокорам ва бекорхобида, барҳам додани шўрзамин боиси маҳв гардидани кирминаи қирмизӣ мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Тадбири асосии муҳофизати кирминаи қирмизӣ ҳифз намудани муҳити сукунати он ба ҳисоб меравад.
Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намудро пурра таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Архангелская, 1935.
ҲАШАРОТ
Insecta
КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ
ХУШБЎЙ
Porphyrophora odorata (Archangelskaja, 1935) Қатори
Баробарқанотҳо ‒ Homoptera Оилаи
Кирминаҳои калонҷусса ‒Margarodidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҳамаи ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии Осиёи Марказӣ вомехўрад. Дар биёбон ва нимбиёбони Помир, мамнуъгоҳи "Ромит"
ба қайд гирифта шуда аст.
Муҳити сукунат
Дар бехи гиёҳҳои мехак, магаскушак ва бисёр растаниҳои дигар, ки дар нишебиҳои регу сангреза ва реги равондори кўҳ месабзанд, зиндагӣ мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ