КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қаратов, Қизилсу, Сурхоб, Обихингоб, Сир ва Зарафшон Ванҷ, Шоҳдара, Аличур, Ғунт, Панҷ, Варзоб ва ғ. паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Сагобӣ сокини доимии рўдҳои кўҳие мебошад, ки аз моҳӣ ғанӣ буда, обашон ях намебандад. Дар зери тўдаи шахпораҳои соҳил ё анбўҳи туғайзори ангат, санҷид, най, ғеша ва ғайра лона месозад.
Мавҷудияти сагобиро дар ин ё он маҳал аз рўи изи хосаш (пардаи байни ангуштҳо), ки дар реги қад-қади дарё мегузорад, муайян кардан мумкин аст.
Саршумор
Охири солҳои 60-уми асри гузашта дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
18 фард, ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта 7 фарди сагобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар мамнуъгоҳи «Ромит» (дарёи Сардаи Миёна) 3 фард, дар соҳилҳои дарёи Сорбо 2 фард вохўрдааст. Охири солҳои 70- уми асри гузашта дар водии Зарафшон (то Панҷакент) саршумори он ками он (дар 10-15 км
2 фард) ба қайд гирифта шудааст.
Дар дарёҳои Шўроб, Сурхоб, Сорбо ва ғ. фардҳои алоҳидаи он дар қитъаҳои маҳдуд аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Сагобиҳо дар сесолагӣ болиғ мегарданд, вале ҳар сол насл намеоваранд.
Давраи ҳомилагӣ 9-10 моҳ идома ёфта, моҳҳои февралапрел 2-4, баъзан 5 насл медиҳад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, босуръат аз худ кардани муҳити сукунат, пасту баланд шудани сатҳи об, ба обанборҳо партофтани партовҳои саноатӣ, боиси маҳдудшавии саршумор ва мавзеъҳои зисти сагобӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои паҳншавӣ ва лонагузории сагобиро ба қайд гирифта, онхоро зери муҳофизат қарор додан зарур аст. Корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи он дар байни оммаи васеъ ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Мантейфель, 1934, 1947; Виноградов и др. 1935; Чернышев, 1958; Гептнер и др., 1967; Красная книга
СССР, 1978.
КАФТОР
Hyaena hyaena (Linnaeus, 1758) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Кафторҳо ‒ Hyaenidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
3 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар гузашта дар қисматҳои ҷанубу-ғарбӣ ва шимолии Тоҷикистон паҳн гардида буд.
Айни замон дар тамоми ҳудуди сукунат ниҳоят кам вомехўрад.
Дар баландиҳои аз 300 то 900 метр (1200 м) аз сатҳи баҳр ҳаёт ба cap мебарад. Дар атрофи дарёҳои Кофарниҳон, Ёхсу ва Қизилсу пурра нест гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар анбўҳи буттаву дарахтони туғайзори соҳили дарёҳо сукунат мекунад. Кафтор дар доманакўҳҳое, ки набототашон биёбонӣ ё нимбиёбонист, инчунин дар дараҳои куҳсор низ вомехўрад. Чунин мавзеъҳоро кафтор баъди таназзули муҳити аввалияи сукунаташ аз худ намудааст
.
Саршумор
Ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта дар Тоҷикистон қариб 20 фарди кафтор ба қайд гирифта шуда буд. Айни замон оид ба саршумори кафтор дар Тоҷикистон маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Кафтор дар 3-4 солагӣ болиғ мешавад.
Мавсими ҷуфтшавии он аз моҳи ноябр то моҳи феврал ҷараён мегирад. Давраи ҳомиладорӣ беш аз 3 моҳ идома ёфта, 1-4, аксаран 3 насл медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё