Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Намуди ҳамшабеҳ Намуди ба худ наздик надорад.
Шумора
Омўхта нашудааст, аммо хеле кам мондааст, зеро онро чорво мехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ, қадаш то 1 м, лўндареша дорад.
Пояаш ғафси кабудранг, қисми болои он паҳни сернавда буда, навдаҳои поёнӣ бо навбат ҷойгир шудаанд. Баргаш бепат, вақти зиёд пажмурда намешавад.
Тўдагулаш ҷорўбаки байзашакл.
Чатри марказиаш доирашакл, аз 17-27 пояча иборат аст. Дарозии тухмаш 15 мм, бараш 6-7 мм.
Моҳи июн-июл гул карда, июлавгуст мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз меъёр зиёд истифода бурдани чарогоҳи тобистона; масоҳати ками рушдгоҳ, ки мумкин боиси аз байн рафтани он гардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст. Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар чарогоҳ ҳамчун растании хўроки чорво истифода мешавад, аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар мавсими гулшукуфт чаронидани чорворо манъ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7, 1984.
КАМОЛАК
Ferula latiloba Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси кўҳи Муғул мебошад.
Паҳншавӣ
Танҳо аз қисми ғарбии кўҳи Муғул маълум аст.
Муҳити рушд
Дар маҳаллҳои оҳаксангдор ва сангрезазори нимсаваннаи хўшадо­ рон ва ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 800-1600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. dshizakensis Korov. қаробат дорад.
Шумора
Дар ду популятсияи маълум ҳамагӣ 157 бех боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ, то 50 см қад мекашад. Чатргулаш гуногун; чатргули марказӣ
15 шоха дорад. Мевааш (дарозиаш тақрибан 9 мм) байзашакли баръакс. Моҳи май гул карда, июн-июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян карда нашудааст. Вале, аз сабаби маҳдудияти ареал, таҳти таъсири омилҳои ТАСОДУПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae фии антропогенӣ аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Кўшиши кўчат кардани он дар Боғи ботаникии Хуҷанд натиҷа надод.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бояд мавзеъи рушди онро ҳифз намуд. Хусусиятҳои биологии онро дар табиат омўхта, роҳҳои парваришашро ёфтан лозим аст.
Дар кўҳи Суффа барои ҳифзи камолак якҷоя бо дигар намудҳои хоси кўҳи Муғул парваришгоҳ ташкил намудан муҳим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, т. 7, 1984; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПАҚПАҚАК
Ferula lithophila M. Pimen.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хеле нодир ва хоси маҳал.
Паҳншавӣ
Дар кўҳҳои Муғул ва Қурама вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар тарқиши харсангҳо дар минтақаи нимсаванна ва ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 900-1400 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар кўҳи Муғул камшумори пораканда буда, миқдори умумии он тақрибан 120-140 бех аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ буда, то 1,5 м қад мекашад. Чатраш аз 5 шоха иборат аст. Гулбаргаш зард, мевааш дарозрўя (тақрибан 5 мм). Моҳи май гул карда, июн мева медиҳад.

пешина
аз 256
навбатӣ