Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор.
Дар моҳи август гул мекунад.
Пиёзакаш тухммонанд.
Баргҳояш дарозрўя, дар ду қатор ҷойгиранд. Гулаш аз 4 то 7 адад дар чатрак ҷойгир аст. Асосан аз тухм зиёд мешавад. Як бехи он то 200 дона тухм мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: ҷамъоварии барги он ҳамчун ашёи хоми доругӣ, чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши онро дар шароити Боғи набототи Душанбе (аз соли 1979) ва кўҳҳои Тиёншони Ғарбии Ўзбекистон (аз соли 1962) санҷида истодаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти ороишӣ ва давоӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар байни мавзеъи дарёҳои Қаратоғу Хонақо (хоҷагии ҷангали Ҳисор) парваришгоҳи махсус барои ҳифзи он таъсис дода шудааст.
Сарчашмаи иттилоот:
Артюшенко, 1970; Введенский, 1963; Короткова, Хамидходжаев, 1976; Хамидходжаев, 1977; Чукавин, 1979.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЧАТРИ ШАХ
Aulacospermum ikonnikovii R. Каm.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Бартанг аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуд аз ҷиҳати илмӣ омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Язғулом дар шахсор месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. darwasicum (Lipsky) Schischk., ки дар қаторкўҳи Дарвоз мерўяд, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар тарқиши шахҳои сернам дар баландиҳои 2800-2900 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Хеле кам аст. Умуман, 10-15 бех мондаасту халос.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ буда, то 25-50 см қад мекашад.
Пояи суфтаи сербарг дорад. Баргаш сабз. Гулҳояш сафед буда, дар нўги поя 8-14 тоӣ мисли чатр ҷойгиранд. Моҳи июн-июл гул карда, август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Фақат аз як мавзеъ чинда шудааст.
Барои ҳамин зери таъсири инсон нест шуданаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи ботаникии Помир ва Боғи ботаникии Донишгоҳи ба номи Ломоносови ш. Москва тухми онро коштанд, лекин то ҳол натиҷааш маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Рушдгоҳи онро ҳифз карда, дар қаторкўҳи Язғуломи дараи Хидоржир парваришгоҳ таъсис намудан зарур аст. Парвариши он дар Боғи ботаники Помир ба роҳ монда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Камелин, 2000; Наврузшоев 2011; 2013.
ЗИРА (ЗИРАИ ФОРСӢ)
Bunium persicum (Boriss) B.Fedtsch.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ ва шағалдор (дар баландиҳои 600 – 2500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба B. hissaricum Korov. қаробат дорад.
Шумора
Миқдори он маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпикӣ буда, баландии пояаш 30-80 см аст; гулаш дуҷинса, гулбаргаш сафед, дар чатрак то 12-31 гул дорад.
Тухмаш хурд (дарозиаш 6 мм) зардчатоб, вазни 1000 донааш
– 1,4 г. Моҳи май-июн гул карда, июн-июл самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: саросар ва мунтазам ҷамъоварӣ кардани
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae тухм. Гиёҳи хушбўи маъмулест, ки дони онро ба таомҳои гуногун меандозанд.

пешина
аз 256
навбатӣ