АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Ору биёд, об хўрад,
Оҳу биёд, об хўрад.
Ин гов кушад,
Ин пўст канад,
Ин пазаду соз кунад,
Ин хўраду ноз кунад.
Ин майдаяк куҷо буд, ки шўрбо нарасид?!
Чулулу,
Барги каду!
Ин навъ бозиҳоро бачаҳо зуд ба хотир мегиранд ва мекўшанд, ки бе иштироки калонсолон мустақилона иҷро кунанд.
Бозиҳои бачагони панҷ – ҳафтсола нисбатан мураккабанд ва одатан сужетдоранд ва хусусияти дастаҷамъӣ ба худ мегиранд. Чунончи, ҳамаи иштирокчиёни «Духтурбозӣ» аввал нақшҳои худро аниқ мекунанд, яъне яке духтур, дигаре бемор, сеюмӣ ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ ва чаҳорум модари бемор мешавад.
Дар бозиҳои «Сўзани тилло», «Лелак лелаки боқӣ», «Тапар – тапар» ва монанди инҳо низ пеш аз шуруъшвии онҳо сармирҳо, яъне сардорони бозӣ, вазифаи ҳар як бозигарро муайян мекунанд.
Бачаҳои ин синну сол шарту қоидаи ин бозиро хуб меомўзанд. Агар ягон бача қоидаи бозиро вайрон кунад, ё надонад, ўро аз бозӣ меронанд.
Дар бозӣ нақши худро хуб иҷро кардан бачаро шодмон мекунад, ки аз иҷрои амале баромада метавонад ва аз ин қонеъ ва хушнуд мегардад.
Бача маҳз бо тавассути бозӣ бисёр ҷиҳатҳои зиндагиро дарк мекунад.
Бозӣ шуури ўро инкишоф медиҳад ва малакаи мустақилона фикр карданро ҳосил мекунонад. Бозии хуб ба инкишофи ҳисси рафоқат, дўстӣ, ҳушёрӣ, зиндадилии бача ёрӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё