Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат
Дар теппаҳои бо растаниҳои алафӣ пўшидашуда, нимбиёбон, даштҳои хушк, баъзан дар ҷангалзорҳои сирак ва наздикўҳӣ вомехўрад.
Саршумор
Маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Дар як сол як маротиба насл медиҳад. Давраи бордоршавӣ ба моҳҳои январ-феврал рост омада, давомнокии ҳомиладорӣ 52-60 рўзро дар бар мегирад.
Моҳҳои март-апрел аз 2 то 16 насл медиҳад. Дар 9-10 - моҳагӣ болиғ ва насл медиҳад. Душмани асосии табиии рўбоҳи туркманӣ гург ва рақиби ғизоии он рўбоҳи муқаррарӣ мебошад. Дар шароити табиӣ 5-6 сол умр мебинад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва дар чарогоҳҳои зимистона мунтазам чаронидани чорво сукунатгоҳ ва саршумори рўбоҳи туркманӣ маҳдуд гардидааст. Паҳншавӣ ва саршумори ин намуд бояд ҳаматарафа таҳқиқ карда шавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз соли 1968 шикори он манъ аст.
Барои пурзўр намудани ҳифзи рўбоҳи туркманӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои махсус андешида, донишҳоро оид ба ҳифзи он дар байни омма тарғиб намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др., 1935.
ХИРСИ МАЛЛА
Ursus arctos isabellinus (Horsfield, 1826) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Хирсҳо ‒ Ursidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар минтақаҳоли кўҳии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, Бадахшон ва Помири Шарқи паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи арчазор, ҷангалзорони дарахтони паҳнбарги дорои дарахтони сафедор, фарк, чормағз, олуча ва дараҳои кўҳии беҷангал ва баъди хоби зимистона дар қисмати болоии кўҳҳо маскан мегирад.
Саршумор
Дар солҳои охир муҳити зисти хирси малла дар ҳудуди Тоҷикистон беҳтар гардида, афзун гардидани саршумори он ба мушоҳида мерасад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Ромит» 20-25 фарди он ба қайд гирифта шудааст.
Саршумори нисбатан ками хирси малла барои Бадахшон ва Помири Шарқӣ (50-60 сар) хос аст.
Саршумори умумии хирси малла 700-800 сар баҳогузорӣ карда мешавад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар синни 3 солагӣ болиғ мегардад.
Охирҳои май (дар муддати 35-40 рўз) ҷуфт мешаванд. Давраи ҳомилагии он 7-7,5 моҳ ИДОШИРХЎРОН Mammalia ма меёбад. Модина дар моҳи январ
2 ва баъзан 1 бача мезояд. Аз растанӣ ва ҳайвоноти гуногун - камол, ревоҷ, олуча, себ, чормағз, тут, олу, ҳайвоноти бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор ва ҷасади онҳо ғизо мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити боғи ҳайвонот нигоҳубини он имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, ноҳинҷорӣ ва истифодаи ҷангалзорҳо ба сифати чарогоҳ, бенизом чаронидани чорво омилҳое мебошанд, ки ба саршумор ва муҳити сукунати хирси малла таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Назоратро аз болои шикори ғайриқонунии хирс пурзўр намуда, маҳали сукунати онро ҳифз намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Соков, 1969, 1971.
ШИРХЎРОН
Mammalia
МИРИ МУШОН
Mustela nivalis (Linnaeus, 1766) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Мири мушон ‒ Mustelidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

пешина
аз 256
навбатӣ