Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАМОЛИ МАХРУТПОЯ
Ferula conocaula Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, аз ҷиҳати таснифо­ тӣ баҳснопазир.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда дорад (кўҳҳои Муғул ва Қурама).
Муҳити рушд
Дар минтақаи шибляк дар нишебиҳои сангрезадор ва обдараҳои хушкшуда (дар баландиҳои 600- 900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Омўхта нашудааст, вале аз рўйи мушоҳидаҳо дар чарогоҳҳои тобистона захирааш кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ, баландиаш 1,5-1,7 м, бўи тези сирпиёзро дорад. Дар кундарешааш ба миқдори зиёд лифи баргҳои хушкида боқӣ мемонад. Рўи баргаш бепат, пушти барг мўякчаҳои хокистарранг дорад. Чатраш гуногун, чатри марказӣ аз 16-50 шоха иборат аст. Гулбаргаш зард.
Дарозии тухмаш 10-11 мм, бараш 6-7 мм. Моҳи апрел-май гул карда, май-июн тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз меъёр зиёд истифода бурдани чарогоҳ боиси хавфи аз байн рафтан дорад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухмаш зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар чарогоҳ ҳамчун растании хўроки чорво истифода мешавад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар давраи гулшукуфти растанӣ роҳ надодан ба чаронидани чорво.
Ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7, 1984.
КАМОЛИ ХАМИДА
Ferula decurrens Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Тоҷикистон мебошад.
Паҳншавӣ
Дар минтақаи кўҳи Ҳазратишоҳ, мавзеъи Сариғор, Боғ, Вағлил, Кофиркуш ва Қаратови назди Панҷ месабзад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи шибляк, пистазор, регзаминҳои сурххок ва нишебиҳои ярчрафта (дар баланди­ ҳои 600-1700 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Омўхта нашудааст, вале ниҳоят кам мебошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ, қадаш 40-70 см, тирреша дорад.
Дар лўндарешааш лифи баргҳои куҳна боқӣ мемонад. Пояаш мудаввар, навдаҳо бо навбат ҷойгир шудаанд. Баргҳои назди лўндареша думчакўтоҳ, баргҳои поя хурд. Чатракаш гуногун, чатри марказӣ аз 6-7 шоха иборат аст. Гулбаргаш зарди сафедча.
Дарозии тухмаш 8 мм. Охири моҳи апрел-май гул карда, охири май-июн мева мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз меъёр зиёд истифода бурдани чарогоҳ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот нест. Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар чарогоҳ ҳамчун растании хўроки чорво муҳим аст.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар давраи гулшукуфти растанӣ чаронидани чорворо манъ кардан лозим аст. Ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7, 1984.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАСРУФ
Ferula eugenii R. Kam.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир аз ҷиҳати таснифотӣ баҳснопазир мебошад.
Паҳншавӣ
Фақат дар қисми миёнаи ҳавзаи дарёи Варзоб (Кондара, Ғажнӣ ва Беғар) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. violaceae Korov. монандӣ дорад.

пешина
аз 256
навбатӣ