Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Э кошкӣ ғунда мегазид,
    Болои кунда мегазид,
    Э вой, мана дупар газид!

Барои бачаҳо гуфтан ва шунидани афсона, суруду тарона ва чистону тезгўяк мисли бозии пуршавқ аст. Онҳо одатан асарҳои манзуми халқиро месароянд ва бозикунон бо ҳаракатҳои гуногун иҷро менамоянд. Аз ин рў, ҳаёти бачагонро бидуни олами бозию бозичаҳо тасаввур кардан душвор аст.
Бозӣ дар ҳар навъу мазмун ва шаклу мундариҷа нишонаҳои аввалини фаъолияти бошуурона ва инчунин фаъолияти ҷамъиятии кўдак ба шумор меравад. Кор, хизмат ва фаъолият барои одами калонсол чӣ қадаре ки аҳамият дошта бошад, бозӣ дар ҳаёти бача ҳамон қадар аҳамият дорад.
Бача дар бозӣ чи хеле, ки бошад, ҳангоми калон шуданаш, дар кор низ бисёртар ҳамон хел мешавад.
Бинобар ин, тарбияи коркуни оянда пеш аз ҳама ҳангоми бозӣ ба амал меояд.
Ин гуфтаҳо тасдиқ мекунанд, ки бозӣ мисли дарсест, ки аз он бачагон дарсе меомўзанд, ба чизе омил ва омода мешаванд.
Дар давоми асрҳо бозиҳои зиёде эҷод шудаанд, ки ҳар кадоме қоида, тартиб ва мавриду низоми нонавишта доранд ва шавқманд ва шавқмандони бозӣ онҳоро бо тафсилоташон меомўхтанд ва аз худ мекарданд.
Бозиҳо ба синну соли онҳо мутобиқат мекунанд.
Бозиҳои бачагони якуним-дусола бо иштироки фаъолонаи калонсолон мегузаранд. Масалан, дар бозии машҳури «Ҳавзак – ҳавзак» калонсоле дасти кўдакро гирифта, ба ангушти ишоратии дасти дигар аввал кафи кўдакро нишон медиҳад ва баъд ангуштҳои ўро як- як қат карда, суруд мегўяд ва ба ин восита бачаро ба завқ меоварад:

Ҳавзак, ҳавзак,
Гирдаш сабзак-

пешина
аз 81
навбатӣ