Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар нишебиҳои ҷануби санглоху шағалдор, ҷангали гармсер, офтобрўяи серчим (бодомзор, баъзан пистазор), инчунин дар камолзор ‒ Ferula kuchistanica (тоқа-тоқа) месабзад.
Шумора
Дар муҳити маҳдуд (қариб 20 км2) баъзан тўп-тўп (5-20 бехӣ) ё тоқатоқа мерўяд.
Хусусиятҳои биологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ буда, қадаш 1-1,5 м, пояи рост дорад.
Хўшагулаш чатр буда, ҳар хўшагулаш 10-15 гул дорад.
Афзоиш
Фақат аз тухм зиёд мешавад, вале ҳар сол гул намекунад. Як бехи он то 100-120 дона тухм мебандад.
Дар шароити мусоид хуб мерўяд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи ғизоии парҳезист. Пояи навхези онро истеъмол мекунанд.
Баҳорон ҳар сол онро дар ҳаҷми зиёд ҷамъоварӣ менамоянд бо мақсади тиҷорат. Ҷамъоварии пояи касруф боиси камшуморӣ ва маҳдудии муҳити рушди он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухмаш зиёд мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар давоми 5-7 сол аз пойгоҳи набототии «Кондара» чиндани онро қатъиян манъ бояд кард.
Минбаъд ба ҷамъоварии он аз рўи рухсатномаи махсус роҳ дода шавад, инчунин усулҳои парваришашро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Камелин, 1969.
КАМОЛИ ТОҶИКОН
Ferula tadshikorum M. Pimen Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, аз ҷиҳати таснифо­ тӣ баҳснопазир мебошад.
Паҳншавӣ
Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон паҳн шудааст.
Муҳити рушд
Дар доманакўҳ (дар баландиҳои 800-1500 м аз сатҳи баҳр) дар хокҳои хокистарранг, сафедхок ва нишебиҳои сангрезадори камдарахти қаторкўҳҳои ҷануби Тоҷикистон месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. foetida (Bunge) Regel монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд дар 1 га зиёда аз
3 ҳазор бех вомехўрад, вале популятсияи он кам шуда истодааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ, қадаш 1,5-2,5 м; баргу поя ва меваи он бўи тези сирпиёз мекунад.
Пояаш сурхчатоб, рўи баргҳо сабзи баланд, пушти барги онҳо хокистарранг, патдор.
Гулбаргҳои зардранг дошта, дарозии тухмаш 1,2-2 см, бараш 6-8 мм аст. Моҳҳои апрел-май гул карда, июн-июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: мунтаззам ҷамъоварӣ кардани растанӣ бо мақсади гирифтани шира ва фурўш.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш карда шудааст (20-40 фисади тухмии он месабзад).
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар лўндарешаи растанӣ миқдори зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ захира мешаванд, бинобар ин шираи онро гирифта барои истеҳсоли доруворӣ истифода мебаранд.
Тадбирҳои ҳифз
Роҳ надодан ба ҷамъоварии растаниҳои гулдор, зиёд кардани он ба воситаи тухмӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7, 1984; Раҳимов, Раҳмонов, 2012, 2015.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАМОЛИ КОЗО-ПОЛЯНСКИЙ
Ferula koso-poljanskyi Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, аз ҷиҳати таснифотӣ баҳснопазир мебошад.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда дошта, дар ҷанубу шарқии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи шибляк, сиёҳҷангали ҳамроҳ бо арчазор, дар нишебиҳои серсанг (дар баландиҳои 600-1700 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.

пешина
аз 256
навбатӣ