КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз соли 1988 дар Боғи ботаникии ш. Кўлоб парвариш меёбад. Зира фақат дар 4-5 солагӣ ба воя мерасад.
Баъди пурра ба ҳосил даромадан, аз 1 га то 350 кг тухмӣ мегиранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гиёҳи шифобахш буда, онро дар тайёр кардани таом истифода мебаранд, бемориҳои гуногунро муолиҷа мекунанд. Тухми он дар бозорҳо ба фурўш мебарояд.
Тадбирҳои ҳифз
Роҳҳои киштукори зираро таҳқиқ намуда, дар маҳалҳои рушди табиӣ онро парваридан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1950; 1959; Тўйчиев, Акрамов 1968, Бобоев ва диг., 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШАХКАМОЛ
Cephalopodum badachschanicum Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, хоси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аст.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Дарвоз (дараи Дударгӣ) ва Помири Ғарбӣ (водии дарёҳои Бартанг ва Язғулом) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Фақат як навъ аст (ҷинси монотип).
Муҳити рушд
Дар шахсори дастнорас ва пастхамии лаби дарёи Бартангу Панҷ (дар баландиҳои 1600- 3000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Шумора
Хеле кам мебошад. Аҳёнан 3-5 бехӣ дар нишебиҳои кўҳ ва пастхамиҳои лаби дарёҳо, дар шахсор месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола буда, 150- 170 см қад мекашад. Пояаш рости ғафс, сершоха. Баргаш сабз, дароз (20-40 см). Моҳи июн гул карда, июл ‒ август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи дар маҳалҳои рушди он ба роҳ мондани корҳои роҳсозӣ аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар шароити табиӣ зери назорат гирифта, муҳити сабзишашро ҳифз кардан лозим аст. Аз ҷиҳати таснифот ҷолиб мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин 1973; Наврузшоев, 1998; 2013.
КАМОЛИ БОЧАНСЕВ
Ferula botschanzevii Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва баҳспазир.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда дошта, хоси Тоҷикистони Ҷанубист.
Муҳити рушд
Ҳамроҳ бо ғалладонагиҳои қадпаст ва шибляк дар баландиҳои 900-1200 м аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. eugenevi R. Kom. монандӣ дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ, 40-50 см қад мекашад. Баргаш сабзи сафедча; баргҳои назди лўндареша думчадарозанд. Чатргулаш гуногун, аз 10-15 адад гул иборат аст. Гулбаргаш зард, дарозиаш 1,2 мм. Тухмаш хурд (дарозиаш
6 – 8 мм, бараш 3-4 мм).
Моҳи май гул карда, июн-июл тухм мебандад. Охири моҳи июл растанӣ пурра аз фаъолият мемонад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълумот нест. Аз меъёр зиёд истифода бурдани чарогоҳ ва гирифтани санг барои сохтмон.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании хўроки чорво, аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ташкил намудани парваришгоҳҳои хурд ва ҳифз кардани растанӣ ба мақсад аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7., Л.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё