КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар решаи растаниҳое, ки дар биёбонҳои баландкўҳи Помир мерўянд, сукунат мекунад.
Саршумор
Дар ноҳияҳои кўҳсоре, ки аз худ нашудаанд, намуди муқаррарист.
Дар мавзеъҳое, ки муттасил чорво мечаронанд, хеле кам вомехўрад.
Миқдори он дар як бех гиёҳи магаскушаки мамнуъгоҳи «Ромит»
ба 20-25 адад мерасад.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологии он кам таҳқиқ шудааст. Кирминаҳои давраи даҳаи хурд тўда-тўда дар реша ва гарданаи бехи растаниҳо зимистон мегузаронанд.
Систаҳои ин намуд, ки ба танашон регрезаҳо часпидаанд, решаи растанӣ чунон сахт ба худ меҷабад, ки баъзан онҳоро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст. Парвози кирминаи қирмизии нарина ва аз систа баромадани кирминаи қирмизии модина дар давраҳои гуногун ба вуқўъ меояд.
Ҳангоми аз систа баромадан дар
1 м2 то 18-28 кирминаи қирмизии хушбўй вомехўрад. Дар атрофи мамнуъгоҳи "Ромит" (1100 метр) аз систа баромадани кирминаи қирмизии модина охирҳои моҳи июн ва дар Помир (атрофи Зоркўл, 4100 метр) охири моҳи июл ба қайд гирифта шудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабабҳои асосии маҳдуд гардидани муҳити сукунат ва камшумории кирминаи қирмизии хушбўй бенизом чаронидани чорво ва ба боғот табдил додани маҳалҳои фарохи кўҳсор ба шумор меравад.
Тадбирҳои ҳифз Тадбири асосии муҳофизат ва таҷдиди шумораи кирминаи қирмизии хушбўй самарабахш истифода бурдани чарогоҳҳо мебошад. Биологияи кирминаро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, усулҳои сунъии афзоиш ва истифодаи самарабахши онро дарёфтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Архангельская, 1935.
КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ
ТАЛХАК
Porphyrophora sophorae (Archangelskaja, 1935) Қатори
Баробарқанотҳо ‒ Homoptera Оилаи
Кирминаҳои калонҷусса ‒Margarodidae Мақоми ҳифз
Намуд зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Эндемики Осиёи Миёна мебошад.
Солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳудуди Осиёи Миёна васеъ паҳн гардида буд. Айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар баъзе ноҳияҳои водии дарёи Сир ва доманаи қаторкўҳи Туркистон, ки аз худ нагардидаанд, боқӣ мондааст. Шумораи ками он дар гирду атрофи Ҷилликўл поёноби дарёи Вахш ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Дар гилхоки нарми регдор, баъзан дар регхоки гилдор ва шўразамин ҳаёт ба cap мебарад. Дар решаи растании талхак (Sophora) ва ширинбия (Glycyerrhiza) зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Дар ҳудуди Тоҷикистон хеле камёфт буда, ҳамагӣ се маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологии ин намуд пурра таҳқиқ нагардидааст.
Кирминаи қирмизии талхак аз кирминаҳои дигар калонтар аст. Моҳи август кирминаҳои қирмизии нарина парвоз мекунанд ва модинаи онҳо аз систа мебароянд.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Босуръат аз худ гардидани заминҳои бекорхобида ва партов боиси маҳдуд гардидани муҳити сукунат ва шумораи ин намуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Тадбири асосии муҳофизат ва таҷдиди кирминаҳои қирмизии талхак нигоҳдории муҳити сукунати хоси онҳост. Хусусиятҳои биологӣ ва паҳншавии кирминаи қирмизии талхакро бо мақсади дарёфти усулҳои таҷдид ва истифодаи оқилонаи он барои эҳтиёҷи хоҷагии халқ таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Архангельская, 1935.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё